logo

ҳуқуқ

ҶИНОЯТ ва ҶАЗО

Қонуншиканиҳои иқтисодӣ
ҚОЧОҚ ё интиқоли бор бе барасмиятдарории гумрукӣ

Шаҳрвандон Н.Н. ва Ш.У. дар асоси ваколатнома ҳамчун намояндаи ҶДММ "Ирфон – Рустам» амал намуда, мувофиқи маслиҳати пешакӣ бо дигарон барои ба даст овардани фоидаи муфт ба воситаи мошинҳои тамғаҳои «Шакман» бо ядак (притсеп) ва «Дулан» (бо ядак) аз Ҷумҳурии Мардумии Чин матоъ, ҷоруб, рӯйпӯши рахти хоб, масолеҳи сохтмон, тухмипошаки ҷуворимакка – дар маҷмӯъ 8 номгӯй молро бидуни барасмиятдарории гумрукӣ вориди қаламрави Тоҷикистон намуданд. Онҳо ҳини гузаштан аз дидбонгоҳи гумрукии «Қулма» эъломияҳоро бо роҳи фиребгарӣ пур намуда, фақат як намуди бор – кафелро нишон доданд ва бори дигарро ба тариқи қочоқ ворид карданд. Мувофиқи маълумотномаи раёсати батанзимдарории тарофавию гумрукӣ ва назорати арзии Хадамоти гумрук, арзиши аслии моли бо роҳи қочоқ воридгардида 880 ҳазору 585 сомониро ташкил медиҳад. Яъне Н.Н.,  Ш.У. ва ҳамроҳони онҳо ба буҷети давлат ба миқдори калон зарар расондаанд.

* * *
Ҳамчунин, тибқи иттилои маркази матбуоти Хадамоти гумрук, аз ҷониби кормандони раёсати мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии хадамот зимни гузарондани амалиёти оперативӣ – ҷустуҷӯӣ сокини шаҳри Душанбе, намояндаи ширкати «Юнайтед терминал» шаҳрванд Н.Ф. боздошт шуд. Ӯ бо маслиҳати пешакӣ ба воситаи нақлиёти рақами қайди давлатиаш 58  20 ВВ 01 ва ядаки он (02 85 АА 01) аз Ҷумҳурии Мардумии Чин 29 номгӯй молро бидуни барасмиятдарории гумрукӣ, яъне бо роҳи қочоқ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид кардааст. Арзиши моли тариқи қочоқ вориднамудаи шаҳрванд Н.Ф. ва шарикони ӯ 767039 сомониро ташкил медиҳад.
Оид ба ин ду ҳолат бо моддаи 289, қисми 2 – и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҷиноятӣ тартиб дода, ба прокуратураи шаҳри Душанбе супурда шуд.
С. АЗИЗӢ, «Ҷумҳурият» 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.05.2017    №: 90    Мутолиа карданд: 958
19.10.2021


Чин ба Тоҷикистон 800 миллион юан кумаки бебозгашт пешниҳод кард

БОКС

Ба машқҳои СААД дар Тоҷикистон 4 ҳазор нафар ҷалб шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Рӯйдодҳои илмӣ

18.10.2021


КӮЛОБ. ТУҲФАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МУАССИСАҲОИ ТАНДУРУСТӢ

Ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ

РАШТ. 80 ХОҶАГИИ ДЕҲОТИ ҚАЛЪАНАК БО ОБИ НӮШОКӢ ТАЪМИН ГАШТ

ДАНҒАРА. АВЛАВИЯТ БА ТАЪМИНИ АҲОЛӢ БО ҶОЙИ КОР

ИДОРАКУНИИ ЗАХИРАҲОИ ОБ. Ҳамоиши муҳими илмию амалӣ

11.10.2021


«ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ»

ДАНҒАРА. ИСТЕҲСОЛИ 68 610 ТОННА ҒАЛЛА

«ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ»

06.10.2021


Рӯйдодҳои илмӣ

ФАЙЗОБОД. ИФТИТОҲИ ЧАНД ИНШООТ БО ИШТИРОКИ САРВАЗИР

СЕ ДАҲСОЛАИ ШАРИКИИ КИТОБХОНАҲОИ ИДМ

01.10.2021


3 СОМОНАИ НАВ ҚАДАМИ ҶИДДӢ БА СӮЙИ ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ

ИСТАРАВШАН. СОКИНОНИ ДЕҲАИ СӮФӢ – ОРИФ БО ОБ ТАЪМИН ШУДАНД

МАСТЧОҲ. ИФТИТОҲИ 3 КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛӢ

29.09.2021


Ҳамкории Тоҷикистон бо СММ баррасӣ шуд

28.09.2021


Тағйирот ба қонун «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ»

Путин чаҳор душмани асосии Россияро ном бурд

Навидҳои фарҳанг

27.09.2021


Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Қосим-Жомарт Токаев

СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ВА РУШДИ ВАО

Лавров дар бораи ҳамоҳанг набудани ризоияти абарқудратҳо оид ба принсипҳои тартиботи ҷаҳонӣ сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр

23.09.2021


Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Мавритания барқарор шуданд

ЛИГАИ ОЛӢ

Машқҳои «Миссияи сулҳи СҲШ - 2021» дар вилояти Оренбург

Ҷаҳон дар як сатр

21.09.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - “Тоҷикон” ба Хуҷанд расид

Навидҳои фарҳанг

17.09.2021


Токаев аз кишварҳои СААД хост, ки дар таҳкими марзи Тоҷикистон ёрӣ расонанд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед