logo

ҳуқуқ

НАШЪАМАНДӢ. ДАР ПЕШГИРИИ ОН ХУДРО МАСЪУЛ ШУМОРЕМ

Мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва пешгирии нашъамандӣ дар ҷомеа бо назардошти паёмадҳои ҳалокатбори он зарурати ҳар чи бештарро тақозо мекунад. Зеро паҳншавии маводи нашъаовар ва суистеъмоли он ҳамчун падидаи номатлуб ҳамеша боиси ташвишу нигаронист.
Ин раванди номатлуб ҳамеша зери назари роҳбарияти олии мамлакат қарор гирифта, сиёсати зиддимухаддиротии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба пешгириву паҳншавии воситаҳои нашъаовар ва муборизаи беамон бар зидди ин вабои аср нигаронда шудааст. Пешвои муаззами миллат 22 декабри соли гузашта зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ бори дигар ба ин масъала таваҷҷуҳ зоҳир намуда, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакатро вазифадор карданд, ки бо мақсади пурзӯр намудани мубориза бар зидди воридшавии маводи мухаддир ба кишвар ҳамкориҳои байниидоравиро тақвият бахшанд. Зеро фаъолияти муштараки вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳакимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо дар пешгирӣ ва муқобила бо нашъамандӣ яке аз самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб меравад.
Бар асоси омори пешниҳодшуда аз ҷониби Муассисаи давлатии «Маркази миллии мониторинг ва пешгирии нашъамандӣ» - и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон айни замон дар мамлакат беш аз 7000 нафар гирифтори бемории нашъамандӣ сабт шудааст, ки аз ин теъдод 5756 нафар маводи сахттаъсири героин истеъмол мекунад.
Маълумот дар бораи сабти гирифторони бемории нашъамандӣ нишон медиҳад, ки теъдоди мубталоёни ин беморӣ дар зарфи даҳ соли охир то ду маротиба коҳиш ёфтааст. Масалан, агар соли 2007 теъдоди истеъмолкунандагони маводи мухаддири сабтшуда 909 нафарро ташкил дода бошад, ин рақам дар соли 2016 то 401 нафар коҳиш ёфта, аксари гирифторон «афюн» ва «бангдона» истифода мекунанд.
«Шарҳи вазъи вобаста ба маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016», ки чанде қабл дар Вазорати корҳои хориҷии мамлакат муаррифӣ шуд, аз муборизаи муваффақонаи сохторҳои марбутаи ҷумҳурӣ оид ба пешгирии интиқол, муомилоти ғайриқонунӣ, бемории нашъамандӣ паём мерасонад. Аз ҷумла, дар доираи мубориза бо ин падидаи номатлуб соли 2016 дар ҷумҳурӣ 1119 нафар барои содир намудани ҷиноятҳои мухаддиротӣ муҷозот гардидаанд, ки баландтарин нишондод дар панҷ соли охир мебошад. Ҳамзамон, дар зарфи як сол фаъолияти 48 гурӯҳи ҷиноятӣ, аз ҷумла чор гурӯҳи муташаккил ошкор ва қатъ гардид.
Ин тадбирҳо моро умедвор месозанд, ки дар заминаи талошҳои пайваста мизони нашъамандӣ, харидуфурӯш, интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир ба суръат коҳиш хоҳад ёфт. Ба ҳар сурат донистани он ки бемории нашъамандӣ инсонро ба ноҷӯриҳои ҷисмониву ақлонӣ бурда, асоси панҳншавии ҳаргуна вирусҳо, аз ҷумла ВНМО, гепатити С, бемориҳои узвҳои таносул ва сил мегардад, яке аз роҳҳои муассири ҷилавгирӣ аз он мебошад. Зеро иттилоотонии мардум оид ба ин беморӣ асоси чораҳои пешгирӣ ба шумор  рафта, маҳз чораҷӯиҳои саривақтӣ метавонад садҳо нафарро аз марги эҳтимолӣ раҳо бахшад.
Марги бармаҳал, орзуҳои амалинагашта, тақдири шикаста, тифли рӯҳану ҷисман маъюб, ҷиноятҳои мудҳиш, ки аксаран баҳри дарёфти маводи нашъаовар сурат мегиранд, аз оқибатҳои нашъамандист, ки ба шахсият ва ҷомеа бетаъсир буда наметавонад. Аз ин рӯ, бояд дар ин самт корҳои таблиғотию ташвиқотӣ боз ҳам пурзӯртар гардида, ҳар фарди солимфикр дар пешгирии нашъамандӣ худро масъул шуморад.
Мироқил МИРСАИДОВ, духтури
наркологии Маркази саломатии ноҳиявии ноҳияи Рӯдакӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.07.2017    №: 145    Мутолиа карданд: 1049
07.05.2021


13 МАЙ – РӮЗИ ИДИ САИДИ ФИТР

ИСТАРАВШАН. ЁРИПУЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ҶБВ

СУҒД. ЗАХМИҲОИ ДАРГИРИҲОИ МУСАЛЛАҲОНА ЁРИПУЛӢ ГИРИФТАНД

Ч О Р К Ӯ Ҳ. ОҚИБАТҲОИ МУНОҚИШАИ МАРЗӢ БАРТАРАФ МЕГАРДАНД

06.05.2021


ИСФАРА. КУМАКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ОИЛАҲОИ ШАХСОНИ ФАВТИДА

ЁРИПУЛИҲО БА СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

ДЕВОНИ ДУШАНБЕ - ТОШКАНД

ТАВОНОИИ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ “ҚАЙРОҚҚУМ” БА 176 МЕГАВАТТ МЕРАСАД

ИСТИҚЛОЛ. КӮДАКИСТОНИ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД

“ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА”

Изҳороти G7 оид ба тағйирёбии иқлим

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

05.05.2021


ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»

Байден бо Путин вомехӯрад?

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТЕКБОЛ. ФЕДЕРАТСИЯИ НАВ ДАР ФАЗОИ ВАРЗИШИИ КИШВАР

«МИЛЛАТЕ МЕЗИСТ ДАР РӮИ ЗАМИН»

ИСФАРА.ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ ДЕҲОТИ ВОРУХ, ЧОРКӮҲ ВА ХОҶАИ АЪЛО

ТОҶИКИСТОН ДАР МИЁНИ СММ ВА СҲШ МАСИРИ НАВИ ҲАМКОРӢ КУШОД

ТИБ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ СОҲА. НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДДТТ БОЛО МЕРАВАД

G7 15 МИЛЛИАРД ДОЛЛАРИ ИМА БАРОИ ТАЪЛИМИ ДУХТАРОН ҶУДО МЕНАМОЯД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

САНГВОР. ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР НИГИНИ КӮҲИСТОНИ ТОҶИК

03.05.2021


ҶАЛАСАИ ҲАЙАТҲОИ ҲУКУМАТӢ ОИД БА ДЕЛИМИТАТСИЯ ВА ДЕМАРКАТСИЯИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ

ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД...

ҲИФЗИ МЕҲНАТ. МУШКИЛЕ, КИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

САД РАНГИ ЧАКАН

ФУТБОЛ

30.04.2021


БАРРАСИИ ДОИРАИ ВАСЕИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ БОНКИ ҶАҲОНӢ

ПАРЛУМОН. ЧАҲОР ВАКИЛИ НАВ САВГАНД ЁД КАРД

ДДХ. ОҒОЗИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ”ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ”

28.04.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ КИШВАРҲОИ УЗВИ СААД БАРГУЗОР ГАРДИД

ИММУНИЗАТСИЯ. ВАКСИНАҲО МОРО БО ҲАМ НАЗДИК МЕКУНАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед