logo

иқтисод

ОРД. ЧАРО ОНРО АЗ ГАНДУМИ МАҲАЛЛӢ ИСТЕҲСОЛ НАКУНЕМ?

Баъзан, хоҳиши чашидани як бурда нони аз гандуми маҳаллӣ пухташуда касро дар дукону мағозаҳои фаровони пойтахт ба ҷустуҷӯи орди маҳаллӣ мебарад.

Дар бештари гӯшаҳои “Бозори деҳқон” орди навъҳои якум ва дуюми истеҳсоли хориҷӣ ба фурӯш бароварда шудааст. Дар ин ҷо танҳо дар дукони № 17 орди маҳаллиро дарёфт намудем. Орд дар сехи хурди шаҳри Ҳисор бо коркарди гандуми маҳаллӣ истеҳсол мешавад. Корхонаҳои саноатӣ бо дастрасӣ ба технологияи нав имконияти коркарди ҳама гуна маҳсулотро пайдо карда, ба яке аз ҳадафҳои олӣ – коркарди ашёи хом ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ ноил шуда истодаанд. Вале истеҳсолоти ватании орд аз ҳисоби гандуми воридотӣ ҳанӯз нишони истеҳсоли яке аз 20 номгӯйи маҳсулоти ба содирот нигарондашуда – гандум (истеҳсоли орд) буда наметавонад. Ин ҷо суол пеш меояд, ки бартарии гандуми воридотӣ аз маҳаллӣ дар чист?
Фарқияти гандуми парваришнамуда дар сифати маҳсулоти истеҳсолшуда зоҳир меёбад. Ба гуфтаи Саидҷамол Саидзода, ноиби президенти Академияи илмҳои кишоварзӣ, кишвари мо бо иқлими хушк ва гарм дар водиҳо ва доманакӯҳҳо имконияти зироаткории обӣ ва лалмӣ дорад. Беҳуда нест, ки академик Н. И. Вавилов Тоҷикистонро дар Осиёи Марказӣ ватани навъҳои гуногуни гандум, аз ҷумла гандуми мулоим, ҳисобидааст.
Кишти зироатҳои ғалладона дар кишвар солҳои охир хеле вусъат ёфт. Ҳоло бо тавсияи олимон дар минтақаҳои гуногуни экологии ҷумҳурӣ навъҳои хосси минтақабоб кишт карда мешаванд. Зиёда аз 60 дарсади зироатҳои ғалладона дар заминҳои лалмӣ кишт шуда, ҳосилнокии миёнаи онҳо аз як гектар 15 - 25 сентнер ва дар заминҳои обӣ 30 - 40 сентнерро ташкил медиҳад. Дар ҷумҳурӣ соли гузашта 1447680 тонна ғалладона истеҳсол гардид, ки аз ин 881985 тоннааш гандум мебошад. Аммо ин барои пурра қонеъ намудани талаботи аҳолӣ бо орд нокифоя буда, боқимондаи талабот аз ҳисоби маҳсулоти воридотӣ таъмин мегардад. Аз ин лиҳоз, барои баланд бардоштани ҳосилнокии гандум андешидани чораҳои саривақтӣ зарур мебошад. Нахуст, иҷро кардани вазифае, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рӯёндани ҳосили на кам аз 50 сентнер аз 1 гектар дар заминҳои обӣ барои кишоварзон пеш гузоштааст, барои таъмини 70 – 75 дарсади талабот ба маҳсулоти ғизоии ниёзи аввал мусоидат менамояд. Кишоварзон сабаби асосии камсифат будани гандуми маҳаллиро дар сари вақт ҷамъоварӣ нашудани он медонанд, яъне дар офтоби гарми тобистон гандум сифати худро гум мекунад. Инро Маркази байналмилалӣ оид ба таҳқиқоти кишоварзӣ дар минтақаҳои хушк (ИКАРДА) низ муайян кардааст. Коркарди нодурусти гандум – сӯзондани он аз ҷониби баъзе коргоҳҳои истеҳсолӣ, хусусан коргоҳҳои хурди чинӣ, ба сифати маҳсулот таъсир мерасонад. Бартарафсозии ин ва дигар мушкилоти вобаста ба риоя намудани корҳои агротехникии парвариши ғалладона ҳосилнокӣ ва сифати гандумро беҳтар ва ба истеҳсоли орд мутобиқ мегардонад. Ин имкон медиҳад, ки савдогарони маҳаллӣ рафҳои мағозаю дуконҳои хешро на бо маҳсулоти воридотӣ, балки бо маводи фаровони истеҳсоли ватании арзону босифат пур кунанд.
О. ВАФОБЕК, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.07.2018    №: 140    Мутолиа карданд: 531
27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ТОКИО – 2020

Сухане чанд дар бораи СҲШ

Ҷаҳон дар як сатр

14.07.2021


Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Покистон

Аз нишастҳои матбуотӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед