logo

ҳуқуқ

САНАДҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВА НАҚШИ ОНҲО ДАР ТАКМИЛИ ҚОНУНГУЗОРӢ

Дар Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 20 - солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар мавзӯи «Санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ ва нақши онҳо дар татбиқи сиёсати сулҳҷӯёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» мизи мудаввар баргузор гардид. 

Маҳмад Раҳимзода, директори марказ, иброз дошт, ки кишвари мо то имрӯз санадҳои зиёди байналмилалиро эътироф кардааст, ки онҳо барои такмили қонунгузорӣ мусоидат кардаанд. Аз ин ҷост, ки моддаи 10 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои байналмилалии эътирофнамударо ҳамчун қисми таркибии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф мекунад. Мавсуф  таъкид намуд, ки санадҳои байналмилалӣ дар татбиқи сиёсати сулҳҷӯёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши муассир доранд.  
Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Бахтовар Сафарзода  гуфт, ки санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ дар рушди низоми ҳуқуқии кишварамон мусоидат мекунанд.  Дар байни теъдоди зиёди шартномаҳои байналмилалие, ки ба сиёсати сулҳҷӯёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайвастагӣ доранд, шартномаҳои байналмилалӣ оид ба дӯстӣ ва ҳамкорӣ мақоми хос доранд. Зеро баъди соҳибистиқлол шудан Ҷумҳурии Тоҷикистон тарафдори принсипҳо ва меъёрҳои аз тарафи умум эътирофшудаи ҳуқуқи байналмилалӣ, ҷонибдори бо роҳи сиёсӣ ҳал кардани ихтилофот, эҳтироми ҳуқуқ, озодӣ ва соҳибихтиёрии ҳамаи халқҳо ва мамлакатҳо гардида, саъйи худро барои дӯстӣ, бародарӣ ва пешрафти минбаъда дар ҷаҳон эълом дошт. Ин нукта дар Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 24 августи соли 1990, зикр шудааст.
Бо такя ба арзишҳои миллӣ, афкори башардӯстонаи мардуми тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  ҳанӯз 29  сентябри  соли 1993 бори нахуст аз  минбари баланди Созмони Милали  Муттаҳид  сухан ронда, ҷомеаи ҷаҳониро бо нияту нақшаҳои бунёдкорона,  ҳадафҳои  сиёсии сулҳҷӯёна, расидан ба ваҳдати  миллӣ, инчунин,  таҳкиму  тақвияти  ҳамкориҳо  бо  ҳама кишварҳои  дӯсту  сулҳпарвари  ҷаҳон  ошно  намуданд.  Нуктаи мазкур баъдтар, бевосита дар сархати якуми моддаи 11 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сиёсати сулҳҷӯёна муайян гардида, шакли меъёрро гирифт. Мутобиқи меъёри мазкур Тоҷикистон сиёсати сулҳҷӯёнаро дар амал татбиқ намуда, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳонро эҳтиром менамояд ва муносибатҳои хориҷиро дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ муайян мекунад.
Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.05.2017    №: 103    Мутолиа карданд: 988
19.10.2021


Чин ба Тоҷикистон 800 миллион юан кумаки бебозгашт пешниҳод кард

БОКС

Ба машқҳои СААД дар Тоҷикистон 4 ҳазор нафар ҷалб шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Рӯйдодҳои илмӣ

18.10.2021


КӮЛОБ. ТУҲФАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МУАССИСАҲОИ ТАНДУРУСТӢ

Ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ

РАШТ. 80 ХОҶАГИИ ДЕҲОТИ ҚАЛЪАНАК БО ОБИ НӮШОКӢ ТАЪМИН ГАШТ

ДАНҒАРА. АВЛАВИЯТ БА ТАЪМИНИ АҲОЛӢ БО ҶОЙИ КОР

ИДОРАКУНИИ ЗАХИРАҲОИ ОБ. Ҳамоиши муҳими илмию амалӣ

11.10.2021


«ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ»

ДАНҒАРА. ИСТЕҲСОЛИ 68 610 ТОННА ҒАЛЛА

«ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ»

06.10.2021


Рӯйдодҳои илмӣ

ФАЙЗОБОД. ИФТИТОҲИ ЧАНД ИНШООТ БО ИШТИРОКИ САРВАЗИР

СЕ ДАҲСОЛАИ ШАРИКИИ КИТОБХОНАҲОИ ИДМ

01.10.2021


3 СОМОНАИ НАВ ҚАДАМИ ҶИДДӢ БА СӮЙИ ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ

ИСТАРАВШАН. СОКИНОНИ ДЕҲАИ СӮФӢ – ОРИФ БО ОБ ТАЪМИН ШУДАНД

МАСТЧОҲ. ИФТИТОҲИ 3 КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛӢ

29.09.2021


Ҳамкории Тоҷикистон бо СММ баррасӣ шуд

28.09.2021


Тағйирот ба қонун «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ»

Путин чаҳор душмани асосии Россияро ном бурд

Навидҳои фарҳанг

27.09.2021


Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Қосим-Жомарт Токаев

СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ВА РУШДИ ВАО

Лавров дар бораи ҳамоҳанг набудани ризоияти абарқудратҳо оид ба принсипҳои тартиботи ҷаҳонӣ сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр

23.09.2021


Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Мавритания барқарор шуданд

ЛИГАИ ОЛӢ

Машқҳои «Миссияи сулҳи СҲШ - 2021» дар вилояти Оренбург

Ҷаҳон дар як сатр

21.09.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - “Тоҷикон” ба Хуҷанд расид

Навидҳои фарҳанг

17.09.2021


Токаев аз кишварҳои СААД хост, ки дар таҳкими марзи Тоҷикистон ёрӣ расонанд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед