logo

иқтисод

ПАХТАИ "ПӮШИДАГУЛ". ИХТИРОИ ОЛИМОН САМАР МЕДИҲАД

Пахтакорӣ яке аз соҳаҳои муҳим ва сердаромади истеҳсолоти кишоварзии ҷумҳурӣ имрӯзҳо рӯ ба пешрафт дорад. Соли гузашта дар ҷумҳурӣ аз 173 ҳазору 972 гектар замин наздики 387 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ гардид. Аз ҳар гектар 22,3 сентнер ҳосил рӯёнда шуд. Албатта, ин миқдор ҳосилу ҳосилнокӣ кам аст ва он бояд зиёд карда шавад. Барои баланд бардоштани ҳосилнокии ин зироат соҳаи кишоварзии ҷумҳурӣ ба ихтирои навъҳои зудрас, серҳосил ва ба касалиҳо тобовар ниёз дорад.

Давоми чанд соли охир олимону мутахассисони бахши пахтакории кишвар навъҳои пурсамарро рӯи кор овардаанд, ки ҳоло вусъат бахшидани парвариши онҳо зарур омадааст.
Дар натиҷаи ҳамкории кормандони Институти зироаткории АИКТ ва Институти ботаника, физиология ва генетикаи АИҶТ таҳти роҳбарии селексионер М. Неъматов бо истифодаи аломати клейстогамӣ ва индексҳои фотосинтетикӣ пахтаи навъи шакли гулаш пӯшидаи «20 - солагии истиқлолият» ба вуҷуд оварда шудааст. Ин навъ дар натиҷаи дурагакунии линияи қайчибарги Л - 461 (муаллифаш академики АИ Ӯзбекистон Ҷ. Мӯсоев) бо линияи гулаш пӯшида ва худгардолудшавандаи КЛ - 5 (муаллифаш М. Неъматов), бо истифодаи усули интихоби фардии бисёркарата ва санҷиши наслҳои минбаъдаи он ба вуҷуд оварда шудааст.
Мувофиқи тавсифи муаллифон навъи мазкур миёнапаз буда, муҳлати нашъунамояш аз неш задани пунбадона то расидани ҳосил 125 - 130 рӯз ва  ҳосилнокии умумии он аз як гектар 40 - 45 сентнерро дар бар мегирад. Шакли баргаш қайчибарги панҷашакл, гулаш нисбат ба гули навъҳои дигар  калон ва  рангаш зарди пӯшидаи худгардолудшаванда мебошад. Кӯракҳояш миёнаҳаҷм ва лӯндаи тухмшакли нӯгтез аст. Вазни миёнаи пахтаи як ғӯзаи он 5,2 - 5,5 граммро ташкил медиҳад. Дарозии  нахаш 34-35 миллиметр буда, рангаш сафеди ҷилонок аст ва ба гурӯҳи типи IV дохил мешавад. Баромади нах 36-37 дарсад мебошад.
Баргҳои  ниҳоли ин навъ ба якдигар соя наафканда, пурра расидани шӯои офтобро то баргҳои поёнии ниҳол таъмин менамоянд, шароити хуб ва муътадили рӯшноӣ, ҳарорат ва реҷаи аэродинамикии киштзорро муҳайё намуда, рустаниҳоро ба камобӣ устувор нигоҳ медоранд  ва ин ҳама ба раванди фотосинтези баланд (40 - 41 мг СО2 / соат) ва рӯёндани ҳосили фаровони хушсифат мусоидат менамояд. Чунин хусусиятҳои навъи нави пахта дар кишвар нишон медиҳанд, ки онро ҳар чи бештар мавриди истифода қарор диҳем. Бо ин роҳ ихтирои олимони соҳаи кишоварзии мамлакат дар самти таъмини пахтакорони ҷумҳурӣ бо тухмии хушсифати ватанӣ натиҷа мебахшад.
Навъи «20 - солагии истиқлолият» дар таърихи пахтапарварии ҷаҳон якумин навъи пахтаи гулаш пӯшида (клейстогамӣ) ба шумор меравад. Аз ин лиҳоз, ҳангоми дар истеҳсолоти кишоварзӣ васеъ татбиқ намудани он хоҷагиҳои фермерӣ ва деҳқонӣ ба тухмии яккачин (элита) дастрасии бештар  пайдо менамоянд. Мавҷуд будани гулҳои худгардолудшаванда дар ин навъ барои тоза нигоҳ доштани хусусиятҳои навъ ва бо ҳамин васила муддати дурудароз дар истеҳсолот ва саноати нассоҷӣ ҷорӣ будани он имконият медиҳад.
Дар навъи «20 - солагии истиқлолият» гулбаргҳо маҳкам бо таври герметикӣ пӯшидаанд ва новобаста аз хушкӣ ё намии ҳаво гардолудшавӣ ва бордоршавӣ ба амал меояд. Аз ин лиҳоз, навъи мазкурро ҳам дар шароити камобӣ ксерофитии иқлими хушк ва ҳам дар иқлими серборони тропикӣ парвариш намудан мумкин аст. Гули пӯшидаи ин навъ имконият медиҳад, ки пахтаро на танҳо бо роҳи обмонии ҷӯякӣ, балки бо ёрии дастгоҳи «обпошаки боронӣ» низ, парвариш намудан самарабахш мебошад.
Ихтироъ  ва дар истеҳсолоти кишоварзӣ ҷорӣ намудани навъҳои гулаш пӯшидаи клейстогамӣ аз ояндадор будани парвариши он дарак медиҳад. Дар истеҳсолоти кишоварзӣ ҷорӣ намудани  навъҳои мазкур дар самти рушди селексия ва пахтакории ҷумҳурӣ нақши муҳим хоҳанд бозид.
Ҳ. АБДУЛЛОЕВ,
М. БОҲИРОВА,
кормандони Институти ботаника, физиология ва генетикаи рустании Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.07.2018    №: 138    Мутолиа карданд: 589
27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ТОКИО – 2020

Сухане чанд дар бораи СҲШ

Ҷаҳон дар як сатр

14.07.2021


Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Покистон

Аз нишастҳои матбуотӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед