logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

17 СОЛ ПАС АЗ МАРГ
Соли 1997 дар ғарби музофоти Синзян зилзилаи мудҳиш ба амал омад, ки 7, 8 балро ташкил дод.  Дар пайи ин фоҷиа кони ангишти вилоят ва наздиктарин шаҳрҳо хароб гардида, зиёда аз 118 кӯҳкан ҷони худро аз даст доданд. Дар натиҷа, ин макон ба харобазор табдил ёфт.
Соли 2014, ҳангоме ки дар кони ангишти валангор ҷиҳати дувумбора барқарор кардани он геологҳо корро оғоз карданд, садои марде  ҳамагонро ба ҳайрат овард. Мардуми ҷамъомада чанд лаҳза мутаассир шуда, ба тарафи садо шитофтанд. Девори бетониеро бардошта саҳнаи аҷиберо диданд.
Марди 59 - солае бо номи Чан Вей пас аз чаппа шудани кон зери деворе панаҳ бурда, зинда мондааст.  Вей тӯли 17 сол зери замин зиндагӣ карда, худро аз марг наҷот додааст.  Вақте ки ӯро берун оварданд, чунин  иброз дошт: «Тамоми умедамро аз дунёи равшан кандам, гумон мекардам, ки кайҳо мурдааму зиндагонии пас аз маргро ба сар бурда истодаам. Аввалҳо аз зери хоку санг озуқаи захиранамудаи ҳамкоронамро мехӯрдаму баъдҳо ҳашароти хокиро шикор мекардам». Гарчанде ҳолати Чан Вей он вақт хуб ба чашм намерасид, вале бо кумаки табибон саломатии ӯ дубора барқарор шуд.  
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


СУД. ДАЪВОҲОИ ҒАЙРИОДИИ ИНСОНҲОИ ОДӢ
Одамон аслан барои он ба суд муроҷиат мекунанд, ки ҳақиқат ва адолат тантана кунад. Ва ин як кори маъмулист. Аммо, вақте одамони одӣ ба суд муроҷиатҳои ғайриодӣ мекунанд, ин, воқеан ҳам, аҷиб аст.
Рубрикаи нави саҳифаи дӯстдоштании «Шоми шанбе» аз ҳамин хусус қисса мекунад. Бо мо бошед!

СУДЯ ХУДРО БА ДОДГОҲ КАШИД
Яке аз судяҳои канадагӣ худро ба додгоҳ кашид, ки на танҳо амали ғайриодӣ, балки дар таҷрибаи судяҳо воқеаи беназир аст. Ӯ дар толори суд назди иштирокчиён  ба гуноҳи содиркардааш иқрор шуда, ҳукм мебарорад, ки бояд ба хазинаи давлат ҷарима супурад.
- Ман худ шоҳидӣ медиҳам, ки дар ҷойи ҷамъиятӣ дар ҳолати мастӣ ҳозир шуда будам. Бинобар ин, барои аъмоли ношоистаам бояд ҳамчун ҷазо дар ҳаҷми 5 доллар ҷарима баста шавам,- мегӯяд судя дар вақти муҳокима.
Албатта, баъдан, суд бо назардошти рафтори хубу ба ҷамъият осебнопазир доштанаш, ҳукмро нисбати ӯ бекор кард, аммо ин амалаш ҳамчун даъвои ғайриодӣ тамоми Аврупоро тасхир кард.
Таҳияи Оҳистамоҳи ВАФОБЕК


Саховатмандтарин шахсиятҳои олам
БИЛЛ ГЕЙТС
Билл Гейтс ҳамроҳи завҷааш Мелинда фонди хайриявии худро бо номи «Билли ва Мелинда Гейтс» доранд.
Ҳарчанд Гейтс асосгузори ширкати «Microsoft» аст, мардум ӯро чун марди саховатмандтарини олам мешиносанд. Ҳамасола ӯ ба оилаҳои камбизоат ва мактаб - интернатҳо ёрӣ мерасонад. Хайри кардаи Билл Гейтс 27 миллиард долларро ташкил медиҳад.
Айни замон, дар хазинаи ӯ зиёда аз 84 миллиард доллар маҳфуз мебошад. Фонд барои барномаҳо ва лоиҳаҳои ҷолиб низ грант ҷудо мекунад.
Дар баробари ин, ба соҳаҳои кишоварзӣ, тандурустӣ, фарҳанг ва маориф сармоя мегузорад. Инчунин, ёрии башардӯстонаи фонди «Билли ва Мелинда Гейтс» ба чанд ташкилоти дигар, аз қабили GAVI ва UNICEF расидааст.
Таҳияи Сафаргул АЛИМОВА


ИНТЕЛЛЕКТ
Рубрикаи «Интеллект» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчии аз ҳама фаъол
бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ сарфароз гардонда мешавад.

Чанд метр матоъ?
Рӯзи якум фурӯшанда нисфи бастаи матоъ ва боз Ѕ метри онро фурӯхт. Рӯзи дуюм бошад, аз қисми боқимонда 1/3 ҳисса ва боз 1/3 метрро фурӯхт. Дар рӯзи сеюм ј ҳиссаи қисми боқимонда ва боз ј метрро фурӯхт. Баъд аз ин ҳамагӣ 8 метр матоъ боқӣ монд. Дар муддати 3 рӯз фурӯшанда чанд метр матоъ фурӯхтааст?
Масъули рубрика Зулола Бобораҷабова

93-547-00-05 Вайбер, Bzm_701@mail.ru
(Аз соати 800 то 1700 )
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238 - 53 – 40


ЛИ ЧАРО 256 СОЛ УМР ДИД?
Одамони дарозумртарини дунё бояд лоақал як асри дигар умр бинанд, то ба синни Ли Синюн, ки 256 сол дошт, расанд. Ӯ дар давоми умри бобаракаташ 23 маротиба оила бунёд намуда, соҳиби 200 фарзанд шудааст.
Боре Ли дар суҳбат бо хабарнигорон иброз  медорад, ки дар 100 соли аввали умраш ба ҷамъовариву фурӯши гиёҳҳои линчжи, буттамеваи годҷи, женшени кӯҳӣ, хишуву ва готакола машғул будааст. Табибон яке аз омилҳои дарозумрии Лиро дар истеъмоли пайвастаи ҳамин гиёҳҳо донистаанд.
Таҳияи Кароматулло АТО


НАҶОТИ МОРИ АЙНАКДОРИ КУБРО
Соли ҷорӣ дар Ҳиндустон хушксолии сахт омада, таъсирашро на танҳо ба одамон, балки ба ҳайвоноту хазандагон низ расонд. Мори айнакдори кубро ба беобӣ тоб наоварда, худро ба деҳаи аҳолинишин расонд. Сокинони маҳаллӣ иброз медоранд, ки кубро базӯр ба деҳа хазида омад ва ҳатто мадори ба касе зарар расонданро надошт. Дар аввал мо аз ӯ тарсидем. Ниҳоят калон буд. Мо ба хазанда об додем ва ба назди духтури ҳайвонот бурдем, то ба ӯ ёрӣ расонад. Зимни ба назди духтур бурдан, мор хубиамонро эҳсос карда, ба нишони сипос дум меҷунбонд. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ҳатто ҳайвонҳову хазандагон низ подоши хубиро медонанд. Бино ба гуфтаи духтур, хазандаи мазкур баъд аз ду рӯз шифо ёфта, ба боғи ҳайвонот интиқол дода шуд.
Таҳияи Раҳматулло КАРИМОВ


АНГУШТПОНА – РАМЗИ МУҲАББАТ
Қариб дар ҳар хонаи тоҷик ангуштпона (ангуштвона, ангуштбона) - ро вохӯрдан мумкин аст. Аз рӯи анъана дар бисоти арӯс ҳатман ин афзорро мегузоштанд.
Онро ҳангоми дӯхтани кӯрпа, кӯрпача, тоқӣ, либос, матои дурушт ва ғайра ба ангушти миёна мепӯшонанд.
Вале,  ба ҳамаи мо, албатта, ихтироъгари он ва сабаби ихтирояш маълум аст. Ҳарчанд номи ин афзор тоҷикӣ мебошад ва чанд аср ҳамчун асбоби муқаррарии рӯзгор истифода мегардад.
Воқеият ин аст, ки ангуштпона дар асри 17 аз ҷониби заргари амстердамӣ Николай Бентонен ихтироъ шудааст. Аз рӯи ривояте онро барои озор наёфтани ангуштони маҳбубааш, ки гулдӯз буд, сохтааст.
Бо вуҷуди ин, шубҳае ба дил роҳ меёбад, ки он бояд моли мо – тоҷикон ва барвақттар ихтироъ шуда бошад. Зеро ин ном, яъне «Ангуштпона» бисёр шоирона аст ва ҳам ин афзор дар рӯзгори мо бештару бештар аз дигар мардум истифода мешавад.
Таҳияи Абдулқодири РАҲИМ


ПАНҶГОНАИ ЗАНОНИ ДАРОЗУМР
1. Шаҳрванди Фаронса Жанна Луиза Калман соли 1875 ба дунё омада, 122 сол умр дидааст.
2. Сара Кнаус бошад, 119 сол умр дида, соли 1880 дар Ҳолливуди Амрико таваллуд шудааст.
3. Мария - Луиза Феброни Мейер соли 1880 чашм ба олам кушода, синаш ба 118 даромада буд.
4. Люси Ханна 117 сол дошта, соли 1875 дар Детройти Амрико ба дунё омадааст.
5. Наби Тадзима бошад, соли 1900 дар Ҷопон зода шуда,  117 сол умр дидааст.
Таҳияи Гулистони ҚАДАМСАИД


КӮДАКОНЕ, КИ ҶАҲОНРО БА ҲАЙРАТ ОВАРДААНД
АЭЛИТА АНДРЕ
Аэлитаи австралиягӣ ҳоло  9 - сола аст, аммо дар доираҳои васеи ҳунар ин духтаракро  аз ҳафт сол пеш мешиносанд. Ӯ ҳанӯз дар дусолагиаш аввалин мусаввараҳояшро ба намоиш гузошта буд. Аммо, наққоширо замоне оғоз намуд, ки ҳамагӣ нуҳ моҳ дошт. Он замон падараш ӯро рӯи қолинчаи фарши хона монда, рангҳоро дар наздаш мегузошту Аэлита онҳоро рӯи фарш пош медод. Дар натиҷаи ин ҳаракатҳои дар аввал барояш завқовар суратҳои зебое пайдо мешуданд. Ин амал ба Аэлита писанд омад. Падараш низ инро пай бурда, ба ӯ хонаи алоҳида ҷудо менамояд, то ҳар рӯз тавонад амали дӯстдоштаашро анҷом бидиҳад. Ҳамин тавр, Аэлита Андре ба рассоми воқеӣ табдил ёфт.
«Би - Би - Си» духтаракро ҷавонтарин рассоми боистеъдод муаррифӣ намудааст. То имрӯз 30 мусаввараи офаридааш ба фурӯш рафт, ки маблағи умумии онҳо  800 000 доллари ИМА - ро ташкил медиҳад. Офаридаҳояш дар намоишгоҳҳои Ҳонконг,  Лондон, Ню – Йорк ва дигар шаҳрҳои дунё ба маъраз гузошта шудаанд.
Таҳияи Фарзона ФАЙЗАЛӢ


1000 ФАКТИ ҲАЙРАТАНГЕЗ
Беақлии гаронарзиш
Менеҷерҳои корчаллон оид ба сайёҳии Олмон ба дӯстдорону шавқмандони саёҳати булаҷаб пешниҳод намуданд, ки ду ҳафта вақти рухсатии худро дар яке аз ҷазираҳои беодами Италия дар шароити асри сангин, яъне неолит ба сар баранд. Аҷибу ҳайратангезаш он буд, ки чунин шавқмандон хеле зиёд пайдо шуданд, то ки рухсатиашонро дар шароити асри санг, яъне дар ғорҳои тангу тираву сард, бе барқу радиову телевизиону телефонҳои мобиливу интернет гузаронанд. Нархи як ҷойи хоб дар ғор барои як шабонарӯз 200 марка буд. Ғизо низ мутобиқи «таомномаи асри сангин» буд ва касе намедонист, ки гӯшти хом ба кадом намуди ҳайвон дахл дорад. Корчаллонҳо аз даромади хуб баҳра мебардорем гуфта, каф ба ҳам мезаданд, вале ҳукумат ба бозори гарми давраи неолит хати батлон зад. Зеро, меҳмонони ғорҳоро баъди ду ҳафта рост ба беморхонаҳо бурданд, то ки аз марг наҷот бидиҳанд. Моликон ва менеҷерони 17 ғори давраи неолитро ба андозаи 17000 марка ҷарима бастанд.
Қурбон МАДАЛИЕВ, тарҷума аз русӣ


ҚОБИЛИЯТҲОИ ҒАЙРИОДИИ ОДАМОНИ ОДӢ
МАНАҲИ ПӮЛОДӢ
Оё дар тасаввуратон меғунҷад, ки инсон манаҳи пӯлодӣ дошта бошад? Радхакришнан Велюи малайзиягӣ ба воситаи дандонҳояш метавонад воситаи нақлиётро кашад. Моҳи августи соли 2007 Радхакришнан қатораи 6 вагонаро, ки 297 тонна вазн дошт, бо дандонҳояш ба масофаи 2 метру 80 сантиметр кашида, оламро ба ҳайрат овард. Воқеан, то ҳол касе ин рекордро нагузоштааст. Баъд аз ин,  мардуми таҳҷоӣ ӯро “Дандоншоҳ” мегуфтагӣ шуданд. Саволе ба миён меояд, ки асрори ин дандонҳои пурқувват дар чист? Ба гуфтаи худи қаҳрамон, ӯ ҳамарӯза бо манаҳаш  машқҳои махсусро иҷро намуда, ба масофаи 25 километр медаваду штанги 250 килограммаро мебардорад.
Ин аст асрори манаҳи пӯлодии Радхакришнан.
Таҳияи Меҳрангез ҚОДИРОВА


МИНТАҚАҲОИ ҶОЛИБ
Ҷазираҳои Канар (Испания) минтақаи ҷолиби сайёҳӣ дар ҳудуди Иттиҳоди Аврупо арзёбӣ шудаанд. Бинобар маълумоти Агентии аврупоии омор («Евростат») давоми як сол сайёҳон дар меҳмонхонаҳои ҳудуди ҷазираҳои Канар ба тахмин 103 миллион маротиба шаб рӯз кардаанд.
Дар мақоми дувум минтақаи Каталония (Испания) қарор дорад, ки давоми як сол сайёҳон дар он 80 миллион маротиба  шаб рӯз кардаанд.
Мақоми савумро соҳилҳои баҳри Адриатик (Хорватия) ноил гаштаанд. Дар меҳмонхонаҳои ин ҷо соле то 75 миллион сайёҳ ҷойгир мешавад.
Таҳияи Умар АЛӢ


10 КИШВАРИ  СЕРТАМОШОБИНИ  ДУНЁ
7. МЕКСИКА
Мексика дар рӯйхати диданитарин кишварҳои олам ҷойи намоёнро ишғол менамояду бо табиати нотак-рор, ёдгориҳои пурмуаммои бостонӣ, осорхонаҳои бузург, иншооти зебои муосир ва урфу одатҳои аҷиби сокинонаш машҳури олам гардидааст. Дар бузургшаҳрҳои кишвар ҳамасола иду фестивалҳои ҷолиб баргузор мегарданд, ки таҷассумгари урфу одатҳои миллии мардуми Мексика мебошанд ва онро беҳуда «ҷаннати сарсабз» нагуфтаанд. Воқеан ҳам, табиати афсункори ин мамлакат ва  соҳилҳои уқёнуси Орому  осоишгоҳҳои замонавии он дар сатҳи олӣ сохташуда, барои дӯстдорони саёҳату фароғат беҳтарин ҷойи дунё маҳсуб мешаванд. Ин аст, ки ҳамасола аз ин диёри афсонавӣ 39, 3 миллион нафар дидан мекунад.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


5  ОДАМЕ, КИ БОРҲО АЗ МАРГ НАҶОТ ЁФТААСТ
4. Весна Вуловна
Номи стюардесса – Весна Вуловна барои  тани танҳо зинда монданаш дар садамаи ҳавопаймо дар китоби «Рекордҳои Гиннес»  ҷой  дода шудааст. Парвози  ҳавопаймои  «Yugoslav Airlines DC – 9», ки 26 январи соли 1972    аз  Копенгаген – пойтахти Дания ба самти   Белград – пойтахти Сербия   сурат гирифт,  ба фоҷиа анҷомид. Он замон  дар  қисмати   борнигоҳдорӣ таркиш рух доду ҳавопаймо ба  болои кӯҳ афтод. Дар натиҷа, мусофирон ва  ҳайати ҳавонавардон пурра ҳалок шуданд, ба ҷуз Весна Вуловна.  Ӯ  дар  қисмати қафои ҳавопаймо қарор дошт.  Аз баландии беш аз  10 ҳазор метр ба кӯҳ бархӯрдани ҳавопаймо ва беосеб  мондани қисмати борнигоҳдории он, албатта, муъҷиза буд. Весна Вуловна бар асари ин ҳодиса  ду - се ҷароҳати вазнин бардошт. Моҳҳо   дар беморхона  бистарӣ  шуд, аммо ҳоло саломату бардам буда, мавриди таваҷҷуҳи ҷаҳониён аст.
Таҳияи Иронбӣ МӮСОЗОДА


«АРЕНА ДИ ВЕРОНА». КУҲАНТАРИН ТЕАТРИ ҶАҲОН
Театри «Арена ди Верона» - и Италия, ки тахминан дар солҳои 30 - юми мелодии мо сохта шудааст, куҳантарин толори амалкунандаи ҳунарии ҷаҳон маҳсуб меёбад.  Амфитеатри мазкур хеле бузург буда, дар як вақт метавонад то 16 000 нафар тамошогарро дар худ ҷой бидиҳад. Бинобар ин, театр ба феҳристи иншооти нодири ЮНЕСКО шомил шудааст.
Арена дар давраҳои мухталиф ҳамчун майдони муҳорибаҳои гладиаторӣ, набардҳои баҳрӣ, намоишҳои сиркӣ, ҷанг бо барзаговҳо ва ҳатто майдони оташ задани бидъаткорон низ хизмат намудааст.
Пас аз заминларзаи соли 1117, ки ҳалқаи берунаи биноро пурра вайрон кард, сангҳои онро барои сохтмони иншооти дигар истифода бурданд.
Айни замон, театр аз моҳи июн то август амал менамояд. Дар ин давра беҳтарин дастаҳои ҳунарӣ ва сарояндагони опера кӯшиш менамоянд, ки ба Верона омада, рӯйи ин саҳнаи «муқаддас» худро бисанҷанд. Дар вақтҳои дигар дарҳои он аз рӯзи сешанбе то якшанбе ба рӯи тамошобинон боз аст.
Ҳамчунин, «Арена ди Верона» бо намоишҳои «Ромео ва Ҷулйетта» - аш дар ҷаҳон машҳур аст. Ин бесабаб ҳам нест, зеро воқеаҳои ин асари машҳури Шекспир дар ҳамин шаҳр мегузаранд. 
Таҳияи Муҳаммадуллоҳи ТАБАРӢ


МАҲФИЛИ «ХАНДАИ ШИФОБАХШ»
Мутахассисони соҳаи тиб пас аз тадқиқоти зиёд ба ин хулоса омадаанд, ки ҳеҷ як давову дармон мисли хандаи самимӣ хастагиро рафъ карда наметавонад.
Бино ба гуфтаи мутахассисони Пажӯҳишгоҳи тандурустии Токио, ҳангоми хандидан мушакҳои рӯй, шикам, диафрагма ва меъда пурра ба кор медароянд. Он барои ҳифзи солимӣ ва дарозумрии инсон хеле муфид аст.
Хандидан барои боз ҳам чуқуртар нафас кашидан ва дар ҳуҷайраҳо захира гардидани оксигени лозима  мусоидат мекунад.
Дар Амрико ба хотири фориғ шудан аз ташвишҳои рӯзгор ва стресс маҳфили «Хандаи шифобахш» амал мекунад.
Равоншиносон иброз медоранд, ки инсон дар як рӯз камаш 10 дақиқа, аз ҷумла занон 13 - 16 маротиба, мардон беш аз 17 маротиба бояд биханданд.
Нависандаи рус Ф. М. Достоевский гуфта буд, ки ба инсон дар лаҳзаҳои хандиданаш нигаред. Хандаи дилкашу самимӣ гувоҳи хубӣ ва сиришти поки инсон аст.
Таҳияи Зикрулло РАҶАБОВ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.10.2018    №: 201    Мутолиа карданд: 639
01.03.2021


ВМКБ. ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ФФТ БАРНОМАИ МАХСУСИ ПРЕЗИДЕНТ БАРОИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ДЕҲОТ

«ҚОНУНИ ТИБ» БОЗНАШР ШУД

ТАЪСИСИ КОРХОНАИ ХУРДИ ИЛМӢ - ИСТЕҲСОЛИИ МАВОДИ ДОРУВОР

КОРВОНИ САЛОМАТӢ ДАР ЛАХШ

27.02.2021


Ҷаҳон дар як сатр

Си Ҷинпин изҳор намуд, ки Чин бар бенавоӣ комилан пирӯз гардид

Масъулиятро нисбат ба он мансабдорҳое, ки душаҳрвандӣ доранд, бояд сахттар намуд

ИМА имкони тамдиди ҳузури низомиёнашро дар Афғонистон истисно намекунад

Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба таҳияи «шиносномаи эмкунӣ» - и ягона ба мувофиқа расиданд

ТЕННИС ВА НАҚШИ «ҶУМҲУРИЯТ» ДАР ОММАВИЯТИ ВАРЗИШ

25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД

22.02.2021


ҶОМИ ФФТ – 2021. "ИСТИҚЛОЛ" МАРОТИБАИ ШАШУМ СОҲИБИ ҶОМИ ФФТ ШУД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МИЗИ МУДАВВАР. БАРРАСИИ МАВЗӮИ КОРКАРДИ НАХИ ПАХТА ТО МАҲСУЛОТИ НИҲОӢ

ХАТЛОН. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНҲОИ ОЯНДАСОЗ

19.02.2021


АЪЗОИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТИИ «ҲИЗБ УТ-ТАҲРИР» БА ДАСТ АФТОДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ДУШАНБЕ. ИҚДОМОТИ БЕСОБИҚАИ ШАҲРДОРӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲАВАСМАНДИИ ҶАВОНОН БА АРТИШ

«САНЪАТШИНОСӢ» ПАДИДАИ НАВ ДАР ҲУНАРШИНОСИИ ТОҶИК

ИММУНИЗАТСИЯ. БЕМОРИИ ФАЛАҶРО ПЕШГИРӢ МЕКУНЕМ!

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед