logo

иқтисод

МАСЪУЛИЯТ. ДАР ТАТБИҚИ ТАШАББУСҲОИ ОЯНДАСОЗ БЕТАРАФ НАБОШЕМ!

Пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эъломи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба он дар ҳоле ҷараён гирифт, ки дар бештари гӯшаҳои олам мушкили норасоии оби тозаи ошомиданӣ шиддат мегирад.

Ҳоло дар сайёраи Замин  аз лиҳози дастрасӣ ба оби тозаи нӯшиданӣ аксари давлатҳо танқисӣ мекашанд. Ин ҳолат сокинони кишварҳои оламро  ба ташвиш овардааст. Дар баъзе мамлакатҳои сераҳолӣ ҷиҳати пешгирӣ аз сар задани ҳолати норасоии оби нӯшиданӣ  меъёри истифодаи он ҷорӣ гардидааст.
Бар асоси таҳлилҳои олимону мутахассисон,  агар гармшавии кунунии сайёра ба ҳамин минвол идома ёбад,  дар зарфи 20 - 30 соли оянда қариб нисфи аҳолии тамоми рӯи Замин ба мушкили норасии оби тозаи ошомиданӣ дучор шуда, аксари бошандагони қисматҳои марказӣ ва ҷанубии сайёра қисматҳои шимолии кураи Заминро ҳамчун минтақаи дорои оби тозаи нӯшиданӣ макони истиқомати хеш қарор медиҳанд. Ҳамчунин, тибқи ҳисобот, шурӯъ аз солҳои 50 - и қарни ХХ то ба ҳол аҳолии  рӯи Замин се баробар афзуда, бо ин сабаб эҳтиёҷоти  одамон низ ба оби тозаи ошомиданӣ ҳамин миқдор зиёд шудааст. Дар  ҳолати идома ёфтани гармшавии иқлим ва рӯз ба рӯз афзудани талаботи одамон ба  оби тозаи ошомиданӣ то соли 2050 бештар аз 500 миллион нафар ба саргаҳи дарёҳои бузург  кӯч мебанданд, ки ин ҳол нохушиҳои зиёди экологиро дар пай хоҳад дошт.
Муқоиса  намудани харитаҳои ҷуғрофӣ ва геологии замони гузашта ва имрӯз кифоя аст, ки вазъи  рӯз ба рӯз камшавии оби нӯшиданиро  дар сайёраамон эҳсос намоем. Дар  харитаҳои қарни гузашта  рӯдҳо бо хати обиранг ва кабудранги яклухт ишора шудаанд, аммо дар харитаҳои замони муосир  дар ҷои ҳамон рӯдҳо хатҳои обиранги канда - канда нақш ёфтаанд.
Дар ҷумҳурии мо  давлат ва Ҳукумати кишвар таъминоти аҳолии мамлакатро  бо оби тозаи нӯшокӣ дар маркази таваҷҷуҳ қарор додаанд. Тоҷикистон дар роҳи бартарафсозии мушкилоти об дар ҷаҳон мавқеи намоёнро соҳиб гардидааст. Мисолҳои дар боло овардашуда аҳамияти башарии иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар арсаи байналмилалӣ собит менамоянд. Ташаббусҳои қаблии Тоҷикистон – дар бораи эъломи «Соли байналмилалии оби тоза» - соли 2003,  Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт, солҳои 2005-2015» ва  «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» - соли 2015  дар доираи андешаҳои инсондӯстонаи Пешвои миллат сурат гирифта, сарони кишварҳои оламро сари ин масъалаи доғи рӯз гирд овардаанд.
Дар сарзамини мо   бештар аз 1400 кӯли хурду бузург, зиёда аз 20 обанбори сунъӣ, наздики 8,5 ҳазор пирях ва наздики 1000 дарё мавҷуд аст. Чунин манбаъҳои бузурги обӣ дар як кишвари нисбатан хурд шаҳодати захираҳои фаровони обӣ дар  Тоҷикистон мебошанд. Аммо ин маънои онро надорад, ки худро аз мушкилоти вобаста ба об канор гирем. Муносибати дуруст  бо об ҷузъи муҳими фарҳангу тамаддуни халқи тоҷик ба ҳисоб рафта, дар панду андарзҳои ҳакимони гузаштаамон ташнаеро об додан, заминро шодоб гардондан ва пок нигоҳ доштани он зиёд талқин шудаанд. Аз ин рӯ, ҳифзи тозагии ин муъҷизаи ҳастӣ ва оқилонаю сарфакорона истифода намудани он аз нигоҳи маънавӣ аз ҳар фарди оқил, хусусан сокинони кишвари ташаббускори ҳалли масоили ҷаҳонии вобаста ба об, масъулияти баландро талаб менамояд. Истифодаи оқилонаи сарчашмаҳои обӣ дар доираи ин даҳсола бояд вазифаи ҳаррӯзаи шаҳрвандони кишвар қарор гирад.
Амриддин ШАМСОВ,
роҳбари гурӯҳи  ташкилоти ҳавзаи дарёи Панҷ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.07.2018    №: 134    Мутолиа карданд: 514
27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ТОКИО – 2020

Сухане чанд дар бораи СҲШ

Ҷаҳон дар як сатр

14.07.2021


Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Покистон

Аз нишастҳои матбуотӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед