logo

фарҳанг

МУСИҚИИ СИМФОНӢ. ТАДБИРҲО САМАР МЕДИҲАНД

Ба ифтихори 15 - солагии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов дар толори калони муассиса консерти оркестри симфонӣ баргузор гардид. Дар барнома мутахассисони соҳаи санъат ва донишҷӯёну рӯзноманигорон ширкат варзиданд.
Бино ба гуфтаи роҳбари бадеии барнома Амирбек Мӯсоев, консерватория  дар понздаҳ соли фаъолияти хеш дар баробари соҳаҳои дигари санъати мусиқӣ, инчунин ба рушди мусиқии ҷаҳонӣ – симфония таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуд. Аз ҳисоби кадрҳои омоданамудаи муассиса Оркестри давлатии симфонии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт ва имрӯз барои инкишофи ин самти мусиқӣ имкониятҳои зиёд фароҳам омаданд.
Дар консерватория шурӯъ аз солҳои хониши 2016 – 2017 дар назди факултети иҷрокунандагӣ  кафедраи созҳои оркестрӣ ташкил карда шуд. Дар кафед-ра ҳоло тамоми созҳои оркестрӣ, ба монанди флей, кабой, пиколкаи хурд, кларнет, бас-кларнет, трубаҳо, транбонҳо, литавр, барабанҳои хурду калон, созҳои зарбӣ муҳайё буда, як гурӯҳ донишҷӯён бо омӯзиши нозукиҳои мусиқии симфонӣ машғуланд.
- Ҳоло барои пурра кардани таркиби навозандагони Оркестри давлатии симфонии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон боз мутахассисон лозиманд ва дар ин ҷода аз устодони консерватория омода кардани кадрҳои болаёқат талаб карда мешавад, - афзуд Амирбек Мӯсоев.
Консерт аз панҷ барномаи бошукӯҳи симфонӣ иборат буд ва дар он асарҳои «Кончетро - гроссо № 2» (муаллиф Амирбек Мӯсоев, яканавоз Дарико Гарибян), «Уветюра» (муаллиф К. В. Глюк), «Симфония № 10» (Муаллиф Ф. Менделсон), «Арлезианка» (муаллиф Ж. Бизе) ва «Консерт № 23» (муаллиф В. А. Мотсарт) бори аввал пешкаши мухлисон гардиданд.
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.06.2018    №: 116    Мутолиа карданд: 597
25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД

22.02.2021


ҶОМИ ФФТ – 2021. "ИСТИҚЛОЛ" МАРОТИБАИ ШАШУМ СОҲИБИ ҶОМИ ФФТ ШУД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МИЗИ МУДАВВАР. БАРРАСИИ МАВЗӮИ КОРКАРДИ НАХИ ПАХТА ТО МАҲСУЛОТИ НИҲОӢ

ХАТЛОН. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНҲОИ ОЯНДАСОЗ

19.02.2021


АЪЗОИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТИИ «ҲИЗБ УТ-ТАҲРИР» БА ДАСТ АФТОДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ДУШАНБЕ. ИҚДОМОТИ БЕСОБИҚАИ ШАҲРДОРӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲАВАСМАНДИИ ҶАВОНОН БА АРТИШ

«САНЪАТШИНОСӢ» ПАДИДАИ НАВ ДАР ҲУНАРШИНОСИИ ТОҶИК

ИММУНИЗАТСИЯ. БЕМОРИИ ФАЛАҶРО ПЕШГИРӢ МЕКУНЕМ!

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

РАШТ. ҲАДАФИ ЧОРУМИ МИЛЛӢ ЗИНДАГИРО РАНГИ ДИГАР МЕБАХШАД

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ҲУНАРҲОИ ОРОИШӢ АЗ САНГ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БЕШ АЗ 108 000 ТОННА МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

ЭКОЛОГИЯ. НАҚШАИ НИҲОЛШИНОНӢ 30 ДАРСАД ЗИЁД ИҶРО ГАШТ

НОРАК. АВЛАВИЯТ БА КИШТИ ТАКРОРӢ

16.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶАҲОН

Навидҳои фарҳанг

15.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед