logo

ҳуқуқ

БЕИНСОФӢ. ҲУКМИ ЗИНДОНИ ҚАЛЛОБОНЕ, КИ АЗ МАЪЮБОН ДАРОМАД МЕГИРИФТАНД

Суди шаҳри Душанбе парвандаи ҷиноятиеро баррасӣ кард, ки бар асоси он Саёҳат Соҳибназарова, Билолиддин Муддинов, сокинони шаҳри Ҳисор ва Маҳмудҷон Носиров, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ гунаҳкор дониста шуда, ба муҳлатҳои гуногун равонаи зиндон шуданд.

Тавре Зафарҷон Саидшозода, судяи суди шаҳри Душанбе, ба рӯзномаи “Ҷумҳурият" иттилоъ дод, Саёҳат Соҳибназарова ҷиҳати бо роҳи фиреб ба даст овардани маблағ бо Маҳмудҷон Носиров маслиҳат намуда, моҳи июни соли 2016 ба шаҳрванд Абдувакил Ҷалилов, сокини шаҳри Ҳисор, худро корманди СММ муаррифӣ менамоянд. Зимнан, мегӯянд, ки созмони мазкур барои оилаҳои маъюб дар шаҳри Душанбе манзили истиқоматии имтиёзнок медиҳад ва барои ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳо маблағи муайян супурдан лозим аст. Абдувакил Ҷалилов ба ваъдаҳои онҳо бовар карда, аз маблағи пасандози оилавиаш 1600 сомонӣ бароварда медиҳад.
Такроран, моҳи июни соли 2016 Саёҳат бо Маҳмудҷон аз шаҳрванд Бибираҷаб Мухторова, сокини шаҳри Ҳисор, низ бо ваъдаи ба маъюбон додани хона ва ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳо маблағи 19000 сомонӣ гирифта ғайб мезананд. Моҳи августи соли 2016 бошад, бо сокинони чанд деҳаи ноҳияи Нуробод мулоқот карда, ба шаҳрвандоне, ки дар оилаҳояшон фарзандони маъюб доранд, худро кормандони ширкати “Хайрия” муаррифӣ менамоянд. Зимни вохӯрӣ иброз медоранд, ки ширкати онҳо барои оилаҳои маъюб ва камбизоат кумаки моддӣ мерасонад. Барои пурра ба боварии шаҳрвандон даромадан ба онҳо як халтагӣ орд ва равған медиҳанд. Сипас, моҳи сентябри соли 2016 бо онҳо дар алоҳидагӣ вохӯрда, бо ваъдаҳои бардурӯғи худ маблағҳои пулиашонро гирифта, аз худ менамоянд.
Дар идомаи амалҳои ҷинояткорона, судшавандаҳо аз сокини шаҳри Ҳисор Собир Нурбобоев 22500 сомонӣ ва аз шаҳрванд Асоев Худойназар 18300 сомонӣ мегиранд.
Судшаванда Билолиддин Муддинов дар мурофиаи судӣ иброз дошт, ки бо Саёҳат Соҳибназарова дар шаҳри Ҳисор дар ҳамсоягӣ зиндагӣ мекард. Дар ҳамон шабу рӯз шароити зиндагияшон хуб набуд ва Саёҳат аз ҳисоби фонди “Хайрия” ба оилаи ӯ орд, равған, маблағ ва баъдтар барои таҳсил дар донишгоҳ 5100 сомонӣ ёрӣ кардааст. Дар ин муддат Билолиддин Муддинов ва шариконаш бо роҳи фиреб аз сокини дигари ноҳияи Нуробод Абдуҷаббор Тоиров маблағи 11380 сомониро бо роҳи қаллобӣ ба даст меоранд.
Тавре тафтишот маълум кардааст, ҷинояткорон бо амалҳои нопоки худ ҳамагӣ 35 нафарро фиреб дода, аз онҳо дар маҷмӯъ зиёда аз 160 ҳазор сомонӣ ба даст оварда, ба манфиати шахсии худ сарф намудаанд.
Суд баъди баррасии парванда ин се ҷинояткорро бо дастрасии моддаи 247, қисми 4, банди “б” - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор донист. Бо ҳукми суд нисбат ба Соҳибназарова Саёҳат ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 11 сол, Носиров Маҳмудҷон 10 сол ва Муддинов Билолиддин ба муҳлати 9 сол бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низоми пурзӯр, таъйин гардид. Ҳамчунин, суд ҳукм кард, ки аз ҷониби маҳкумшудаҳо зарари ба ҷабрдидаҳо расондашуда ба тариқи муштарак рӯёнда шавад.
Лашкар ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.02.2018    №: 37    Мутолиа карданд: 679
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед