logo

маориф

ФАЪОЛИЯТ ҶОННОК МЕГАРДАД

(Ҷавоб ба мақолаи «Хоҷа боғ дорӣ? Дорам! Ё мулоҳизае чанд дар атрофи Паркҳои технологии донишгоҳҳо», «Ҷумҳурият», 19.01.2018, № 15)
Дар мақолаи мазкур рӯзноманигор Қурбон Аҳмадзода таҳлилу мулоҳизаҳои хешро доир ба мақсади таъсис ва то кадом андоза амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Парки технологӣ» (21. 07. 2010, № 629 ) дар сохтори  муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат, бурду бохти фаъолияти 8 - сола дар ин самт ва таклифу пешниҳодҳояшро барои ҷоннок кардани паркҳои технологӣ баён доштааст.

Воқеан, яке аз самтҳои асосии пайдоиши шаклҳои беҳтарини ташкили ҷараёни илмӣ - истеҳсолӣ ва такони мусбати ҷиддӣ бахшидан ба фаъолияти инноватсионӣ ин бунёди паркҳои технологӣ мебошад.
Бояд тазаккур дод, ки фаъолияти паркҳои мазкур дар ҷаласаҳои назди вазир ва мушовараҳои вазорат пайваста пайгирӣ ва баррасӣ  мешаванд. Аз 39 муассисаи таҳсилоти олии касбии мамлакат  дар 13 муассиса  паркҳои технологӣ таъсис дода шудааст, ки онҳо дар асоси талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Парки технологӣ»ҳамчун шахси ҳуқуқӣ фаъолият мебаранд.
Вобаста ба шароиту имконияташон баъзе паркҳои технологӣ фаъолияти назаррас доранд.
Айни ҳол аз 66 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ  9 муассиса - коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, коллеҷи технологии шаҳри Душанбе, коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан, коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ, коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М. Осимӣ, коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ, коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб, коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров ва коллеҷи тиббии ноҳияи Рӯдакӣ (ғайридавлатӣ) пояи моддию техникиашонро ба ташкили паркҳои технологӣ мувофиқ гардонда, дар ин самт корро шурӯъ намудаанд. Аз он ҷумла, дар заминаи парки технологии  коллеҷи тиббии ҷумҳуриявии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  марказҳои таълимию табобатии «Ҷарроҳия», дорухонаи таълимию истеҳсолӣ,  ҷамъоварии гиёҳҳои шифоӣ ва коркарди онҳо, марказҳои таълимию истеҳсолии «Дорусозӣ», таъмири техника ва таҷҳизоти тиббӣ ва «Дандонсозӣ» амал менамоянд.
Ҳамин тавр, таъсиси паркҳои технологӣ дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ вобаста ба шароиту имконияташон марҳила ба марҳила ба роҳ монда мешаванд. Фақат фаъолияти босамари онҳо вақт ва фидокорӣ ба касбро талаб менамояд.
Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.05.2018    №: 103    Мутолиа карданд: 1848
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед