logo

маориф

САНГВОР. БАРРАСИИ ЯК МАСЪАЛАИ МУҲИМ

Дар Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони соҳаи маориф вохӯрии раиси ноҳияи Сангвор Зарифхӯҷа Шоҳиён бо соҳибкорону донишҷӯёни дар шаҳри Душанбе  фаъолиятдоштаи ноҳия баргузор гардид. Дар чорабинӣ раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода, муовини вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Латофат Назирӣ ва муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Нурулло Маҳмадуллозода иштирок ва суханронӣ намуданд.
Масъалаи асосие, ки ҳозирон атрофи он фик- ру мулоҳизаҳои худро баён доштанд, баррасии вохӯрии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеаи кишвар ва масъалаи таълиму тарбияи наврасону ҷавонон буд.
Раиси ноҳия Зарифхӯҷа Шоҳиён аз ибтикори наҷиби Сарвари давлат ҷиҳати ҷалби хонандагони болаёқат ба таҳсил тибқи Квотаи перзидентӣ изҳори хушнудӣ намуда, баён дошт, ки аз соли 1997 инҷониб 400 ҷавондухтару ҷавонписари Сангвор мактабҳои олиро тариқи Квотаи президентӣ хатм намуда, 202 нафари онҳо имрӯз дар соҳаҳои гуногуни ҷамъиятӣ кору фаъолият доранд.
- Квотаҳои президентӣ барои оилаҳои эҳтиёҷманд дари имкониятҳои тозаро боз намуданд. Ҳоло 92 нафар тариқи квота таҳсил намуда истодаанд ва бовар дорем, ки оянда ҳамчун мутахассисони ботаҷриба ба ноҳия баргашта, дар пешбурди ҷомеа нақши худро мегузоранд, - афзуд раиси ноҳия.
Дар баробари ин, изҳори нигаронӣ карда шуд, ки як қисми хатмкардагони мактабҳои олӣ тибқи Квотаи президентӣ дохил шуда, бо сабабҳои номаълум ба ноҳия барнагаштанд. Ин дар ҳолест, ки дар ноҳия нарасидани мутахассисони соҳаҳои маориф ва тандурустӣ бештар эҳсос мешавад.
Латофат Назирӣ аз барнагаштани донишҷӯён ба шаҳру ноҳияҳо изҳори нигаронӣ карда гуфт: «Баъди санҷишҳои соҳавӣ ошкор гардид, ки дар муассисаҳои таълимии ноҳия шахсони бидуни ихтисос ва маълумоти педогогӣ ҳанӯз ҳам бо таълиму тарбия машғуланд».
Раиси ноҳия вобаста ба вохӯрии Пешвои миллат бо намояндагони ҷомеаи кишвар соҳибкорони ноҳияи Сангворро ба корҳои хайру ободонӣ даъват намуда, шахсони саховатпеша ва бунёдкорро, ки пештар дар ободии ноҳия саҳм гирифта буданд, бо ифтихорномаҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ сарфароз гардонд.
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.06.2018    №: 114    Мутолиа карданд: 1281
21.06.2021


«TOUR DE TAJIKISTAN». Мусобиқае, ки дастовардҳои кишварро муаррифӣ мекунад

МИНТАҚАИ РАШТ. 51 МИЛЛИОН ҚАРЗИ ИСТИФОДАИ БАРҚ

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ДАСТГИРИИ КИШОВАРЗОН БАРОИ СОДИРОТИ АНГУР

ТОҶИКОБОД. САМАРИ ЯК ҲАМКОРӢ

КАЙФАР

70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМӮЗИШИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛАТ

НУРОБОД. ВАҚТЕ КИ ЗАМИН МАҚСАДНОК ИСТИФОДА МЕШАВАД...

11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед