logo

иқтисод

ХАТЛОН. ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛ ЗИЁД АСТ, АММО...

Дар вилояти Хатлон натиҷаи шашмоҳаи тараққиёти иҷтимоию иқтисодӣ зимни баргузории ҷаласаи васеъ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.

Зикр гардид, ки ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии  вилоят ба 6 миллиарду 641,5 миллион сомонӣ расида, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,6 дарсадро ташкил дод. Нақшаи андозҳо 100,6 дарсад иҷро гардида, аз ин ҳисоб ба буҷет 492,6 миллион сомонӣ маблағ ворид шуд, ки назар ба нақша 3,1 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Аммо баъзе шаҳру ноҳияҳо намудҳои гуногуни андозро иҷро карда натавонистанд.
Дар ин давра 12 ҳазору 963 ҷойи нави корӣ таъсис ёфт. Аз ҳисоби баргузории 170 ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ 1 ҳазору 677 шаҳрванд ҷойи кор пайдо намуд ва 4 ҳазору 418 нафар ба шуғл фаро гирифта шуд.
Музди миёнаи кор дар вилоят 4,4 дарсад афзоиш ёфтааст. Мутаассифона, дар баъзе аз идораю корхонаҳо қарздорӣ аз музди меҳнат ҳанӯз ҷой дорад.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 3 миллиарду 605,1 миллион сомониро ташкил дод, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 290,7 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Суръати рушд ба 8,8 дарсад баробар шуд. Дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ 392,3 ҳазор тонна ғалладона, 150,7 ҳазор тонна картошка, 556,5 ҳазор тонна сабзавот, 181,5 ҳазор тонна полизӣ, 42,4 ҳазор тонна мева, 1,7 ҳазор тонна ангур, 31,3 ҳазор тонна гӯшт, 138,1 ҳазор тонна шир, 30,5 миллион дона тухм, 345,1 тонна моҳӣ истеҳсол гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аз 1,5 то 49,6 дарсад зиёд аст.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 3 миллиарду 237,7 миллион сомонӣ расид, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 603,1 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар шаш моҳи соли равон 33 корхона ва коргоҳи нави саноатӣ бунёд ёфт. Мутаассифона, қариб 200 корхонаи саноатӣ давоми чанд моҳ фаъолият накард.
Раиси вилоят Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар интиҳо раисони шаҳру навоҳӣ, роҳбарони корхонаю идораҳои вилоят ва масъулони дигарро вазифадор кард, ки барои ноил шудан ба дастовардҳои хуби меҳнатӣ бештар ҷидду ҷаҳд кунанд.
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.07.2018    №: 140    Мутолиа карданд: 478
27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ТОКИО – 2020

Сухане чанд дар бораи СҲШ

Ҷаҳон дар як сатр

14.07.2021


Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Покистон

Аз нишастҳои матбуотӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед