logo

маориф

ММТ. ЯК НАВГОНӢ

Эссе яке аз шаклҳои маъмули нақли хаттӣ мебошад, ки дар низоми таҳсилоти байналмилалӣ  дер боз ҷорӣ гаштааст. Тибқи нақша Маркази миллии тестӣ тасмим гирифтааст, ки шурӯъ аз соли 2018 дар низоми имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ (ИМД) ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ, дар баробари санҷиши тестӣ, инчунин, навиштани эссеро низ ҷорӣ намояд.
Тавре Хуршед Икромӣ директори Маркази миллии тестӣ, иброз дошт, масъалаи ҷорӣ намудани эссе ё кори хаттӣ аз забони тоҷикӣ (давлатӣ) ҳангоми супурдани имтиҳонҳои дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҳанӯз соли 2011 ба миён омада буд. Дар давоми солҳои 2011 – 2013 барои муайян кардани нутқи хаттии хонандагон ба василаи навиштани диктант ва иншо чанд маротиба озмоиш низ гузаронд. Натиҷаи он дар Вазорати маориф ва илм баррасӣ гашта, қарор шуд, ки дар низоми ИМД кори хаттӣ дар шакли эссе роҳандозӣ гардад. Бо мақсади ёрӣ расондан ба омӯзгорону хонандагон “Дастури методӣ оид ба навиштани кори хаттӣ (эссе)” - ро омода намуданд. Баъдан, соли 2015 варианти такмилдодашудаи дастури мазкурро дар шакли китобча бо номҳои “Тавсияҳо оид ба навиштани кори хаттӣ (эссе)” ва “Тавсияҳо оид ба тафтиши кори хаттӣ (эссе)” нашр намуда, ба муассисаҳои таҳсилотӣ дастрас карданд, ки дар онҳо намунаҳои эссеро ҳам ҷой доданд. Ҳамчунин, моҳи октябри соли равон як озмоиши дигар баргузор шуд, ки дар он зиёда аз 11 ҳазор хонандаи 33 шаҳру ноҳияи мамлакат ширкат варзид. Аз натиҷаи он бармеояд, ки хонандагон дар баёни фикр мушкилӣ мекашанд ва ба истифодаи маводи китобчаҳои иншои тайёр одат кардаанд.
Боиси зикр аст, ки эссе аз ҷиҳати услуби нигориш, сохт, таркиб ва мазмуну муҳтаво аз иншои қаблӣ фарқ дорад. Дар эссее, ки мавриди назар қарор дорад, бояд андешаҳои муаллиф кӯтоҳу пурмуҳтаво баён гашта, бо далелҳо исбот карда шавад. Он метавонад мавзӯъҳои иҷтимоӣ, таърихӣ ва тахассусӣ, аз қабили физика, химияро дар бар гирад. Муаллифи эссе тарафдор ё ихтилофи назари худро ба мавзӯъ бо факту далел баён карда, барои исботи фикр аз асарҳои таърихию бадеӣ, илмӣ, суханҳои шахсиятҳои шинохта ва ё аз ҳаёти худаш мисол меорад. Яъне, ин ҷо қобилияти эҷодӣ ва ҷаҳонбинии ӯ нақши муҳим мебозад.
Дар навбати худ навиштан, тафтиш ва холгузории он меъёру талаботи вижа дорад. Варақаи кори хаттӣ аз сиёҳнавис ва тозанавис иборат аст. Барои осонии кори эссенавис ва кушодани фикри ӯ таҳти ҳар мавзӯъ чанд ҷумла оварда мешавад. Довталаб дар давоми 210 дақиқа дар ҳаҷми 2 варақи ҳаҷмаш А4 эссе навишта, ҳамзамон, аз фанҳои забони тоҷикӣ, математика, таърихи халқи тоҷик ва асосҳои давлат ва ҳуқуқ тест месупорад. Ба мазмуну мундариҷаи эссе аз рӯйи 4 меъёр: мувофиқати мазмун ба мавзӯъ, исботи ақида, мантиқу тартиби баён ва хулосаи бароварда  хол гузошта мешавад. Ҳамчунин, ҳар як кори хаттиро ду тафтишкунанда дар алоҳидагӣ санҷида, ғалатҳоро дар ҳошияи варақ ишора мекунанд. Агар  шумораи ғалатҳои бароварда ва холҳои гузоштаи онҳо мувофиқат накунанд, корро шахси сеюм месанҷад. Пас аз тафтиш варақаи кори хаттӣ нусхабардорӣ шуда, барномаи махсуси компютерӣ холҳои бадастовардаи довталабро ҳисоб мекунад.
Ҷиҳати роҳандозии эссе мушкилиҳо дар самти техникию ташкилии он низ ҷой доранд. Аз он рӯ, ки соли аввали таҷриба аст, масъалаи ҷалби омӯзгорон барои тафтиши кори хаттӣ, ташкили марказҳои тафтиш, дуруст ба роҳ мондани кори тафтишкунандагон, таъмини бехатарии мавод ҳангоми интиқоли он аз ММТ ба марказҳои тафтиш, маблағгузории кори омӯзгорон, тартиби гузарондани апелятсия аз мушкилиҳои асосӣ ба шумор мераванд.
Маврид ба ёдоварист, ки бо вуҷуди гузарондани озмоишу ташкили корҳои фаҳмондадиҳӣ байни хонандагон на ҳамаи онҳо ба навиштани эссе сарфаҳм мераванд.  Аз ин лиҳоз, бо назардошти соли аввали таҷриба будан хуб мешуд ба довталабон имтиёз дода шавад ва ё он танҳо дар гурӯҳи ихтисосҳои сеюм (филология ва санъат) роҳандозӣ гардад.
Меҳрангез ҚОДИРОВА,
Комрон САФАРОВ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.12.2017    №: 259    Мутолиа карданд: 1302
27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ТОКИО – 2020

Сухане чанд дар бораи СҲШ

Ҷаҳон дар як сатр

14.07.2021


Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Покистон

Аз нишастҳои матбуотӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед