фарҳанг
ТОҚИИ МИЛЛӢ – РАМЗИ ТОҶИКОН
Тоқиву тоқидӯзӣ дар байни тоҷикон аз қадим роиҷ буда, аҳамияти худро гум накардааст. Дар ҳар манотиқи ҷумҳурӣ тоқиҳои ба худ хосро мепӯшанд, ки онро бонувони чирадаст кашидадӯзӣ мекунанд.
Дар ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб бештар тоқиҳои гирдак тайёр мекунанд, ки бо нақшҳою рангҳои назаррабо оро ёфтаанд. Вақтҳои охир дар гирди тоқӣ бо риштаҳои ранга номвожаҳои «Кӯлоб», «Тоҷикистон», «Тоҷик» - ро кашидадӯзӣ карда, бо пӯпакҳо оро медиҳанд.
Дар Бадахшон тоқиҳои гирдаки сурхрангро меписанданд, ки ин бештар ба занон хос аст. Мардони бадахшонӣ низ тоқиҳои бахмалии сурху сабз мепӯшанд, ки нақшу нигори вижа доранд.
Ҳунармандони шаҳри Исфара тоқиҳои чоргул медӯзанд. Садсолаҳост, ки нақшу нигори тоқиҳояшонро дигар накардаанд. Бинобар ин, ҳар марди исфарагиро зуд аз тоқияш шинохтан мумкин аст.
Тоқиҳои қадимаи Истаравшанро тӯпии ироқии гулдӯзӣ меноманд. То солҳои 60 - уми асри гузашта аксари мардон чунин тоқиҳои зеборо ба сар доштанд.
Дар бачагӣ ҳавас мекардем, ки ҳамин хел тоқӣ дошта бошем. Боре ба ҳавлиамон яке аз тоқидӯзони номӣ – Ҳикоятбону омада, аз падарамон хоҳиш карданд, ки барояшон сандуқе созанд. Падарамро дар шаҳр усто Маҳкамбойи сандуқсоз мегуфтанд. Қиблагоҳ аз Ҳикоятбону хоҳиш карданд, ки ба ивази дастмузди сандуқ ба писаронам тоқӣ дӯзед. Ҳикоятбону розӣ шуданд ва ҳамин тавр мо соҳиби тоқии нави ироқӣ гаштем, ки онро танҳо дар рӯзҳои ид мепӯшидем.
Шакли дигари тоқӣ чоргул буда, дӯхташ осонтару нархаш нисбатан арзон буд. Онро бештар мардони калонсолу миёнсол мепазируфтанд.
Ҳоло ҳам дар Истаравшан бо ин касби пуршараф занони ҳунарманд машғуланд. Яке аз онҳо Саодатхон Раҳимова буда, бо тоқиҳои зебову шинам ва хушдӯхташ борҳо ғолиби озмуни вилоятиву ҷумҳуриявии «Ҳунарманди беҳтарин» гаштааст. Дар қатори 30 бонуи вилоят, ки ба гирифтани гранти раиси вилояти Суғд сазовор гардиданд, Саодат Раҳимова низ 5 000 сомониро ҳамчун ҳунарманди хонакор соҳиб шуд.
Саодатбону аз ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба аҳли ҳунар ва эълон шудани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ хеле шод гашта, ният дорад, ки ба якчанд духтарони шаҳр касби худ-ро омӯзонад ва онро сайқал диҳад. Зеро аз насл ба насл гузоштани ҳунарҳои мардумӣ рисолати занони ҳунарманд ва ватандӯсти миллат аст.
Сайфулло МАҲКАМОВ,
барандаи Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Лоҳутӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 18.06.2018 №: 119 Мутолиа карданд: 463