logo

иқтисод

ГУЗАРИШ БА ИҚТИСОДИ ИНДУСТРИАЛӢ – АГРАРӢ ЧӢ БОЯД КАРД?

Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ махсус таъкид гардид, ки мо - мардуми Тоҷикистон бояд минбаъд низ доир ба ҳифзи манфиатҳои иқтисодии кишвар, истифодаи самараноку оқилонаи захираҳои табиӣ, дарёфти сарчашмаҳои нави рушди иқтисодӣ, баланд бардоштани қобилияти рақобатпазирии истеҳсолоти ватанӣ ва татбиқи технологияҳои инноватсионӣ кӯшиш намоем. Дар партави ин ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат ҳоло дар ҷумҳурӣ корҳои муайяни илмӣ - тадқиқотӣ ва амалӣ ҷараён мегиранд. 

Ҳанӯз дар солҳои навадум бо супориши сарону хадамоти махсуси мамлакатҳои “ҳафтгонаи бузург” мутахассисон гузориши Хазинаи байналмилалии асъорро омода карданд, ки дар он барои чӣ тавр дар муддати кӯтоҳтарин сохти иҷтимоии даврони шӯравиро ба капиталистӣ табдил додан тавсияҳо баён шуда буданд. Барои ин се роҳи ҳал нишон дода шуд: ғайримонополӣ гардондани моликияти давлатӣ, кам кардани саҳми иштироки давлат дар иқтисодиёт ва ворид кардани нархҳои озоди танзимнашаванда. Мувофиқи ин дастурамал дар ҳамаи мамлакатҳои  сотсиалистии пасошӯравӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон, дигаргунсозиҳои иқтисодию иҷтимоӣ ба вуҷуд омаданд. Ин  вазъ ба иқтисодиёти кишвар таъсири амиқ гузошт. На танҳо истеҳсол ва таъмингардонии аҳолӣ бо молҳои саноатӣ кам гардид, балки истеҳсоли баъзе маҳсулот ва таъмини амнияти озуқаворӣ аз байн рафт. Аз хориҷи кишвар маводи хӯрока ва дигар воситаҳои истеъмолии ба саломатии инсон хавфнок ворид гаштанд. Натиҷаи ҳамин аст, ки ҳоло иқтисодиёти мамлакат характери аграрӣ - индустриалӣ дошта, дар бозори дохилӣ молҳои воридотии хориҷӣ назар ба молҳои истеҳсоли ватанӣ ҳанӯз зиёданд. Дар сохтори содиротии мамлакат ҳиссаи асосиро, мутаассифона, ашёи хом ишғол менамояд. Масалан, соли 2017 дар таркиби содироти мамлакат ҳиссаи маҳсулоти маъданӣ 40,7, сангҳои қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо 17,8, маҳсулоти саноати нассоҷӣ 15,2, маҳсулоти рустанӣ 2,2 ва дигар молҳо 5 дарсадро ташкил доданд. Дар асоси ҳидояти хирадмандонаи Пешвои миллат пеш гирифтани самти нави тараққиёти иқтисодиёти кишвар талаб мекунад, ки дар ҷумҳурӣ ҳар чи бештар истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва хизматрасонии ҷавобгӯ ба талаботи муосир ба роҳ монда шавад. Барои ин роҳи ягонаи боэътимод ин гузаштан ба азнавиндустриякунонӣ, таъмини соҳаҳои истеҳсолот ва хизматрасонӣ бо технологияҳои пешрафта, ҳамчунин, ташкил кардани бахши технологияи баланди иқтисодиёти миллӣ, беҳтар намудани истифодаи босамари  моликияти зеҳнии инсонӣ ва амалисозии дастовардҳои навтарини илму техника ба ҳисоб меравад.  Талошҳои давлату Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати гузаштан аз иқтисодиёти  аграрӣ – индустриалӣ ба индустриалӣ - аграрӣ, яъне пеш гирифтани модели нави тараққиёти индустриалӣ низ маҳз ба ҳамин хотир мебошад.
Тараққиёти инноватсионии иқтисодиёти мамлакат дар навбати худ талаб мекунад, ки иқтисодиёти кишвар характери индустриалӣ-технологӣ дошта бошад. Зеро ба пуррагӣ амалӣ кардани табаддулоти индустриалии иқтисодиёти кишвар ба он нигаронда шудааст, ки бо истифодаи дастовардҳои инноватсионии муосир қувваҳои истеҳсолкунандаи сифатан нав ва технологияҳои бо системаи мошинии автоматикунондашуда алоқаманд ба вуҷуд оварда шаванд. Барои ин бояд дар навбати аввал ба ташкил ва тараққӣ додани соҳаҳои гуногуни истеҳсолоти мошинсозии худӣ роҳ кушоем, то имконияти истеҳсол кардани арзишҳои истеъмолии илм талаби таъйиноти ҳам саноатӣ ва ҳам истеъмолиро дошта бошад.
Таҳлилҳои илмӣ нишон медиҳанд, ки омилҳои муҳимтарини тараққиёти инноватсионӣ, ки асоси саноатикунонии ин ё он давлат ба ҳисоб мераванд, дастовардҳо дар соҳаи мошинсозӣ, электроника ва самаранокии энергетикӣ мебошанд. Мошинсозӣ дар навбати худ сохтани воситаҳои истеҳсолоти ҳосилнокиашон баландтаринро таъмин менамояд, ки он асоси тараққиёти дигар соҳаҳои иқтисоди миллии кишвар, махсусан саноати электронӣ, мебошад.
Айни замон, барои расидан ба ин ҳадафи олӣ, дар баробари ворид кардани хати технологӣ, ҳамчунин, ба умеди дастовардҳои инноватсионии кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла таҷҳизот ва мошинолоти онҳо шудан нодуруст аст, зеро маҳсулот зуд фарсуда шуда, зарурати аз нав харидани он лозим меояд, ки ин вобастагиро аз кишварҳои хориҷа доимӣ мекунад. Ба он ақида низ розӣ шудан мумкин нест, ки мамлакати мо дар соҳаи мошинсозӣ  қафомонда аст ва барояш назар ба коркард ва истеҳсоли техника ва технологияи худӣ харидани маҳсулоти мошинсозӣ аз хориҷа фоидаовар аст. Таҷрибаи ғании солҳои барқарорсозии ҳокимияти шӯравӣ, Япония ва Олмон баъди Ҷанги дуюми ҷаҳон, мамлакатҳои навиндустриалии Сингапуру Таиланд ва Ҷумҳурии Мардумии Чин пурра собит месозанд, ки бо роҳи рушди индустрия ва мошинсозии ватанӣ ба зудӣ на танҳо ба мамлакатҳои индустриалӣ, балки содиркунандаи асосии техника ва технологияи пешқадами муосир мубаддал гардидан имконпазир аст. Ин мамлакатҳо замоне хеле қафомонда ва ҳатто харобазор буданд. Бинобар ин, ҳамаи чораҳоро дидан зарур аст, ки Тоҷикистонро низ аз ин вазъ берун барорем. Барои дигаргунсозии технологии иқтисодиёти Тоҷикистон дар навбати аввал гузаштан ба тараққиёти индустриалии инноватсионӣ зарур аст, то дар кишвар дастгирии тараққиёти илм ва пайванди он ба истеҳсолот вусъат ёфта, суръати коркард ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ тезонда шавад. Барои татбиқи сиёсати нави саноатии ба технологияи пешқадами сатҳи баланд асосёфта сохтани техникаи нави ба рақобат тобовар шарти муҳим аст.
Абдуғаффор РАУФӢ,
доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.07.2018    №: 132    Мутолиа карданд: 558
27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ТОКИО – 2020

Сухане чанд дар бораи СҲШ

Ҷаҳон дар як сатр

14.07.2021


Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Покистон

Аз нишастҳои матбуотӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед