logo

фарҳанг

ШОД БОШЕД, МЕҲРГОН ОМАД!

Меҳргон ва Наврӯз аз даврони бостон дар байни мардумони ориёитабор ҷашнҳои бузург дониста мешуданд. Агар Наврӯз оғози баҳор ва эътидоли баҳории Хуршед дар бурҷи ҳамал бошад, Меҳргон оғози нимаи дувуми сол ё ҳулули Хуршед дар бурҷи мизон аст.
Меҳргон аз вожаи «Меҳр» корбаст шудааст, ки шакли аввалаи он «Митра» - номи яке аз эзидони бузургтарини ориёиён аст ва ҳазору чаҳорсад сол пеш аз мелод дар сангнавиштаҳо ҳак шудааст. Дар Авасто низ суруди зебое мансуб ба Меҳр аст. Дар осори санскрит, хосса, дар Видоҳо, ки қадимтарин ҷузъи он Регвидо аст, мо иттилоеро роҷеъ ба ин эзид вомехӯрем. Ин ҷашн, тибқи тақвими зардуштӣ, дар рӯзи 16-уми моҳи Меҳр (баробар ба 8-уми моҳи октябри солшумории мелодӣ), дар миёнаи фасли тирамоҳ, баъди ғунучини ҳосили деҳқонӣ баргузор мегардад. Тибқи гоҳшумории авастоӣ, ҳар як моҳ аз сӣ рӯз иборат буд, ки номи он рӯзҳо ҳар яке бо номи яке аз эзидон номгузорӣ шудааст. Чун номи шонздаҳуми ҳар як моҳ Меҳр буд, дар баробар омадани рӯзи Меҳр ва моҳи Меҳр ба «Меҳр» пасованди «гон»-ро изофа намуда, Ҷашни бузурги Меҳргонро созмон додаанд.
Роҷеъ ба пайдоиши Ҷашни Меҳргон сароғоз аз сарчашмаҳои бостонӣ маълумоти  зиёде мавҷуд аст. Абурайҳони Берунӣ дар «Осор-ул-боқия» чунин навиштааст: «Меҳрмоҳ рӯзи аввали он Ҳурмуздрӯз аст ва рӯзи шонздаҳум Меҳр аст, ки иди бузурге аст ва ба Меҳргон маъруф аст, ки хазони дувум бошад ва ин ид монанди дигар аъёд (идҳо) барои умуми мардум аст. Ва таъсири он дӯстии ҷон аст. Ва гӯянд, ки Меҳр номи офтоб аст ва чун дар ин рӯз офтоб барои аҳли олам пайдо шуд. Ин аст, ки ин рӯзро Меҳргон гӯянд ва далел бар ин гуфтор он аст, ки аз оини Сосониён дар ин рӯз ин буд, ки тоҷеро, ки сурати офтоб бар ӯ буд, ба сар мегузоштанд ва офтоб бар чархи худ дар он тоҷ савор буд».
Дар даврони куҳан аз маъмултарин ва ҷолибтарин русуми ин ҷашн оростани хони меҳргонӣ будааст, ки хеле бошукӯҳ сурат мегирифтааст. Дар Меҳргони бузург шоҳ намояндагони вилоятҳо ва шаҳрҳои кишварашро қабул мекард. Онон барои шоҳ ва ғанӣ гардондани хазинаи давлат туҳфаҳо меоварданд.
Дар давоми ҷашн дар ситоиши Меҳргон ҳар рӯз оҳанг ё лаҳне иҷро мегардид, ки онҳо «Меҳргонӣ», «Меҳргони бузург», «Меҳргони хурдак» ва ғайра ном доштанд.
Дар рӯзи Меҳргон бомдодон шоҳи Сосонӣ ҷомаи махсусе, ки аз матои бурди «Ямонӣ» ва зарбофти гаронбаҳо таҳия мегардид, дар бар мекард. Тоҷи махсусро, ки нақши хуршед дошт, бар сар мениҳод. Дар толори бузург менишаст ва мардуми аз вилоятҳо ва ҷойҳои дуру наздик омадаро мепазируфт ва ҳадияҳояшонро қабул менамуд.
Ҳоло ҳам ин ҷашн дар байни зардуштиён шукӯҳу ҳашамати пешинаи худро гум накардааст. Ҷашни Меҳргонро дар бадали шаш рӯз, бо риояи анъанаҳои бостонии ҷашнгузорӣ таҷлил менамоянд, ки хеле аҷиб аст. Дар ин рӯз либоси нав мепӯшанд, шодиву хурсандӣ мекунанд, даруни мурғро бо маводи ғизоӣ пур карда мепазанд. Дар рӯи дастархони меҳргонӣ оина, сурмадон ва китоби «Авасто» мегузоранд. Атрофи хони меҳргониро бо овшан - пудинаи кӯҳӣ оро медиҳанд. Дар болои хони меҳргонӣ шарбат, гулоб, ширинӣ, сабзавот, меваҳои анор, себ, ангур ва гулҳои рангоранг мегузоранд. Гузоштани чанд сикаи нуқра, санҷиду бодому писта ва дар зарфе оби хушбӯи овшинро риоя менамоянд. Дар атрофи хон шамъҳоро фурӯзон ва дар зарфе испанд дуд мекунанд.  Агар дар ин рӯз тифле ба дунё ояд, номе бар ӯ мегузоранд, ки вожаи «меҳр» дар он бошад: Меҳрдод, Меҳрноз, Меҳрбону, Меҳрваш, Меҳрдухт, Меҳрон, Меҳрубон, Меҳроб…
Шуарои некбину озодандеш бо ифтихор аз гузаштаи ниёгони худ ёд намуда, бар васфи Меҳргон шеърҳои зиёде эҷод намудаанд. Устодони бузурги мо Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Манучеҳрӣ, Масъуди Саъд, Анварӣ ва дигарон аз Меҳргон бо эҳтиром ва ифтихори бузург ситоиш кардаанд.
Рӯдакӣ ба муносибати фарорасии Ҷашни Меҳргон яке аз маликони Сомониёнро табрик намуда, таъкид кардааст, ки Меҳргон ҷашни шоҳону хусравон мебошад
Малико, ҷашни Меҳргон омад,
Ҷашни шоҳону хусравон омад.
Оинҳои меҳргонӣ, хусусан дар байни кишоварзон, то рӯзгори мо нигаҳдорӣ шудаанд. Аҳли деҳаҳо ҷашнҳои бузург меороянд ва дастархонҳояшонро бо анвои меваҳо, тарбузу харбуза, сабзаҷот ва хӯришҳои дигар ороста, дар атрофи хони пурнозу неъмат таронасароӣ менамоянд, дафу тамбӯру  дутор навохта, рақсу бозӣ мекунанд ва ин шодиву сурур то бегоҳ идома меёбад. Мардум Ҷашни Меҳргонро бо нияте баргузор менамоянд, ки ҳамасола кишти деҳқониашон фаровон гардад, рӯзгорашон  осуда бошад, баракат аз хонадонашон канда нашавад, молашон  бегазанд бошад ва Худои мутаол онҳоро аз балоҳо нигаҳ дорад.
Рӯзии АҲМАД, фолклоршинос


 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.10.2018    №: 203    Мутолиа карданд: 464
25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД

22.02.2021


ҶОМИ ФФТ – 2021. "ИСТИҚЛОЛ" МАРОТИБАИ ШАШУМ СОҲИБИ ҶОМИ ФФТ ШУД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МИЗИ МУДАВВАР. БАРРАСИИ МАВЗӮИ КОРКАРДИ НАХИ ПАХТА ТО МАҲСУЛОТИ НИҲОӢ

ХАТЛОН. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНҲОИ ОЯНДАСОЗ

19.02.2021


АЪЗОИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТИИ «ҲИЗБ УТ-ТАҲРИР» БА ДАСТ АФТОДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ДУШАНБЕ. ИҚДОМОТИ БЕСОБИҚАИ ШАҲРДОРӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲАВАСМАНДИИ ҶАВОНОН БА АРТИШ

«САНЪАТШИНОСӢ» ПАДИДАИ НАВ ДАР ҲУНАРШИНОСИИ ТОҶИК

ИММУНИЗАТСИЯ. БЕМОРИИ ФАЛАҶРО ПЕШГИРӢ МЕКУНЕМ!

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

РАШТ. ҲАДАФИ ЧОРУМИ МИЛЛӢ ЗИНДАГИРО РАНГИ ДИГАР МЕБАХШАД

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ҲУНАРҲОИ ОРОИШӢ АЗ САНГ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БЕШ АЗ 108 000 ТОННА МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

ЭКОЛОГИЯ. НАҚШАИ НИҲОЛШИНОНӢ 30 ДАРСАД ЗИЁД ИҶРО ГАШТ

НОРАК. АВЛАВИЯТ БА КИШТИ ТАКРОРӢ

16.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶАҲОН

Навидҳои фарҳанг

15.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед