logo

ҳуқуқ

ТАНЗИМ. ИСТИҚБОЛИ МАРДУМ АЗ ҚОНУН ВА НАТИҶАҲОИ СУДОВАРИ ОН

(Дар ҳошияи 10 - солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»)
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардида, аз мавриди амал қарор гирифтани он даҳ сол сипарӣ мегардад, аз ҷумлаи иқдом ва амалҳои муҳими сиёсию ҳуқуқӣ ва иҷтимоию фарҳангиест, ки ба шуури ҷомеаи мо таъсири мусбати худро расонд. Зеро давлат ва ҷомеа кӯшиш ба амал оварданд, ки ба мероси ғайримоддии фарҳангӣ, ки он аз тарзи (оин) зиндагӣ, анъана, урфу одатҳои мавҷуда, маросиму ҷашнҳо ва ашёву воситаҳои иҷрои онҳо иборат буда, қисмати муҳими фарҳанги миллӣ ва динии мо маҳсуб меёбанд, ислоҳ ворид намоянд. Муносибати некбинона ба қонун ва хуш пазируфта шудани он аз якчанд ҳолат  вобастагии амиқ дорад:
Якум, анъана ва ҷашну маросимҳо дар ҳар кишвар муносибати созанда ва эҷодкоронаро тақозо доранд. Аз ин рӯ, Сарвари давлат ба расму оинҳои миллӣ ва динии халқамон арҷ  гузошта, маҳз аз ҳамин нуқтаи назар ба ислоҳ ва танзими онҳо муносибат намуданд. Чунонки зикр карданд: «Миллати куҳанбунёди мо вобаста ба шароити таърихӣ ва вазъи иҷтимоиву иқтисодии худ аз замонҳои хеле қадим расму оин ва анъанаҳои неку писандидаро эҷод карда, тӯли ҳазорсолаҳо онҳоро такмилу инкишоф додааст ва онҳо имрӯз ба як ҷузъи ҷудонопазири фарҳанги миллии мо табдил ёфтаанд. Расму оинҳои мардуми мо асосан  дар доираи ду тамаддуни таърихӣ-ориёӣ ва исломӣ ташаккул ва такомул ёфтаанд».
Дуюм, Сарвари давлат бори дигар таваҷҷуҳи ҷомеаи Тоҷикистонро ба расму оинҳои мардумӣ, ки дар доираи ду тамаддуни бузурги таърихӣ: ориёӣ ва исломӣ ташаккул ва такомул ёфтаанд ва ҳардуи ин тамаддунҳо бо мавқеъ ва нақши худ дар ташаккули халқ ва миллати тоҷик, худшиносӣ ва худогоҳии он, расидан ба Истиқлолияти давлатӣ ва бунёди давлати миллӣ калидӣ мебошанд, ҷалб намуданд. Ҳамзамон, ҳамчун фарҳанги миллӣ шинохта шудани оину маросимҳоро таъкид дошта, бо мурури замон ба тағйироти шакливу  маъноӣ дучор шудани онҳо, моҳияти иҷтимоию фарҳангии худро аз даст додан, ба зоҳирпарастӣ, хурофоту таассуб мубаддал гаштани онҳоро бо далелҳои илмию амалӣ нишон доданд. Онҳоро аз хурофоту таассуб раҳоӣ бахшидан, муҳимтарини онҳоро ба хотири тарбияи наслҳои ҷавон ҳифз карданро аз вазифаҳои асосии  давлат арзёбӣ карданд.
Сеюм, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расму оинҳои мардумиро бо мазмуну мундариҷаи нав ба ҷомеа пешниҳод намуда, онҳоро омили муайянкунанда ва инкишофдиҳандаи сатҳи маърифати инсонӣ, шуури милливу мазҳабӣ, ваҳдату ягонагӣ, солимии ахлоқиву ҷисмонии мардум, баланд бардоштани сифат ва сатҳи зиндагӣ, паст кардани  сатҳи камбизоатӣ, расидан ба қадри меҳнат ва ба тарбияи фарзандон равона намудани маҳсули заҳмати худ арзёбӣ намуданд.
Чорум, Президенти мамлакат таърихи ғанию ибратомӯз ва намунаи олии тамаддуни халқи тоҷик  ва фарзандони барӯманди ин миллатро  дар рушду такомули  арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ  таъкид намуда, пешоҳанги тамаддуни исломӣ будани як қатор шахсиятҳои фарҳангию динӣ, ба монанди пешвои мазҳаби ҳанафӣ  Имоми Аъзам, Имом Бухорӣ, Имом Тирмизӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Шайх Баҳоуддини Нақшбанд, Ҳоҷа Аҳрори Валӣ, Мавлоно Яъқуби Чархиро ифтихори халқу миллати мо арзёбӣ намуданд. Нақш ва мавқеи онҳоро дар рушду такомули фарҳангӣ инсонӣ ва динӣ, ки дар дини ислом мавқеи устувор доранд, намунаи олии худшиносию худогоҳӣ нишон доданд.
Ҳаёт ва гузашти солҳо дурустии роҳи пешгирифтаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ақлу заковат ва муносибати неки мардуми Тоҷикистонро ҷиҳати  ба риштаи танзим кашидани анъана ва ҷашну маросимҳо собит кард. Муҳим он аст, ки қабули қонуни мазкур ба дастовардҳои фарҳанги миллӣ ва тамаддуни ҷаҳонӣ тавъам ва ба онҳо асос ёфта, на ба инкор ва камарзиш намудани онҳо, балки бо назардошти адолати иҷтимоӣ  ба рушду такомули арзишҳои моддию маънавӣ ва мероси иҷтимоию фарҳангии ҷомеа заминаи воқеӣ гузошта тавонист.
Карим КАРИМЗОДА,
муовини раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.05.2017    №: 101    Мутолиа карданд: 1081
19.10.2021


Чин ба Тоҷикистон 800 миллион юан кумаки бебозгашт пешниҳод кард

БОКС

Ба машқҳои СААД дар Тоҷикистон 4 ҳазор нафар ҷалб шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Рӯйдодҳои илмӣ

18.10.2021


КӮЛОБ. ТУҲФАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МУАССИСАҲОИ ТАНДУРУСТӢ

Ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ

РАШТ. 80 ХОҶАГИИ ДЕҲОТИ ҚАЛЪАНАК БО ОБИ НӮШОКӢ ТАЪМИН ГАШТ

ДАНҒАРА. АВЛАВИЯТ БА ТАЪМИНИ АҲОЛӢ БО ҶОЙИ КОР

ИДОРАКУНИИ ЗАХИРАҲОИ ОБ. Ҳамоиши муҳими илмию амалӣ

11.10.2021


«ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ»

ДАНҒАРА. ИСТЕҲСОЛИ 68 610 ТОННА ҒАЛЛА

«ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ»

06.10.2021


Рӯйдодҳои илмӣ

ФАЙЗОБОД. ИФТИТОҲИ ЧАНД ИНШООТ БО ИШТИРОКИ САРВАЗИР

СЕ ДАҲСОЛАИ ШАРИКИИ КИТОБХОНАҲОИ ИДМ

01.10.2021


3 СОМОНАИ НАВ ҚАДАМИ ҶИДДӢ БА СӮЙИ ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ

ИСТАРАВШАН. СОКИНОНИ ДЕҲАИ СӮФӢ – ОРИФ БО ОБ ТАЪМИН ШУДАНД

МАСТЧОҲ. ИФТИТОҲИ 3 КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛӢ

29.09.2021


Ҳамкории Тоҷикистон бо СММ баррасӣ шуд

28.09.2021


Тағйирот ба қонун «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ»

Путин чаҳор душмани асосии Россияро ном бурд

Навидҳои фарҳанг

27.09.2021


Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Қосим-Жомарт Токаев

СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ВА РУШДИ ВАО

Лавров дар бораи ҳамоҳанг набудани ризоияти абарқудратҳо оид ба принсипҳои тартиботи ҷаҳонӣ сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр

23.09.2021


Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Мавритания барқарор шуданд

ЛИГАИ ОЛӢ

Машқҳои «Миссияи сулҳи СҲШ - 2021» дар вилояти Оренбург

Ҷаҳон дар як сатр

21.09.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - “Тоҷикон” ба Хуҷанд расид

Навидҳои фарҳанг

17.09.2021


Токаев аз кишварҳои СААД хост, ки дар таҳкими марзи Тоҷикистон ёрӣ расонанд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед