logo

номаҳо

«ШОМИ ШАНБЕ» НА ТАНҲО ФАРОҒАТ АСТ!

Бояд иқрор шавам, ки нахуст ин сарлавҳа, яъне  «Мӯй: метарошанд ё медараванд?» дар саҳифаи «Шоми шанбе» («Ҷумҳурият», 3 июни соли 2017) маро ба тааҷҷуб оварду диққатамро ҷалб намуд. «Воқеан, мӯйро метарошанд ё медараванд?», – пурсидам аз худ. Хайрият, дар посух гуфтан шитоб накардам. Матлабро бо диққат хондам. Ҷолибу хонданӣ будааст. Сари ин масъала ҳеҷ намеандешидам. Бори дигар бовар ҳосил кардам, ки ҳар суҳбату дарси устоди шодравон Соҳиб Табаров чашми касро ба дунёи илму фарҳанг бештар мекушояд. Дар матлаб устод аз омӯзгори украиниашон ёдовар мешавад.
- «Ин омӯзгор, - мегуфт Соҳиб Табаров, - гоҳо моро дар ҳолати риштарошӣ медид ва мепурсид: «Чӣ кор карда истодаед?». Мо посух медодем, ки риш метарошем. Мегуфт: «Тарошидан ба чӯб иртибот дорад. Баъди тарошидан мӯй набояд бирӯяд. Аз ин рӯ, бояд бигӯед, ки ришамонро медаравем».
Дар иртибот ба ин гуфта муаллифи матлаб Абдулқодири Раҳим аз «Тазкират-ул-авлиё»-и Фаридуддини Аттор мисол меорад. Гуфт: «Ҳеҷ касро дидӣ, ки бидравад нокишта?». Гуфт: «Мӯйи сарат, ки бидравидӣ, нокишта аст».
Албатта, чунин мисолҳо аҳён-аҳён дар осори адибони классики мо ба чашм мерасанд. Мутаассифона, ба он камтар аҳамият медиҳем. Аммо пас аз мутолиаи ин матлаб мақсад гузоштам, ки ба масъалаи мазкур таваҷҷуҳ зоҳир бинамояму ҳадди ақал як мисол пайдо бикунам. Ва пайдо намудам, аз «Девон»-и Аттор:
Сар даравдам Фаридро чу гиёҳ,
Пас кунун гирда дар гиёҳ кунам.
Пеш аз ин байт, байте ҷой дода шуда буд, ки бисёр писандам  афтоду барои худ ёддошт кардам:
Ҳамчу лола кулоҳ дар хунам,
Чи ҳадиси сару кулоҳ кунам?
Хулоса, «Шоми шанбе» на танҳо саҳифаи иттилоотию фароғатӣ аст, балки он касро ба ҷустуҷӯ водор месозад. Ба аҳли эҷоди рӯзнома барои таъсиси ин саҳифаи ҷолибу хонданӣ изҳори сипос менамоям.
Қурбоналӣ МАҶИДЗОДА, шаҳри Кӯлоб


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.07.2017    №: 159    Мутолиа карданд: 2046
04.03.2021


ФОРУМИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ЗАНОН

ШАҲРИНАВ. ГУЛГАШТИ НАЗДИ МУҶАССАМАИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА НАВСОЗӢ МЕШАВАД

КАМОНВАРӢ

Муассисаҳои таълимии олии Россия дарҳояшонро барои донишҷӯёни хориҷӣ боз намуданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

03.03.2021


Мулоқоти Зулфия Давлатзода бо Мирвайс Ноб

Дар Доғистон хотираи ҳалокшудагони ҷангро гиромӣ медоранд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. СИТОРАҲОИ ДУРАХШОНИ ВАРЗИШИ ТОҶИК

ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ДӮСТӢ ВА ҲАМКОРИИ СҲШ ДАР ТОҶИКИСТОН

ҚУЛЛАИ «РАҲИМ МАСОВ» ДАР ИШКОШИМ

ҶОМИ КФО – 2021

Путин ҷиҳати муколама бо ИМА ва дигар кишварҳо омода аст

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.03.2021


ВМКБ. ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ФФТ БАРНОМАИ МАХСУСИ ПРЕЗИДЕНТ БАРОИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ДЕҲОТ

«ҚОНУНИ ТИБ» БОЗНАШР ШУД

ТАЪСИСИ КОРХОНАИ ХУРДИ ИЛМӢ - ИСТЕҲСОЛИИ МАВОДИ ДОРУВОР

КОРВОНИ САЛОМАТӢ ДАР ЛАХШ

27.02.2021


Ҷаҳон дар як сатр

Си Ҷинпин изҳор намуд, ки Чин бар бенавоӣ комилан пирӯз гардид

Масъулиятро нисбат ба он мансабдорҳое, ки душаҳрвандӣ доранд, бояд сахттар намуд

ИМА имкони тамдиди ҳузури низомиёнашро дар Афғонистон истисно намекунад

Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба таҳияи «шиносномаи эмкунӣ» - и ягона ба мувофиқа расиданд

ТЕННИС ВА НАҚШИ «ҶУМҲУРИЯТ» ДАР ОММАВИЯТИ ВАРЗИШ

25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед