фарҳанг
АЛМА-АТО. МИҶГОНА ДАР МАҚОМИ АВВАЛ
Мутриб ва оҳангсози шинохта, роҳбари мусиқии ансамбли «Шашмақом» - и Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ, устоди Консерваторияи миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Ҷӯраев хушхабар расонд. Ӯ гуфт, шогирдам Миҷгона Иброҳимова, танбӯрнавоз ва сарояндаи ҷавон дар Озмуни байналмилалии бачагона «Бозторғай», дар шаҳри Алма-Атои Қазоқистон (аз 28 май то 2 июн) ширкат варзида, дар номинатсияи «Иҷроиши сурудҳои халқӣ» сазовори мақоми аввал гашт.
Ин пирӯзии дувуми Миҷгона аст. Як моҳ қабл аз ин, возеҳтараш 19 майи соли 2018, дар озмуни телевизионии «Парвин» (ТВ «Баҳористон») Миҷгона Иброҳимова, дар жанри «вокал» ғолиби озмун ва сазовори диплом ва туҳфаҳо гашт.
Дар миқёси мамлакат Миҷгона нахустин хонандаи сурудҳои классикӣ аст, ки худ танбӯр менавозад. Ӯ бори аввал, ба маърази умум 13 сентябри соли 2016 баромад. Миҷгона дар шаҳри Хуҷанд, дар ҳузури Сарвари давлат ҳунарнамоӣ намуда, ба баҳои баланди Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон сазовор гашт. Он овон Миҷгона хонандаи синфи 11 - ум буд. Ӯ орзуи хеш, муҳассили Консерваторияи миллии Тоҷикистон шуданашро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор дошт. Ҳамин тавр, духтараки танбӯрӣ бо фотеҳаи Сарвари давлат соли гузашта донишҷӯи Консерваторияи миллӣ шуд.
Инак, Миҷгона Иброҳимова курси якуми консерваторияро бо ду дастовард, ғолибият дар ду озмун, ки ин ҳама барои сарояндаи ҷавон музаффарият аст, бомуваффақият поён мебарад.
Умари ШЕРХОН
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 13.06.2018 №: 117 Мутолиа карданд: 610