logo

фарҳанг

НАҚШУ НИГОР ДАР ЗАРФҲОИ САФОЛИИ АҲДИ БОСТОН

Нақшу нигор аз қадимтарин анвои эҷодиёти бадеӣ маҳсуб мешавад. Дар даврае, ки одамон ба эҷоду офариниши забон ва хат даст наёфта буданд, нахустин дарку фаҳмиш,  бардошту таассурот ва тасаввуроташонро аз олами атроф тавассути  нақшҳо ифода мекарданд. 
Нақшу нигор дар  рӯйи зарфҳои сафолӣ, аз ҷумлаи чунин эҷодиёти  бадеии аҳди бостон аст. Одамони қадим аз давраи асри санг – неолит,    пас аз оне, ки зарурати захираи хӯрокро дарк карда, ба истеҳсоли зарфҳои гилӣ шурӯъ намуданд, санъати кулолӣ рӯ ба инкишоф оварда, дар ҳазораи VI то милод истеҳсоли зарфҳои мунаққаш роиҷ  гардид.
Қадимтарин намунаи зарфҳои сафолӣ, ки шакли дурушту сода ва нақшҳои гуногун доштаанд, дар аҳди биринҷ ба вуҷуд омадаанд. Намунаҳои беҳтарини кулолии қадимаи тоҷиконро бостоншиносон аз ёдгориҳои Саразм, Дашти Қозӣ, Ғелот, Кангурт, Қайроққум, ёдгориҳои маданияти Вахш, ки ба асри биринҷ мансубанд, кашф намуданд.    
Пажӯҳишгарони таърихи санъати тасвирӣ бар ин ақидаанд, ки дар зарфҳои сафолии содаи қадима хатҳои на чандон дарози амудӣ рамзи борон, хатҳои мавҷнок ва уфуқӣ рамзи оби ҷории рӯду дарёҳо мебошанд. Нақшҳои нуқтагии гирди ҳам тасвиршуда рамзи дона ва нақшҳои чоркунҷаи гуногуншакл рамзи замини кишт мебошанд.
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон гӯшаи алоҳидае ба асри биринҷӣ бахшида шудааст,  ки дар  он намунаи олии зарфҳои сафолии зикргардида ба намоиш гузошта шудаанд. Дар аксари зарфҳо нақшҳои гуногун таҷассум гардида, аз ҳунари баланди кулолгарон шаҳодат медиҳанд.
Намунаҳои олии зарфҳои мунаққаши сафолиро бостоншиносон аз Саразм  ба даст овардаанд. Саразмиён зарфҳоро ҳам дастӣ ва ҳам дар чарх сохта, бо истифода аз ангоб дар онҳо нақшҳои гуногунро мекашиданд. Дар зарфҳои Саразм нақшҳои ҳандасии шикаста, панҷара ва мавҷӣ, инчунин, хатҳои амудӣ ва уфуқӣ мавҷуданд. Зарфи калони обгирӣ ва пораҳои шикастаи зарфҳо, ки дар экспозитсияи Осорхонаи миллӣ дар намоишанд, бо рангҳо ва нақшҳои гуногуни худ ҳар бинандаро дар ҳайрат мегузоранд. Маҳз дар ин гуна нақшу тасвирҳо ҳунари волои гузаштагони мо баръало намоён мешавад. Ҳамзамон, дар ин ҷо деворпораи сафолӣ бо тасвири салиби шикаста низ мавҷуд аст, ки таърихи ниҳоят қадим дорад. Тасвирҳо дар шакли салиби шикаста дар маркази зарфҳои мансуби асри биринҷи минтақаи Кӯлоб низ ба хубӣ нақш ёфтаанд. Салиби шикаста яке аз қадимтарин нақшҳое мебошад, ки мо намунаҳои гуногуни онро дар ёдгориҳои мансуб ба санъати тасвирию амалӣ, ороишию меъморӣ ба хубӣ мушоҳида карда метавонем. Ин нақшро қариб дар ҳамаи давру замон санъаткорону ҳунармандони халқу миллатҳои гуногун  истифода  менамуданд. Нақши салиби шикас- та бештар ба тасаввуроти одамони қадим нисбат ба низоми офтобӣ алоқаманд буда, пажӯҳишгарон онро ҳамчун рамзи Офтоб, чор унсури асосии ҳаёт – хоку боду обу оташ ва чор самти дунё маънидод менамоянд.
Дар зарфҳои сафолии Дашти Қозӣ бештар хатҳои амудӣ ва уфуқӣ ба назар мерасанд. Бояд ёдовар шуд, ки зарфҳои ин ёдгорӣ ранги сиёҳтоб дошта, дар чархи кулолӣ омода мешуданд. Хурмаҳои аз ин ёдгорӣ бадастомада басо нафис буда, нақшҳои онҳо ба  таври  аъло намудоранд. 
Нақшҳои зарфҳои сафолии мансуб ба маданияти Вахш низ ҷолибу ҷаззоб мебошанд. Аксар нақшҳои зарфҳои сафолии мансуб ба ин маданият бо усули харош офарида шудаанд ва бостоншинос Л. Т. Пянков чунин нақши зарфҳоро шонагӣ номидааст. Дар зарфҳои сафолӣ нақшҳои секунҷа, нуқта ва хати гардишдор низ ба назар мерасанд. Ғайр аз ин, дар бархе аз зарфҳои ёдгории Вахш тасвирҳои зооморфӣ низ инъикос ёфтаанд, ки бо ангоби сурхи ҷигарӣ кашида шудаанд. Тасвирҳо, асосан, дар шакли бузи кӯҳии дарозшох буда, дар бадани онҳо нақшҳои нуқтагӣ акс гардидаанд. Шояд бузҳои кӯҳии холдор дар ин минтақа зиёд буда, аз ҷониби сокинон сайд мешуданд. Онҳо ба ҳазораи II то мелод мансубанд.
Нақшу нигор дар рӯи зарфҳои сафолӣ таҷассумгари тарзи зисту зиндагӣ, расму оин, шуғл ва эътиқодоту боварии одамони давраи таърихӣ буда, Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳз тавассути ин бозёфтҳои дар экспозитсия гузошташуда насли имрӯзаро бо таъриху фарҳанги гузаштагонамон ошно намуда, ҳисси баланди худшиносӣ, ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои таърихию фарҳангии аҳди  бостонро  дар  замирашон  тақвият  медиҳад. 
Мафтун ҚИМАТШОЕВ, корманди Осорхонаи
миллии Тоҷикистон

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.10.2018    №: 203    Мутолиа карданд: 629
04.03.2021


ФОРУМИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ЗАНОН

ШАҲРИНАВ. ГУЛГАШТИ НАЗДИ МУҶАССАМАИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА НАВСОЗӢ МЕШАВАД

КАМОНВАРӢ

Муассисаҳои таълимии олии Россия дарҳояшонро барои донишҷӯёни хориҷӣ боз намуданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

03.03.2021


Мулоқоти Зулфия Давлатзода бо Мирвайс Ноб

Дар Доғистон хотираи ҳалокшудагони ҷангро гиромӣ медоранд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. СИТОРАҲОИ ДУРАХШОНИ ВАРЗИШИ ТОҶИК

ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ДӮСТӢ ВА ҲАМКОРИИ СҲШ ДАР ТОҶИКИСТОН

ҚУЛЛАИ «РАҲИМ МАСОВ» ДАР ИШКОШИМ

ҶОМИ КФО – 2021

Путин ҷиҳати муколама бо ИМА ва дигар кишварҳо омода аст

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.03.2021


ВМКБ. ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ФФТ БАРНОМАИ МАХСУСИ ПРЕЗИДЕНТ БАРОИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ДЕҲОТ

«ҚОНУНИ ТИБ» БОЗНАШР ШУД

ТАЪСИСИ КОРХОНАИ ХУРДИ ИЛМӢ - ИСТЕҲСОЛИИ МАВОДИ ДОРУВОР

КОРВОНИ САЛОМАТӢ ДАР ЛАХШ

27.02.2021


Ҷаҳон дар як сатр

Си Ҷинпин изҳор намуд, ки Чин бар бенавоӣ комилан пирӯз гардид

Масъулиятро нисбат ба он мансабдорҳое, ки душаҳрвандӣ доранд, бояд сахттар намуд

ИМА имкони тамдиди ҳузури низомиёнашро дар Афғонистон истисно намекунад

Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба таҳияи «шиносномаи эмкунӣ» - и ягона ба мувофиқа расиданд

ТЕННИС ВА НАҚШИ «ҶУМҲУРИЯТ» ДАР ОММАВИЯТИ ВАРЗИШ

25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед