logo

фарҳанг

МЕҲРГОН. ТАНТАНАҲОИ ҶАШНӢ ДАР ДУШАНБЕ

Кишоварзони шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҷашни касбиашонро дар боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии пойтахт бо дастовардҳои навин истиқбол гирифтанд.  Ба ин муносибат, бо дастгирии роҳбарияти шаҳр намоиши маҳсулоти кишоварзон, дастовардҳои илмии олимону мутахассисони соҳа, ҳунарҳои мардумӣ ва  таомҳои миллӣ барпо шуд. Ҳамчунин,  баҳри болидарӯҳии иштирокчиён аз ҷониби аҳли ҳунари ҷумҳурӣ барномаи рангини фарҳангӣ пешниҳод гардид.
Таҷлили бошукӯҳи Ҷашни Меҳргон бо дастгирию ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо баробари ҷашнҳои Наврӯз ва Сада  ба чорабинии пиру барнои кишвар табдил ёфтааст.
Тибқи иттилои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, дар Ҷашни Меҳргон танҳо дар пойтахти ҷумҳурӣ  бештар аз 5 ҳазор нафар иштирок намуд. Дар майдони баргузории ҷашн се манораи бузурги  тарбузу харбуза ва каду гузошта шуда, гӯшаҳои алоҳидаи беҳтарин анвои меваю сабзавот ва маҳсулоти дигари  кишоварзӣ ташкил ёфта буданд.  Қариб аз тамоми гӯшаю канори мамлакат хоҷагиҳои деҳқонӣ ва олимону мутахассисони соҳаи кишоварзӣ бо натиҷагирӣ аз фаъолияти яксолаи  худ  дастовардҳои илмию таҷрибавӣ, аз ҷумла навъҳои серҳосилу ба тағйирёбии иқлим тобовари ғалла, алафҳои хӯроки чорво, лӯбиёгиҳо, пахтаю  картошка, сабзавоту полизиҳо, инчунин, техникаю таҷҳизоти навтаринро ба намоиш гузоштанд.
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода  эҳёи иди қадимаи мардумиро бо иқдоми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  арҷгузорӣ  ба гузаштаи дури миллати тоҷик маънидод намуд.
- Ҷашнгирии Меҳргон дар фарҳангу тамаддуни тоҷикон ҷойгоҳи ба худ хос дошта, мардуми мо, сарфи назар аз фишори аҷнабиён, давоми ҳазорсолаҳо арзишҳои волои онро дар хотираи таърихии хеш чун дурри гаронбаҳои маънавӣ ҳифз кардаанд ва  ба таври барҷаста  таҷлил мекарданд. Истиқболи гарми Меҳргон дар саросари кишвар имрӯзҳо  яке аз рукнҳои муҳими худшиносии миллӣ маҳсуб меёбад, - гуфт Абдуҷаббор Раҳмонзода. 
Дар натиҷаи ташкили намоишҳои маҳсулоти кишоварзӣ дар ин ҷашн, ки ба рӯзҳои ҳосилғундорӣ ва омодагиҳо ба кишту кори минбаъда рост меояд, мутахассисони соҳа, хусусан ходимони ҷавони илмӣ,  имконият пайдо намуданд, ки  ихтироот ва таҷрибаҳои нави кишоварзиро ба деҳқонону барзгарон пешкаш намоянд. Ин амал боиси ҳамкории зичи олимону мутахассисон бо кишоварзон шуда,  ҳавасмандии ҷавононро ба тадқиқоти илмӣ дар ҷодаи кишоварзӣ бештар менамояд.
Дар хотимаи чорабинӣ ба кишоварзони пешқадам, аз ҷумла «Полизкори беҳтарин», «Қутоспарвари беҳтарин», «Механизатори беҳтарин»  туҳфаҳои хотиравӣ ва ба ҳар кадом 1000 сомонӣ мукофотпулӣ дода шуд.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.10.2018    №: 202    Мутолиа карданд: 427
25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД

22.02.2021


ҶОМИ ФФТ – 2021. "ИСТИҚЛОЛ" МАРОТИБАИ ШАШУМ СОҲИБИ ҶОМИ ФФТ ШУД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МИЗИ МУДАВВАР. БАРРАСИИ МАВЗӮИ КОРКАРДИ НАХИ ПАХТА ТО МАҲСУЛОТИ НИҲОӢ

ХАТЛОН. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНҲОИ ОЯНДАСОЗ

19.02.2021


АЪЗОИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТИИ «ҲИЗБ УТ-ТАҲРИР» БА ДАСТ АФТОДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ДУШАНБЕ. ИҚДОМОТИ БЕСОБИҚАИ ШАҲРДОРӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲАВАСМАНДИИ ҶАВОНОН БА АРТИШ

«САНЪАТШИНОСӢ» ПАДИДАИ НАВ ДАР ҲУНАРШИНОСИИ ТОҶИК

ИММУНИЗАТСИЯ. БЕМОРИИ ФАЛАҶРО ПЕШГИРӢ МЕКУНЕМ!

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

РАШТ. ҲАДАФИ ЧОРУМИ МИЛЛӢ ЗИНДАГИРО РАНГИ ДИГАР МЕБАХШАД

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ҲУНАРҲОИ ОРОИШӢ АЗ САНГ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БЕШ АЗ 108 000 ТОННА МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

ЭКОЛОГИЯ. НАҚШАИ НИҲОЛШИНОНӢ 30 ДАРСАД ЗИЁД ИҶРО ГАШТ

НОРАК. АВЛАВИЯТ БА КИШТИ ТАКРОРӢ

16.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶАҲОН

Навидҳои фарҳанг

15.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед