logo

иқтисод

ГРАНТҲОИ ПРЕЗИДЕНТӢ БОНУВОНРО ФАЪОЛ КАРД

Коргоҳи «Шоҳзамон» бо маҳсули дастранҷи 20 зани ҳунарманд - сокинони шаҳри Сарбанд ва дигар минтақаҳои ҷумҳуриро бо атласу адрас таъмин мекунад. Сармояи аввал барои оғози фаъолияти соҳибкории  роҳбари кордону заҳматкаш Файзия Фозилова Гранти президентӣ дар ҳаҷми 10 ҳазор сомонӣ буд.

Грантҳои президентӣ барои дастгирии занони соҳибкор ва боло бурдани нақши онҳо дар рушди иқтисоди миллӣ ҷудо гардида, беҳтаринҳо тариқи озмун интихоб мешаванд. Дар соли 2017 қатори Файзия Фозилова 414 зани соҳибкор лоиҳаи худро барои гирифтани грант пешниҳод карданд. Аз ин 80 лоиҳа бо маблағи 2 миллион сомонӣ беҳтарин дониста шуд. Мақоми ваколатдор Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ буда, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ бо таъсиси гурӯҳи корӣ фаъолияти занони соҳибкорро ҳамвора пеш мебарад.  
Идигул Қосимзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оила, иброз дошт, ки иқдоми пешгирифта дар бунёди чандин коргоҳҳои хурди истеҳсолӣ такон бахшида, шумораи зиёди занону духтарон, махсусан дар деҳот соҳиби касб ва ҷойи кор шуданд.
Албатта, амалисозии ин ё он лоиҳа, махсусан лоиҳаҳои грантӣ, таҷриба ва дониши мукаммалро тақозо менамояд. Таҷрибаи занон ва духтарони деҳот агар аз сайқал додани ҳунару истеъдод ва зебоиофарии онҳо афзун гардад ҳам, баргузории чандин курсҳои омӯзишӣ, такмили ихтисос дониши иқтисодӣ ва маърифати ҳуқуқии онҳоро беҳтар кардааст. Вале, бо вуҷуди ин, ҳанӯз ҳам занон аз надоштани малака ва маҳорати таҳияи бизнес – нақшаҳо, кор бо технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсия ба мушкилӣ рӯ ба рӯ мешаванд. Дастрасии ками занон ба воситаҳои пешбаранда, аз ҷумла ба иттилоот, яъне сари вақт огоҳ набудан аз ҷараёни навгониҳо ва тағйирот дар соҳа, ҳамчунин, дастрасӣ ба воситаҳои қарзӣ ва замин монеа эҷод мекунанд. Ин аст, ки мувофиқи таҳлили гурӯҳи корӣ, лоиҳаҳои бонувони соҳибкор 14 дарсади ҳамаи лоиҳаҳои дастгириёфта ва қариб 8 дарсади маблағҳои барои дастгирии лоиҳаҳо равонашударо ташкил медиҳад. Дар давоми панҷ соли охир аз ҷониби ташкилотҳои қарзии хурд ба занони соҳибкор додани 6 миллиард сомонӣ қарз, ки 25 дарсади тамоми қарзҳои ҷудошудаанд, далели камфаъолиятӣ ё маҳдудияти дастрасии занон ба ин воситаҳо мебошад.
20  бонуи коргоҳи “Шоҳзамон” низ дар оғози кор аз надоштани ашёи хом, яъне ришта барои тавлиди маҳсулот танқисӣ мекашиданд. Ришта дар вилояти Суғд рангомезӣ шуда, бо интиқол ёфтан ба шаҳри Сарбанд хароҷоти зиёд дошт. Баъд аз омӯзиши нозукии рангбахшӣ, алъон худи занон аз корхонаҳои истеҳсоли нассоҷӣ ришта харида, ранг мекунанд. “Занон дар як рӯз беш аз 200 метр адрас мебофанд. Маҳсулот эҳтиёҷоти занону духтарон ва толибилмони муассисаҳои таълимии шаҳрро қонеъ гардонда истодааст. Барои ин, ҳунармандон дар бозор ба нуқтаи фурӯш ниёз доранд. Тасмим гирифтем ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Сарбанд барои ҷудо кардани нуқтаи фурӯш дар бозор муроҷиат намоем”, - гуфт Файзия Фозилова.
Ҳоло ки таваҷҷуҳи мардум, хусусан хориҷиён ба ҳунарҳои дастӣ зиёд мебошад, кушодани нуқтаҳои алоҳида ва муаррифии ҳунари волои адрасбофӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро зиёд ва таъминот бо ҷойи кориро беҳтар мегардонад. Барои вусъати кори коргоҳ ва пӯшондани хароҷот Файзия Фозилова дар боғи бунёдкардааш хеле заҳмат мекашад. Зани кордону боҳунар тавонист дар 2 гектар замин намудҳои гуногуни дарахтони сояафкан ва мевадиҳанда парвариш намояд. Маҳсулот ба бозор бароварда мешавад. Аз ҳисоби ҳосили боғ шахсони ниёзманди шаҳру ноҳияҳои ин минтақа низ бо мева таъмин шуда истодаанд. Зани заҳматкашу соҳибирода бовар дорад, ки бо бартараф гардидани камбудиҳо коргоҳи “Шоҳзамон” ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро зиёд намуда, бо рақобатпазирӣ дар бозори дохилӣ нуфузу эътибори баланд касб менамояд.    
Оҳистамоҳи ВАФОБЕК,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.07.2018    №: 137    Мутолиа карданд: 631
27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ТОКИО – 2020

Сухане чанд дар бораи СҲШ

Ҷаҳон дар як сатр

14.07.2021


Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Покистон

Аз нишастҳои матбуотӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед