logo

иқтисод

ТОҶИКОБОД. ВУСЪАТИ СОХТМОН ДАР ИНШООТИ ҶАШНӢ

Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод ба истиқболи  Ҷашни 27 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои сохтмонӣ ва ободонӣ рӯз ба рӯз вусъати тоза касб намуда, сохтмони як қатор иншооти муҳим дар арафаи анҷомёбист.
Тавре роҳбари  дастгоҳи раиси ноҳия Орифҷон Иброҳимов иброз дошт, бо қомат афрохтани биноҳои нави маъмурӣ ва таъмиру тармими биноҳои идораву корхонаҳо ҳамарӯза симои ноҳия тағйир ёфта, тароват ва зебогии дигаре ба ҳусни он зам мегардад. Ҳар ҳафта рӯзҳои якшанбе дар атрофи корхона ва ташкилоту идораҳо ҳашарҳои дастаҷамъона ташкил шуда, насби лавҳу девораҳои рангоранг, сохтмони нишастгоҳҳо, роҳравҳо, фаввораҳо ва корҳои дигари ободонӣ ҷараён мегиранд. Бунёди биноҳои маъмурии суди ноҳия, идораи барқ, кӯдакистони «Парасту»,  бинои нави таълимӣ дар назди мактаби № 27 – и деҳаи дараи Нӯшор, азнавсозии бинои таълимии мактаби № 10 – и деҳаи Гулистон ва бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Капалӣ  идома дорад.
Ба наздикӣ шуъбаҳои бемориҳои дарунӣ ва кӯдаконаи  беморхонаи марказии ноҳия низ аз таъмири асосӣ  бароварда шуданд ва сохтмони бинои маркази кумаки аввалияи тиббию санитарӣ дар назди беморхонаи марказӣ оғоз  гардид.
Барои иҷрои корҳои таъмирию сохтмонӣ дар се иншоот тайи шаш моҳи аввали соли ҷорӣ, тибқи нақша, 953000, аз ҷумла барои сохтмони бинои суд 354000, идораи барқ  524000 ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 2-и деҳаи Фатҳобод 75000 сомонӣ ҷудо гардидааст. Таъмири роҳи мошингард аз назди беморхонаи марказӣ то маркази ноҳия низ оғоз шуда, айни замон насби қубурҳои обгузар ҷараён дорад.
 Сохтмончиён бо дасту дили гарм ва рӯҳияи болида меҳнат намуда, мақсад доранд, ки дар арафаи Ҷашни 27 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор иншооти муҳимро мавриди истифода қарор диҳанд.      
Дилшод АМИРОВ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.07.2018    №: 140    Мутолиа карданд: 514
27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ТОКИО – 2020

Сухане чанд дар бораи СҲШ

Ҷаҳон дар як сатр

14.07.2021


Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Покистон

Аз нишастҳои матбуотӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед