logo

маориф

ТАРБИЯ. ЯКҶОЯ САҲМ ГИРЕМ

Тарбияи насли наврас кори сангин ва масъулиятнок аст, ки дар ин ҷода волидон ва омӯзгорон бояд ранҷ ва заҳмат кашанд. Омӯзгор ҳамон вақт дар кори таълиму тарбия ба натиҷаи назаррас ноил мегардад, ки агар муносибати падару модарро бо муассиса хуб ба роҳ монад. Бо онҳо пеш аз ҳама ҳамфикр бошад ва ба мадади эшон такя намояд. Дар ин сурат кори мо омӯзгорон дар  ҷабҳаи таълиму тарбия самараи дилхоҳ хоҳад дод.

Хусусан дар мавриде, ки наврас дар боргоҳи маърифат қадам ниҳода бошад, бори ин масъулият пеш аз ҳама бар дӯши омӯзгор вогузор мешавад. Аммо берун аз ҳудуди муассисаи таълимӣ тарбия ба зиммаи волидон қарор мегирад ва воқеан ҳам вазифаи падару модарон аст, ки тарбияи фарзандони худро то ба камол расидани онҳо таҳти назорат дошта бошанд. Муҳити хонаводагӣ оғозгоҳи тарбияи кӯдак маҳсуб меёбад. Маҳз дар ҳамин муҳит шахс хулқу хӯи писандида ва ё зиштро ба мерос мегирад. Ин ба он маъност, ки насли калонсол намунаи ибратбахш ва хурдсолон ҳамеша  мавриди пайравии онҳо мебошанд.
Албатта, волидонро лозим меояд, ки пеш аз ҳама тинаташонро бо либоси тозаи ахлоқӣ ороста доранд, то авлодашон аз он ба ғояти фараҳмандӣ истиқбол намоянд.
Ҷиҳати ба самараи матлуб соҳиб гардидан дар роҳи тарбияи насли наврас иртиботи мустаҳками мактаб бо оиларо ҳамаҷониба бояд таҳти назорат қарор дод. Аз рӯйи мушоҳидаҳо агар тарафе  дар кори тарбия ба саҳлангорӣ роҳ диҳад, мӯҷиби он мешавад, ки дар вуҷуди наврас нишонаҳои номатлуби ахлоқӣ пайдо гардад.
Пӯшида нест, ки баъзе аз ҳаракатҳои ноҷои фарзандон аз назари волидон пинҳон мемонад ва шояд замоне рӯ мезанад, ки дар ислоҳи он кореро анҷом додан ҳам номумкин аст. Тадбир он аст, ки ҳаматарафа хусусиятҳои фарзандро омӯхта аз пайи ислоҳи амалҳои ноҷойи он ҷидду ҷаҳд намудан лозим аст.
Табиист, ки ҳалли ин масъала бештар аз ҳама ба муассисаҳои таълимӣ ва маориф, омӯзгорон, падару модарон ва баъдан тамоми аҳли ҷомеа дахл дорад. Таваҷҷуҳи назарраси Президент ва Ҳукумати ҷумҳурӣ ба соҳаи маориф зиёд мегардад. Сол ба сол маоши омӯзгорон афзуда, теъдоди зиёди биноҳои наву замонавии таълимӣ сохтаю ба истифода дода мешаванд, ки ин ҳам ғамхории давлату Ҳукумат нисбат ба ин соҳаи ҳаётан муҳим мебошад.
Пас мо омӯзгоронро зарур аст, ки бештар аз ҳарвақта заҳмат кашида, ба масъалаи таълиму тарбия боз ҳам ҷиддитар аҳамият дода, сатҳу сифати донишандӯзии шогирдонро хубтар намоем. Шарт ва зарур аст, ки дар навбати аввал сифати таҳсилотро ба стандартҳои ҷаҳонӣ баробар созем, ҳамкории муассисаҳои миёна ва олии касбиро бо субъектҳои бозори меҳнат густариш бахшем, дараҷаи рушди низоми инноватсияи миллӣ ва нишондиҳандаҳои азхудкунии технологияҳои иттилоотиву коммуникатсиониро беҳтар намоем. Зеро сифати кадрҳои оянда аз ҳамин омилҳо сахт вобастагӣ дорад. Умед аст, ки бо дастгирии Ҳукумати кишвар дар ояндаи наздик соҳаи маориф ба натиҷаҳои боз ҳам беҳтар ноил мегардад.
Заррагул ТЕШАЕВА,
омӯзгори МТМУ № 32, ноҳияи Сино


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.01.2018    №: 11    Мутолиа карданд: 770
27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ТОКИО – 2020

Сухане чанд дар бораи СҲШ

Ҷаҳон дар як сатр

14.07.2021


Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Покистон

Аз нишастҳои матбуотӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед