logo

иқтисод

ОБ. ДАР РАДИФИ МАСОИЛИ КАЛИДИИ ҲАДАФҲОИ РУШДИ ҲАЗОРСОЛА

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҳанӯз аз аввали солҳои 2000 - ум ба ҳайси ташаббускори ҳалли масоили вобаста ба мушкилоти норасоии об дар ҷаҳон эътироф гардидааст. Дар ин самт иқдомҳои пешгирифтаи Сарвари давлат чун роҳи асосии ҳалли муаммоҳои ҷойдошта аз  тарафи аксари давлатҳои ҷаҳон пазируфта ва татбиқ шудаанд.

Ҳоло бартарафсозии мушкилоти вобаста ба об дар бархе гӯшаҳои олам  ҳамчун масъалаи асосии ҳалталаб дар  пешорӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифтааст. Ҳамчунин, ҳифз ва истифодаи захираҳои об дар самти расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор, ки дар меҳвари Ҳадафҳои Рушди  Ҳазорсола ҷой гирифтаанд, аҳамияти аввалиндараҷа касб намуданд.
Дар ин ҷода моҳи  декабри соли 2016 Маҷмаи умумии СММ бо пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон қатънома оид ба қабули Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028» - ро эълон дошт, ки иқдоми навбатии башардӯстона аст.
Мусоидат барои дастрасии беҳтари сокинони сайёра ба оби ошомиданӣ,  беҳдошти муҳити зист,  ҳифзи экосистемаҳои об ва истифодаи  самараноку баланд бардоштани сифати он аз ҳадафҳои  асосии даҳсолаи номбурда қарор гирифтаанд.  Дар ин хусус дар шаҳри Душанбе пайваста конфронсу симпозиумҳои сатҳи  баланд  барпо шуда, ҷанбаҳои омӯхташавандаи  даҳсоларо аз лиҳози экологӣ ва иқтисодӣ инъикос менамоянд.
Ба назари коршиносон, барои Тоҷикистон, ки дар саргаҳи  захираҳои обӣ қарор дорад, даҳсолаи мазкур аҳамияти бештар касб менамояд. Беҳдошти  муҳити зист ва ҳифзи захираҳои обӣ  аз омилҳои асосии рушди устувор буда,  дар доираи даҳсола тақвият хоҳанд ёфт. Ҳамчунин, он барои рушди устувори  аксари мамлакатҳо ва бартарафсозии мушкилоти камобӣ ва ҳифзи экосистемаҳои нодири табиӣ дар  ҷаҳон мусоидат хоҳад кард.
Пешвои миллат дар доираи даҳсолаи номбурда ба масъалаи беҳдошти муҳити зист ва таъмини амнияти экологии ҷумҳурӣ таваҷҷуҳи бештар  зоҳир намуда, зимни Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии кишвар  оид ба пешгирии оқибатҳои харобиовари тағйирёбии иқлим ва татбиқи чорабиниҳои экологӣ дар сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳон чунин таъкид доштанд: 
«Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ яке аз кишварҳои татбиқкунандаи “иқтисодиёти сабз” маҳсуб ёфта, аз лиҳози истифодаи манбаъҳои таҷдидшавандаи энергия дар қатори шаш мамлакати пешсафи сайёра қарор дорад, зеро 98 фоизи барқ тавассути неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешавад. Дар баробари бунёди иншооти нави тавлиди неруи барқи обӣ имрӯз зарурати таҷдиди неругоҳҳои амалкунанда пеш омадааст, ки сармоягузории зиёдро тақозо менамояд».
Дар доираи тадбирҳои татбиқи ҳадафҳои даҳсола ба анҷом расондани корҳои зиёде  барои рушди соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии мамлакатҳо пешбинӣ шудааст. Мувофиқи иттилооти расмӣ аллакай дар чанд давлати дунё вобаста ба татбиқи ин барномаи байналмилалӣ  нақшаи чорабиниҳо омода шуда, мавриди амал қарор гирифта истодааст.
Маҷид САЛИМ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.07.2018    №: 130    Мутолиа карданд: 521
27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ТОКИО – 2020

Сухане чанд дар бораи СҲШ

Ҷаҳон дар як сатр

14.07.2021


Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Покистон

Аз нишастҳои матбуотӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед