logo

иқтисод

ВМКБ. МУБОРИЗА БО МАШРУБОТИ ПАСТСИФАТ

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои баланд бардоштани сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ, ҳимояи бозори истеъмолӣ аз воридоти маҳсулоти пастсифат ва ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагонро ҳамеша  таъкид менамоянд. Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат мубориза бо фурӯш ва истеъмоли машруботи пастсифати спиртӣ дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон вусъат пайдо кардааст. 
Ба гуфтаи Насриддин Сабзалиев, сардори раёсати стандартизатсия ва  нозироти савдои ВМКБ, рафти иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими давлатии истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот” ҳанӯз моҳи декабри соли гузашта дар иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Вакилони мардумӣ аз он изҳори нигаронӣ карданд, ки вақтҳои охир дар вилоят фурӯши машруботи  пастсифат зиёд ба мушоҳида расида, шумораи нафароне, ки ба касалии майзадагӣ гирифторанд, рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Ҳолати фавти одамон бар асари истеъмоли машруботи бесифат низ ба қайд гирифта шудааст. Тибқи маълумоти оморӣ, шаҳри Хоруғ дар ҷумҳурӣ аз лиҳози теъдоди майзадагон дар ҷойи аввал меистад. Ин ҳолат аз он  ҷиҳат ташвишовар аст, ки ба генофонди миллӣ таъсири манфӣ мерасонад. Бинобар ин, раёсати стандартизатсия ва нозироти савдои ВМКБ ҳамроҳ бо аҳли ҷомеа ва сохторҳои дахлдори ҷумҳурӣ дар ин самт фаъолияти худро пурзӯр намуд. То моҳи октябри соли 2017 дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят дар маҷмӯъ аз 135 нуқтаи фурӯши машруботи спиртӣ 54 нуқта, тавре санҷиш нишон дод, ғайриқонунӣ амал мекард. Ҳамчунин, аз ҷониби раёсат фурӯши ғайриқонунии машруботи спиртӣ дар 17 манзили истиқоматии сокинони шаҳри Хоруғ низ ошкор ва бартараф карда шуд. Давоми соли 2018 кормандони раёсати мазкур ҳамроҳ бо дигар мақомоти назоратӣ дар шаҳри Хоруғ чанд маротиба рейдҳои  муштарак гузаронда, маҳсулоти нуқтаҳои фурӯшро мавриди санҷиш қарор доданд. Дар натиҷа дар нуқтаҳои фурӯш 188 намуд машруботи бесифатро ба миқдори 31523 шиша ошкор сохта, аз муомилот гирифтанд. 5699 шиша маводи спиртии ба талаботи стандартӣ ҷавобгӯ набуда, нобуд карда шуд. Кормандони раёсат, ҳамчунин, 3723 адад нӯшокиҳои спиртии қувватбахши тамғаи “Ягуар” ва ”Страйк” - ро аз муомилот гирифта, ба шаҳри  Душанбе бозпас баргардонданд. Танҳо давоми ду моҳи охир дар нуқтаҳои фурӯши шаҳр боз 127 шиша нӯшокиҳои спиртӣ ошкор ва нобуд карда шуданд. Аммо ошкорсозӣ ва аз муомилот бозпас гирифтани маҳсулоти ғайристандартӣ роҳҳои беҳтарини ҳалли масъала нестанд. Ҷиҳати тақвияти мубориза бо истеъмол ва фурӯши машруботи ғайристандартӣ ва пешгирии воридоти маҳсулоти пастсифат ба вилоят мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои дахлдорро зарур аст, ки танзими муомилоти машруботи спиртиро дар доираи қонунҳои амалкунанда беҳтар ба роҳ монанд ва корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни коллективҳои меҳнатӣ, савдогарони дукону мағозаҳо, муассисаҳои хӯроки умумӣ ва қишрҳои гуногуни ҷомеа – аҳли маҳаллаҳо, зиёиён, собиқадорони ҷангу меҳнат вусъат бахшанд.
Раҳмони  ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.07.2018    №: 138    Мутолиа карданд: 545
27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ТОКИО – 2020

Сухане чанд дар бораи СҲШ

Ҷаҳон дар як сатр

14.07.2021


Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Покистон

Аз нишастҳои матбуотӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед