logo

ҳуқуқ

ҚОНУНИ МИЛЛӢ ДИРӮЗ ВА ИМРӮЗ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷумлаи санадҳое мебошад, ки зодаи даврони Истиқлолияти давлатӣ буда, дар таърихи қонунэҷодкунии кишвар сафҳаи тозаеро боз намуд.

Таҳлилҳои анҷомдодаи ниҳодҳои масъул гувоҳӣ медиҳанд, ки сол ба сол меъёрҳои қонуни мазкур ба зиндагии шаҳрвандон роҳ ёфта, тадриҷан ба баланд гардидани сатҳи зиндагии онҳо мусоидат намуда истодааст. Чунончи, маъракаҳои хурсандӣ (тӯйҳои домодию арӯсӣ, хатнасур) бо иштироки шумораи муайяни меҳмонон, маъракаҳои домодталабон, арӯсбинон, гаҳворабандон, чиллагурезон ва мӯйсаргирони тифл танҳо дар доираи оила баргузор карда мешаванд. Дар маросимҳои азодорӣ бошад, маъракаҳои чил ва сол бо шумораи муайяни даъватшавандаҳо бо додани як намуд таом, маъракаи се бошад, бе додани таом пешбинӣ шуда, маъракаи ҳафт манъ гардид. Яъне, ҳар як шаҳрванд ба таври ихтиёрӣ бе истиҳола ва бо назардошти имконияти молиявию иқтисодии худ метавонад маъракаашро барпо намояд. Ҳамзамон, шаҳрванд имкон дорад, маъракаҳои зикршударо бо шумораи маҳдудтар ва ё дар доираи оилаи худ баргузор намояд. Инчунин, шаҳрванд метавонад маърака баргузор накунад, зеро меъёрҳои қонун ихтиёрӣ вогузор шудаанд ва касе наметавонад уҳдадориҳои бештареро ба зиммаи соҳибмаърака бор намояд.
Даврони истиқлолият, махсусан марҳилаи амалисозии қонуни миллӣ, собит намуд, ки он дар ташаккули тафаккури миллати тоҷик дар роҳи ба танзим даровардани расму оинҳои миллӣ таъсири мусбати худро гузошт. Расму оинҳои нолозим тадриҷан аз байн рафта, мардум имкон пайдо кард, ки  бештар ба масъалаҳои беҳтар намудани сиҳативу саломатӣ, шароити муносиби зист барои оила ва тарбияи фарзандон аҳамият диҳад. Аз рӯзҳои аввали амали қонуни мазкур натиҷаҳои назарраси иҷтимоию иқтисодӣ дар самти ҳимояи манфиатҳои шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба даст омад. Мо бояд ин дастовардро нодида нагирем ва ҳамеша таҳкими пояҳои онро таъмин намоем, зеро қонун барои ояндаи пурсаодати мардуми мо заминаи устуворе гузоштааст.
Агар аз дастовардҳои қонун дар зарфи амали он ёдрас шавем, онҳо хеле зиёданд. Масалан, бо маҳдуд ва камхарҷ гузарондани маъракаҳо дар буҷети  шаҳрвандони кишвар зиёда аз 17 миллиард сомонӣ пасандоз гардид. Аз ҳисоби маблағҳои сарфашуда шаҳрвандон имкон пайдо карданд, ки ба тарбияи фарзандон аҳамияти бештаре диҳанд. Инчунин, қонун ба шаҳрвандон имкон дод, ки маъракаҳои худро дар муддати кӯтоҳтар баргузор намуда, аз ин лиҳоз ҳам вақт ва ҳам дороияшонро сарфа намоянд. Маъракаҳои такрории пайи ҳам бештар дар рӯзҳои корӣ аз се рӯз то як ҳафта идома меёфт, ки ба иҷрои корҳои истеҳсоливу идоравӣ хисороти моливу маънавӣ меовард. Сабабҳои ночизи ба маъракаҳо алоқаманд, ба монандӣ «ба тӯй даъват накарданд», «иззатамро ба ҷо наоварданд», «сарулибоси дуруст накарданд» метавонист муносибати хешутаборӣ ва дӯстиро солҳои дароз халалдор намояд, тақрибан аз байн рафтааст. Илова бар ин, зарурати забҳи чорво дар маъракаҳо кам гардида, аксари шаҳрвандон тавонистанд маъракаю маросимҳояшонро бе забҳи чорво ва бо харидани гӯшт аз дукону бозорҳо барпо кунанд. Айни замон ба ҳисоби миёна ба якуним маърака як чорво рост меояд. Амали қонун барои баланд бардоштани маданияти ҳуқуқии шаҳрвандон ва амалигардонии Кодекси оила ва Кодекси андоз мусоидат намуд. Теъдоди ақди никоҳ нисбат ба давраи то қабули он бамаротиб зиёд гардид. Агар то қабули қонун дар ҷумҳурӣ  тақрибан 55 - 57 ҳазор ақди никоҳ баста шуда бошад, пас аз қабули он ҳамасола ин нишондиҳанда тақрибан ба сад ҳазор ва ё зиёда аз он расидааст. Ҳамзамон, аз ҳисоби бастани шартномаҳо аз ҳисоби сарояндагон ва нуқтаҳои хизматрасонии тӯю маъракаҳо афзоиши пардохти андозҳо ба мушоҳида мерасад. Дар  ин давра маблағи андоз аз ин ҳисоб беш аз 25 миллион сомониро ташкил дод. Инчунин, қонун барои анҷом додани амалҳои хайр, ташкили маъракаҳои дастаҷамъонаи хайриявии беш аз 96 ҳазор фарзандони оилаҳои ниёзманд шароит фароҳам оварда, онҳо аз ташвишҳои баргузории маърака дар алоҳидагӣ озод гардиданд.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ироа гардида буд, ки: «Мову шумо ба хотири боз ҳам беҳтар гардондани шароити рӯзгори мардумамон бояд дар ҳамаи самтҳои зиндагӣ сарфаю сариштакор бошем, зиёдаравӣ накунем ва фарзандонамонро дар ҳамин рӯҳия тарбия намоем». Чунин дастуру роҳнамоиҳои Сарвари давлат, ки аз анъанаю фарҳанги бою пурғановати миллати куҳанбунёдамон сарчашма мегиранд, бояд намунаи пайравӣ, марому дастури амали ҳар як фарди соҳибхирад ва ватандӯсти кишвар бошад.
Азизулло МИРЗОЗОДА,
муовини раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24,05,2017    №: 104    Мутолиа карданд: 2910
19.10.2021


Чин ба Тоҷикистон 800 миллион юан кумаки бебозгашт пешниҳод кард

БОКС

Ба машқҳои СААД дар Тоҷикистон 4 ҳазор нафар ҷалб шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Рӯйдодҳои илмӣ

18.10.2021


КӮЛОБ. ТУҲФАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МУАССИСАҲОИ ТАНДУРУСТӢ

Ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ

РАШТ. 80 ХОҶАГИИ ДЕҲОТИ ҚАЛЪАНАК БО ОБИ НӮШОКӢ ТАЪМИН ГАШТ

ДАНҒАРА. АВЛАВИЯТ БА ТАЪМИНИ АҲОЛӢ БО ҶОЙИ КОР

ИДОРАКУНИИ ЗАХИРАҲОИ ОБ. Ҳамоиши муҳими илмию амалӣ

11.10.2021


«ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ»

ДАНҒАРА. ИСТЕҲСОЛИ 68 610 ТОННА ҒАЛЛА

«ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ»

06.10.2021


Рӯйдодҳои илмӣ

ФАЙЗОБОД. ИФТИТОҲИ ЧАНД ИНШООТ БО ИШТИРОКИ САРВАЗИР

СЕ ДАҲСОЛАИ ШАРИКИИ КИТОБХОНАҲОИ ИДМ

01.10.2021


3 СОМОНАИ НАВ ҚАДАМИ ҶИДДӢ БА СӮЙИ ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ

ИСТАРАВШАН. СОКИНОНИ ДЕҲАИ СӮФӢ – ОРИФ БО ОБ ТАЪМИН ШУДАНД

МАСТЧОҲ. ИФТИТОҲИ 3 КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛӢ

29.09.2021


Ҳамкории Тоҷикистон бо СММ баррасӣ шуд

28.09.2021


Тағйирот ба қонун «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ»

Путин чаҳор душмани асосии Россияро ном бурд

Навидҳои фарҳанг

27.09.2021


Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Қосим-Жомарт Токаев

СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ВА РУШДИ ВАО

Лавров дар бораи ҳамоҳанг набудани ризоияти абарқудратҳо оид ба принсипҳои тартиботи ҷаҳонӣ сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр

23.09.2021


Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Мавритания барқарор шуданд

ЛИГАИ ОЛӢ

Машқҳои «Миссияи сулҳи СҲШ - 2021» дар вилояти Оренбург

Ҷаҳон дар як сатр

21.09.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - “Тоҷикон” ба Хуҷанд расид

Навидҳои фарҳанг

17.09.2021


Токаев аз кишварҳои СААД хост, ки дар таҳкими марзи Тоҷикистон ёрӣ расонанд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед