фарҳанг
ФИРДАВСӢ ВА АЙНӢ
Натавон роз ниҳон дошт зи халқ,
Натавон моҳ барандуд ба гил.
Қатрон
Устод Айнӣ меъмори Тоҷикистон ва зиндакунандаи номи халқи тоҷик буд. Воқеан, ӯ дар асри ХХ ҳамон кореро ба анҷом расонд, ки Фирдавсӣ дар замони худ, яъне асри Х карда буд:
Басо ранҷ бурдам дар ин сол сӣ,
Аҷам зинда кардам бад-ин порсӣ.
Ба ҳарфи дигар, Фирдавсӣ тамоми шукӯҳу шавкат, ифтихору азамати гумшуда ва аз ёд рафтаи аҳли Аҷамро, аз нав зинда кард ва бо «Шоҳнома» кохи баланди суханро бунёд намуд, ки аз ҳеҷ боду борон газанд нахоҳад ёфт.
Ин хидмати бузургу ҷовидонии ӯ буд, ки миллат аз нав зинда шуд, ҷон пайдо кард, эҳё гардид.
Устод Айнӣ ҳамин кори Фирдавсиро дар замони нав, бо «Намунаи адабиёти тоҷик», ба анҷом расонд ва мавҷудияти миллати тоҷикро, исбот намуд ва ба қавли худаш, «ба даҳони онҳо муҳри хомӯшӣ зад». Устод Абулқосим Лоҳутӣ дар пешсухани худ, ки ба китоби «Намунаи адабиёти тоҷик» навиштааст, аз вохӯриаш бо устод Айнӣ, аз заҳмати хастагинопазири вай дар иншои ин шоҳкори миллати тоҷик ба мо чунин хабар додааст: «Моҳи августи соли 1925 дар шаҳри Самарқанд ба зиёрати фозили муҳтарам ноил шудам. Устод дар утоқи худ даруни садҳо китоб ғарқ буд ва нусхае дар даст дошт, ки менавишт. Он ҳамин «Намунаи адабиёти тоҷик» буд. Садамоти дунё, занҷирҳо, зиндонҳо, чӯбҳову шиканҷаҳо устодро пиру мунҳанӣ кардаву чашмонашро беқувват намуда. Бо вуҷуди ин, як сол буд, ба ҷамъу тартиби «Намунаи адабиёти тоҷик» пардохта буд. Он рӯзҳо китоб ба поён расидаву машғули покнависи он буданд… Устод Айнӣ барои ёфтани баъзе аз нусхаҳои хаттии шоирони тоҷик басо рӯзҳо, ки дар ба дару кӯча ба кӯча рафта, то онро ёфтаву ба даст оварда ва дар натиҷа заминаи ҳозире барои танқиду таҳлилоти адабии тоҷикон омода намуд".
Воқеан, устод Айнӣ номи миллати тоҷикро, ки баъди аз байн рафтани давлати миллии Сомониён аз ёд бурда буд, барояш арзонӣ дошт. Чеҳраҳои адабиву илмиву таърихиашро зинда кард, асарҳои тадқиқӣ навишт ва бори аввал тоҷикро «як қавми муаззам» ба қалам дод, ки дорои таърихи бузургу тамаддуни қадима ва адабиёти ғанию оламшумул мебошад. Гузашта аз ин, маҳз ӯ моҳияти Инқилоби Октябрро, ки ба халқаш озодӣ, давлат, парчам, пойтахт ато намуд, ба мардум фаҳмонд ва суруди озодии миллатро ҳамроҳи халқаш суруд ва бо иншои осори нафиси бадеӣ ва очерку мақолаҳои дастурбахшу раҳнамояш дар бедорӣ ва худшиносии миллӣ саҳми бузург гирифт. Ӯ аз аҳволи накҳатбори миллат, аз зердастию ғуломию беҳуқуқии ӯ дар замони бедавлатӣ, бесоҳибӣ, хориву зорӣ кашиданаш қисса намуд, қиссаи пуроби чашм, аламовару дардангез. Ӯ бори аввал саргузашти миллати ғамдидаву ранҷдидаи тоҷикро дар симои Одина, Гулбибӣ, Ятим, Ёдгор, Гулнор ва дигарон ба хонандагон муаррифӣ ва ошно намуд. Ӯ чеҳраи аслии амирони манғитӣ, ҳокимони мардумозорро дар осораш ошкор ва ифшо намуд ва бад-ин тартиб аз қабоҳату разолати эшон ва зулму бадбахтиҳое, ки ба сари тоҷикон овардаанд, бо дарду ҳасрат сухан гуфт. Ӯ бори аввал қобилияти ташкилотчигии халқи тоҷикро сутуд. Бо далоилу бароҳин исбот намуд, ки тоҷикон миллати озодаву сарбаланд ва эҷодкоранд, агарчи муддате давлат ва қудрати сиёсиву низомиро аз даст дода буданд, аммо эшон хомӯш нанишастанд, бо ҳар роҳ мубориза карданд, хусусан аз қалам ба масобаи шамшер кор гирифтанд ва осоре пурарзиш ва ҷаҳонию ҷовидонӣ офариданд.
Яке аз осори мондагору ҷовидонии устод Айнӣ «Намунаи адабиёти тоҷик» мебошад, ки ҳамчун шиносномаи миллат арзи вуҷуд менамояд, зеро он на танҳо аз мавҷудияти халқи тоҷик ва ҳузури ӯ дар таърих хабар медиҳад, балки ба даҳони инкоргарон ва душманони сарсахти илму адабу тамаддуни тоҷик муҳри хомӯшӣ мезанад ва даъвоҳои печу бебунёд ва муғризонаашонро лағв менамояд.
Умри Айнӣ аз барои халқ сарфи хома шуд,
Халқи моро дафтари Айнӣ шаҳодатнома шуд.
ҶАМОЛИДДИН САИДЗОДА,
адабиётшинос
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 29.06.2018 №: 128 Мутолиа карданд: 521