logo

иқтисод

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. АҲАМИЯТИ САБЗАВОТКОРӢ ДАР КИШТИ ТАКРОРӢ

Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ва Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар сари киштзори ин ноҳия бо иштироки Бобишо Холзода - сардори раёсати кишоварзӣ ва муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар, Муҳаммадраҳим Юсуфӣ - раиси ноҳияи Рӯдакӣ, Нуралӣ Асозода - президенти Академияи илмҳои кишоварзӣ, Ҳикматулло Назиров - директори Институти боғпарварию сабзавоткории АИКТ, намояндагони Вазорати кишоварзӣ, бахши кишоварзӣ ва сардорони хоҷагиҳои деҳқонии шаҳру ноҳияҳои Ҳисор, Турсунзода, Шаҳринав, Ваҳдат, Рӯдакӣ, Варзоб ва олимону мутахассисон оид ба масъалаи усулҳои баланд бардоштани ҳосилнокии сабзавот ҳангоми кишти такрорӣ семинари илмию амалии минтақавӣ баргузор гардид.
Дар рафти семинари минтақавӣ мавзӯъҳои «Ҳолати кунунии рушди соҳаи сабзавоткорӣ ва полизӣ дар таъмини сабади истеъмолӣ», «Усулҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои сабзавотӣ дар кишти такрорӣ», «Технологияи парвариши помидор ва бодиринг дар кишти такрорӣ», «Усулҳои мубориза бар зидди касалиҳо ва ҳашароти зараррасони зироатҳои сабзавотӣ», «Истифодаи техника дар парвариши зироатҳои сабзавотӣ» ва «Таҷрибаи пешқадами парвариши сабзавот дар ноҳияи Рӯдакӣ» мавриди гуфтугӯ қарор гирифта, таҷрибаи пешқадами кишоварзони сабзавоткори ноҳия манзури ҳамтоён гардид.
Тавре Муҳаммадраҳим Юсуфӣ зимни суханронӣ иброз дошт, истифдаи оқилонаи замин аз дастуру ҳидоятҳои меҳварии  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Дар натиҷаи заҳмати пурмаҳсули кишоварзон соли 2017 таъминоти мардум бо маводи ғизоӣ беҳтар гардида бошад ҳам, бо назардошти захираву иқтидорҳои кишвар барои бамаротиб афзоиш додани истеҳсолоти соҳа ҳанӯз имкониятҳо хеле зиёданд. Аз ин лиҳоз, татбиқи барномаҳои соҳаи кишоварзӣ ба иҷрои дастурҳои Сарвари давлат ҷиҳати рушди бахши кишоварзӣ, хусусан дар самти истифодаи оқилонаи замин ва рӯёндани на камтар аз 2 ҳосил аз заминҳои обӣ, мусоидат мекунад. Зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва таъмини талаботи аҳолӣ ба маводи ғизоӣ бо истифодаи самараноки заминҳои корам  вобастагии мустақим дорад.
Тавре таъкид шуд, шароити гуногуни обию иқлимии минтақаҳои ҷумҳурӣ кишоварзонро водор месозад, ки интихоби зироатҳоро дуруст ба роҳ монда, дар истеҳсолот технологияи муосири истифодаи самараноки заминҳои корамро бо мақсади рӯёндани 2 - 3 ҳосил ҷорӣ намоянд. Рӯёндани ҳосили баланди зироатҳои кишоварзӣ дар кишти такрорӣ ба муҳлати кишт, интихоби навъҳои тезпази зироат ва риояи агротехникаи парвариш вобаста аст. Дар кишти такрорӣ бояд зироатҳое истифода шаванд, ки ба гармӣ тобовар ва давраи нашъунамояшон кӯтоҳ бошад.
Ширкаткунандагони семинар дар бахши амалӣ бо рафти кишти такрорӣ ва дастоварду комёбиҳои кишоварзони ноҳия шинос шуданд. Кишоварзони Ҷамоати деҳоти Чимтеппаи ноҳия баъди ҷамъоварии ҳосили аввал бештар карам, лаблабӯи сурх, ҷуворимакка ва намудҳои дигари сабзавоти зудрас кишт мекунанд. Воқеан, онҳо аз замини худ самаранок истифода намуда, аз як замин ду - се ҳосил мегиранд. Кишоварзони ноҳия талош доранд, ки бо ин тарзи кор дар таъмини амнияти озуқаворӣ - яке аз ҳадафҳои асосии стратегии кишвар саҳми арзанда гузоранд.
Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.07.2018    №: 129    Мутолиа карданд: 718
27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ТОКИО – 2020

Сухане чанд дар бораи СҲШ

Ҷаҳон дар як сатр

14.07.2021


Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Покистон

Аз нишастҳои матбуотӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед