logo

маориф

ДИД. ҲАМКОРИҲОИ ХОРИҶӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАНД

Дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи нақшаи таълимӣ дар зинаи бакалаврия ва магистратура панҷ ихтисос - идоракунии давлатӣ, муносибатҳои байналмилалӣ, идоракунии давлатии иқтисодиёт, идоракунии ҳайати кадрӣ ва амнияти иттилоотӣ ба роҳ монда шудааст. Шумораи умумии донишҷӯён 1450 нафарро ташкил медиҳад, ки аз он 356 нафар бонувонанд.
Тавре Лутфия Абдухолиқзода, ректори донишкада, зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт, робитаҳои байналмилалии донишкада бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкориҳои илмӣ, таълимӣ ва методӣ бо донишгоҳҳои хориҷи кишвар оид ба тайёр намудани мутахассисони самти идораи давлатӣ ва хизмати давлатӣ, омӯхтани таҷрибаи пешқадам, ташкил ва фиристодани устодон ба хориҷи кишвар ҷиҳати табодули таҷрибаи якдигар равона карда шудааст. Айни замон, донишкада бо 15 академия ва мақомоти давлатии хориҷи кишвар ва созмонҳои байналмилалӣ ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондааст. Ҳамчунин, бо мақсади дарёфти грантҳо ва бурсияҳо донишкада бо Институти идоракунии шимолу ғарбии Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Русия, Донишкадаи давлатии ҷануби Урали Федератсияи Русия ва Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон роҳандозӣ  шудааст.
Мувофиқи барномаи таълимӣ дар соли сипаришуда ва шаш моҳи аввали соли ҷорӣ се шакли таҷрибаомӯзӣ - илмӣ, педагогӣ ва истеҳсолӣ гузаронда шуд. Барои гузарондани таҷрибаомӯзии донишҷӯён донишкада бо 21 мақомоти марказӣ ва 17 мақомоти маҳаллӣ шартномаи ҳамкорӣ дорад, ки дар асоси он тамоми донишҷӯёну магистрантон ба мақомоти дахлдор барои таҷрибаомӯзӣ равона гардиданд.
Дар солҳои таҳсили 2017 - 2018 донишҷӯёни донишкада дар як қатор озмунҳо иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардидаанд. Аз ҷумла, дар ин давра Амирҷон Ӯрунов, донишҷӯи соли чорум,  ғолиби озмуни «Сафири ҷавон», гардид, ки бо ибтикори Кумитаи байналмилалии олимпӣ ташкил шуда буд ва 6-18 октябри соли равон дар шаҳри Буэнос – Айреси Аргентина ҳамчун намояндаи расмии Тоҷикистон дастаи наврасони олимпии кишварро муаррифӣ мекунад.    
- Имрӯз дар фонди китобхонаи донишкада зиёда аз 166 ҳазор адабиёти илмӣ, бадеӣ, соҳавӣ дар ихтиёри донишҷӯён қарор дорад. Ҳамзамон, ба китобхонаи электронии донишкада зиёда аз 500 ҳазор китоб дар ҳамкорӣ бо шарикони хориҷӣ ва дохилӣ ворид карда шудааст, - изҳор дошт Лутфия Абдухолиқзода.
Ёдрас мешавем, ки Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2013 дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ таъсис дода шудааст.
Лашкар ШАРИФ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.08.2018    №: 159    Мутолиа карданд: 884
21.06.2021


«TOUR DE TAJIKISTAN». Мусобиқае, ки дастовардҳои кишварро муаррифӣ мекунад

МИНТАҚАИ РАШТ. 51 МИЛЛИОН ҚАРЗИ ИСТИФОДАИ БАРҚ

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ДАСТГИРИИ КИШОВАРЗОН БАРОИ СОДИРОТИ АНГУР

ТОҶИКОБОД. САМАРИ ЯК ҲАМКОРӢ

КАЙФАР

70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМӮЗИШИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛАТ

НУРОБОД. ВАҚТЕ КИ ЗАМИН МАҚСАДНОК ИСТИФОДА МЕШАВАД...

11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед