logo

ҳуқуқ

ГУМРОҲӢ. ҚАСДИ САФАР БА СУРИЯ ПАСИ ПАНҶАРА БУРД

Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе таҳти раисии судя Ҷ. Ширинзода шаҳрванд Олим Устоевро бо моддаи 32 қисми 1-4011 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, ӯро бо дастрасии моддаи 15 қисми 1 ҳамин кодекс ба муҳлати панҷ сол бо адо намудани ҷазо дар колонияи ислоҳии дорои низомаш сахт аз озодӣ маҳрум кард. 
Дар мурофиаи судӣ гуфта шуд, ки ӯро ҳангоми дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия, аз соли 2013, қарор доштанаш, аъзои фаъоли гурӯҳи террористӣ бо тахаллусҳои Фурқон Фаластин, Абу Довуд, Абу Усома, Абубакри Муваҳид, Алишери Хуросон ва дигарон ба доми худ дароварда, бовар кунондаанд, ки бо пайвастан ба сафи «Давлати исломӣ» дар муддати муайян соҳиби молу сарват мешавад. Муҳаммад Устоев ба ваъдаҳои дурӯғини ин мубаллиғон бовар карда, омодагии худро барои ба Сурия рафта, дар сафи ин ташкилоти экстремистӣ - террористӣ ҷангиданро таъкид намудааст.
  Дар ҷараёни мурофиаи судӣ маълум гашт, ки Муҳаммад Устоев ҳамсараш З. Ҳодизода, бародараш Н. Устозода, ҳамдеҳаҳояш Ориф ва Ниёзро моҳи июни соли 2016 барои иштирок дар амалиётҳои ҷангӣ ва пайвастан ба сафи гурӯҳи «Давлати исломӣ» даъват намуда, мақсади бо худ ба Сурия бурдан доштааст. Вале ба ин нияташ нарасид. 8-уми июли соли 2016 ӯро кормандони мақомоти  ҳифзи ҳуқуқи Федератсияи Русия дар манзили муваққатии зисташ дастгир ва 23 июл ба Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол доданд.
Дар мурофиаи судӣ Муҳаммад Устоев худро дар содир намудани ҷинояти пешбининамудаи моддаи 32 қисми 1- 4011 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра  айбдор дониста, иброз дошт, ки аз кори кардааш сидқан пушаймон буда, бинобар надоштани саводи комили динӣ, паст будани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва зудбовариаш даст ба ҷиноят задааст. Номбурда аз суд хоҳиш намуд, ки нисбат ба ӯ ҷазои сабук таъйин карда шавад. Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо назардошти ҳолатҳои содиршавии ҷиноят, дараҷаи хавфнокии он, шахсияти судшаванда Олим Устоевро бо моддаи 32 қисми 1-4011 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, ӯро ба муҳлати панҷ сол аз озодӣ маҳрум сохт.   
Хотирнишон месозем, 18 марти соли 2015 ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иртибот ба ҷалб ва иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо эзоҳе илова шуда буд, ки зикри онро ба мақсад мувофиқ медонем: «Шахсе, ки ихтиёрӣ аз иштироки ғайриқонунӣ дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо то қатъ гардидани фаъолияти воҳиди мусаллаҳ, анҷом ёфтани задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ даст мекашад, агар дар кирдори ӯ аломатҳои таркиби ҷинояти дигар мавҷуд набошанд, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад».  Бо назардошти муҳимияти мавзӯъ, ин ва дигар паҳлуҳои масъалаи мавриди назар бояд зимни мулоқоту вохӯриҳо  ва роҳандозии барномаҳои фарҳангию фароғатӣ ба мардум фаҳмонда шаванд, то пеши роҳи гароиши наврасону ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистию террористӣ гирифта шавад.
Додоҷон РӮЗИЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.05.2017    №: 97-98    Мутолиа карданд: 889
19.10.2021


Чин ба Тоҷикистон 800 миллион юан кумаки бебозгашт пешниҳод кард

БОКС

Ба машқҳои СААД дар Тоҷикистон 4 ҳазор нафар ҷалб шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Рӯйдодҳои илмӣ

18.10.2021


КӮЛОБ. ТУҲФАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МУАССИСАҲОИ ТАНДУРУСТӢ

Ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ

РАШТ. 80 ХОҶАГИИ ДЕҲОТИ ҚАЛЪАНАК БО ОБИ НӮШОКӢ ТАЪМИН ГАШТ

ДАНҒАРА. АВЛАВИЯТ БА ТАЪМИНИ АҲОЛӢ БО ҶОЙИ КОР

ИДОРАКУНИИ ЗАХИРАҲОИ ОБ. Ҳамоиши муҳими илмию амалӣ

11.10.2021


«ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ»

ДАНҒАРА. ИСТЕҲСОЛИ 68 610 ТОННА ҒАЛЛА

«ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ»

06.10.2021


Рӯйдодҳои илмӣ

ФАЙЗОБОД. ИФТИТОҲИ ЧАНД ИНШООТ БО ИШТИРОКИ САРВАЗИР

СЕ ДАҲСОЛАИ ШАРИКИИ КИТОБХОНАҲОИ ИДМ

01.10.2021


3 СОМОНАИ НАВ ҚАДАМИ ҶИДДӢ БА СӮЙИ ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ

ИСТАРАВШАН. СОКИНОНИ ДЕҲАИ СӮФӢ – ОРИФ БО ОБ ТАЪМИН ШУДАНД

МАСТЧОҲ. ИФТИТОҲИ 3 КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛӢ

29.09.2021


Ҳамкории Тоҷикистон бо СММ баррасӣ шуд

28.09.2021


Тағйирот ба қонун «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ»

Путин чаҳор душмани асосии Россияро ном бурд

Навидҳои фарҳанг

27.09.2021


Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Қосим-Жомарт Токаев

СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ВА РУШДИ ВАО

Лавров дар бораи ҳамоҳанг набудани ризоияти абарқудратҳо оид ба принсипҳои тартиботи ҷаҳонӣ сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр

23.09.2021


Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Мавритания барқарор шуданд

ЛИГАИ ОЛӢ

Машқҳои «Миссияи сулҳи СҲШ - 2021» дар вилояти Оренбург

Ҷаҳон дар як сатр

21.09.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - “Тоҷикон” ба Хуҷанд расид

Навидҳои фарҳанг

17.09.2021


Токаев аз кишварҳои СААД хост, ки дар таҳкими марзи Тоҷикистон ёрӣ расонанд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед