logo

фарҳанг

БОҒИ АЛИШЕРИ НАВОӢ. МАКТАБИ ТАРБИЯИ АХЛОҚӢ ВА ФАРҲАНГИ ҲАМСОЯДОРӢ

Боре шоири овозаманд, муаллифи шеъри ба ҳамаамон писанд: "Ман ориёиям", устод Масъуди Сипанд, ки дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико зиндагӣ дорад ва барои лаҳзае дар фазои фарҳанги ҳамзабонони ориёитабор зистан, гоҳ - гоҳ ба Тоҷикистон ташриф меоварад, чунин гуфта буд: «Шояд шумо, аз ин ки дар хонаи худед, мисли ман ба равшанӣ пай намебаред, ки ҳар сол бо чӣ суръате кишвари шумо дигаргун мешавад. Ва ҳар бор, ки ба Тоҷикистон меоям, ин дигаргуниҳо маро дар ҳайрат меоваранд. Дар кӯчае, ки ду сол пеш биноҳои назарногир ба чашм мехӯрданд, акнун биноҳое қомат афрохтаанд, ки гӯё бо сеҳри чароғи Аловуддин аз афсонаҳои «Ҳазору як шаб» бунёд шудаанд. Боғҳову гулгаштҳое бунёд гаштаанд, ки ҳамсонашонро на дар ҳама кишварҳои аз нигоҳи иқтисодӣ  пешрафтаи Аврупову Амрико дидан мумкин аст».
Дар ҳақиқат меҳмони гиромии мо, ки ба кишвари тоҷикон ҳамчун ба зодбуми хоҳарону бародаронашон ниҳоят хушбин мебошанд, дуруст дарёфтаанд. Инҷонибро низ дар пойтахти кишварамон ба таври афсонавӣ бунёдсозии чорбоғу гулгаштҳо дар ҳайрату шигифт нагузошта наметавонад. Боғистону чаманзор сохтани кӯчаву хиёбонҳо, аз масофаҳои дур, аз ҷумла аз боғҳои Аврупои Ғарбӣ харида, ба пойтахт овардани на танҳо ниҳолҳои дарахтони шоҳбулут, коҷ, булут (русиаш «кедр»), сарви равон (русиаш «ел - ёлка»), балки аз масофаҳои дури кишвар ба боғҳои нави Душанбе кӯчондани дарахтҳои умри даҳсолаву бистсола дошта, бечунучаро аз ташаббус, аз биниши ободсоз, аз майлу рағбати дар зебоиву шоистагӣ дидани Ватани азизамон, аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад.
Чанде пеш ҳангоми сайри боғи фарҳангии ба тозагӣ оростаи ба номи Низомиддин Мир Алишери Навоии шаҳри Душанбе бо як эҳсоси болидагиву ифтихор аз табъу завқи баланд ва зеҳни парвардаи шахсияти офаридаи он боғ, дар дилам хоҳиши навиштани ин сатрҳо пайдо шуд. Беихтиёр кунҷковие фарогирам шуд, ки табииву воқеӣ мебошад, зеро ҳар гоҳ чашм ба офаридаи нобу ороставу пероста мерасад, ба худии худ хоҳиши донистани муаллифи он лоиҳа ба зеҳн меояд. Ва бо як хушҳолӣ дарёфтам, ки муаллифи ин чорбоғи зебое, ки ҳамзамон нақши мактаби тарбияи ахлоқӣ, фарҳангӣ, адабӣ, зебоишиносӣ, кишваршиносӣ, меҳанпарастӣ, шаҳрнишинӣ, хештаншиносиву тоҷикшиносӣ, арзишҳои бародариву ҳамсоягӣ бо ҳамҷаворони Ӯзбекистон ва як силсила арзишҳои дигарро иҷро мекунад, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муаллима Раҳмон Озода Эмомалӣ будаанд. Ва дар ҳайрат мондам, ки  давлатбонуи аз ҳама пуркору серташвиш чӣ гуна фурсат пайдо кардаанд, ки бунёди чорбоғеро бо ин нозукиҳову оростагиҳо ва дорои маънии  баланди маърифатӣ тарҳрезӣ ва зери назорати шахсӣ гирифтаанд. Ҳамчунон, дарёфтам, ки дар роҳи татбиқи шоистаи дастури ояндасози Пешвои муаззами миллат - то рӯзи Ҷашни фархундаи 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ободу сарсабз гардондани шаҳру деҳоти кишвар, беҳсозии зиндагии маишии мардум, ин боғи зебо армуғони шоиста мебошад. Ба пиндори ман, ин ташаббуси наҷиби Сарвари давлатро пеш аз дигарон ҷонибдорӣ кардани фарзандони фарзонаи хонадони шарифи он кас, худ гувоҳи ҳамдилии гурӯҳи муташаккили  пуркору донишманду тавонояшон мебошад. Инро дар талошҳои боровару амалии  раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ низ метавон бо равшанӣ дид. Инро ҳатто дар рафтуои ботартиби автомашинаҳои пойтахт, муносибатҳои боодобонаи кормандони ҳифзи ҳуқуқ бо мардум ва навгониҳои бешумори дигар метавон пай бурд.
То Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти кишварамон мо - мардуми Тоҷикистон бояд ба пиндору гуфтору кирдорамон низ тобиши нав бахшида, асолати ориёии худро дубора дарёбем. Ва боғи фарҳангии ба номи Низомиддин Мир Алишери Навоӣ дар ин росто метавонад намунаву меъёр  бошад. Дар ин ҷо мехоҳам дарёфтҳои худро изҳор бидорам, то ки биниши бунёдгарони ояндаи чорбоғу гулгаштҳоро дар саросари кишвар ба нукоти зерини дар боғи  Мир Алишери Навоӣ бозтоб гардида, ҷалб намоем. Пеш аз ҳама, он чӣ маро бештар ба худ ҷалб кард, ин аст, ки муаллиф, яъне муаллима Раҳмон Озода Эмомалӣ хеле оқилона дарёфтаанд, ки аз роҳи сайругашт дар чаманзор мебояд зеҳнҳои мардумро ба амалӣ гардондани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» равона кард. Ин қонун, ки бо хирадгароии Пешвои муаззами миллат тадвин гардида буд, ба бознигарӣ ва бозёбии арзишҳои беҳтарину куҳантарини халқи тоҷик - тарбияи фарзанд нигаронда шудааст. Дар ин маврид бояд қоил шуд, ки мо - тоҷикон баъзе арзишҳои хуби ориёии худро зери таъсири падидаҳои носолими бегонапарастӣ, ки бештар аз роҳи расонаҳои хабарии электрониву наворҳои видеоӣ, таблиғоти шабакаҳои телевизионии бегона ба зеҳнҳои ҷавононамон ҷой гирифтааст, аз даст додаем. Чуноне гоҳ – гоҳе ба чашм мехӯрад, эҳтироми фарзанд ба падару модару падаркалону модаркалон, эҳтироми наврасону ҷавонон ба калонсолону меҳтарон, рӯ ба китобхониву донишандӯзӣ овардан ва монанди он то андозае коста шудаанд. Ҳамин аст, ки дар гӯшаҳои чорбоғ муҷассамаҳои пурмаъно бо як ҳунари баланди пайкартарошӣ ҷой гирифта, тамошогарро ба сӯйи худ ҷалб менамоянд. Дар яке аз он пайкараҳо намоди  модару духтари болои  нимкат нишаста бозтоб гардидааст, ки модар рӯйи дастонаш китоби кушода дар ҳолати хондани матлабе мебошад.   Пайдост, хониши модар диққати духтарашро ба худ ҷалб намудааст, зеро духтар сари худро ба тарафи модар моил намуда, ба китобхонии ӯ бодиққат гӯш фаро медиҳад. Яқин аст, ки модар саргузашти шахси хирадманде ё панду андарзҳои бузургонро аз саҳифаҳои китоб барои духтараш мехонад. Дар тандиси дуюм пайкари падару писар офарида шудааст. Падари ҷавон рӯйи даст китоби кушода болои  нимкат нишаста, аз  писар маъниеро мепурсад. Писарак, ки рӯйи по воистодааст, ангушти ишора ба саҳифаи китоб бурда, чизеро аз падар мепурсад.
Дар муҷассамаи дигар намоди бобокалон ва наберааш духтараки 10 - 12 - сола, бознамоён шудааст, ки ҳар ду рӯйи нимкат нишастаанд. Набера китоби кушода рӯйи даст, дар ҳолати хондани матлабе қарор дорад ва бобо бо як ҷиддият ба китобхонии набера гӯш фаро медиҳад.
Тандиси чаҳорум пайкараҳои бобо, падар ва писарро инъикос намудааст, ки дар як дасти бобо асо ва дасти дигарашро набера дошта, ҳар се ба роҳ равонанд. Пайкари падари ҷавон ишора ба суханрониҳояш дорад, ки писари наврас бо тамоми ҳастӣ ҳушашро ба гуфтаҳои падар банд карда, ҳамзамон дасти боборо гирифтааст. Чеҳраи бобо, ки ба табассум моил аст, таҷассумгари ризоияти ӯ аз гуфтаҳои писар аст. Яъне, падари солхӯрда бар он бовар аст, ки корҳои анҷомдодаи ӯ барҳадар нахоҳанд рафт. Онҳоро писару набера идома хоҳанд дод. Дар як дасти пирамард ҷой доштани асо, дар самти чапи ӯ қарор доштани писараш ва дасти дигарро ба набера додан, ба гусаста нагаштани наслҳо, аз таҷрибаи бобоён баҳра гирифтан ва дар пирӣ асову такягоҳи падарону бобоён будан ишора дорад.
Равшан аст, ки ҳар як муҷассама ба ин чорбоғи ороста мазмуну мундариҷаи тарбиявӣ бахшида, дархӯри андешаест, ки дар нигоҳи нахуст на ҳар кас метавонад ба фалсафаи дар он ниҳон буда дарбиравад. Аммо, чун ба шарҳи мазмуну муҳтавои онҳо дар расонаҳои хабарӣ, яъне рӯзномаҳо ва радиову телевизион саҳифаҳо бахшида шаванд ва ҳамчунон, раҳнамои фишурдае (буклет) таълиф гардад, мардум аз он хубтар баҳравар хоҳанд шуд.
Бояд гуфт, ки мо дар офариниш ва нақши ин пайкараҳо  ҷавҳари мардуми тоҷикро дармеёбем, ки китобнависӣ ва китобпарастии тоҷикон реша дар ҳазорсолаҳои фаротаърихӣ дошта, аз рӯзгори офариниши нахустин китоби ҷаҳониён, ҳанӯз аз таълифи «Авасто» сарчашма мегирад. Модари тоҷик ҳатто зери сари кӯдакони дар гаҳвора орамидаашон девони Ҳофиз ё Бедилро мегузошт. Дар чорбоғи ба номи Мир Алишери Навоӣ низ намоди китоб ва ҷойгоҳи китоб дар тарбия намудани фарзанд, пеш аз ҳама, чашмгир аст ва ба сайругашту истироҳати мардум маънии андешамандӣ бахшидааст. Рӯ овардан ба китоб, омӯзиши илмҳои замона ва забонҳои хориҷӣ, омӯзаву насиҳатҳоест, ки ҳамвора Пешвои муаззами мо ба ҷавонон таъкид медоранд. Баҳра гирифтан аз хиради гузаштагонамон дар пойдории оила, тарбияи шоистаи фарзандон ва масъулияти ҷиддӣ доштан дар назди ҷомеа барои ба воя расондани насли солим таъкидҳоест, ки дар ин маврид дар Паёми навбатии худ: 23 январи соли 2015 - ро Соли оила унвон дода буданд.
Дар баробари ин, чор муҷассамаи ёдшуда, рӯйи чаманҳои боғ пайкараҳои рамздори товус ва кӯзаи сафолин рехта шудаанд, ки на танҳо он чаманзоронро оро додаанд, балки дархӯри маъниҳое мебошанд, ки бо чашмони хушбин метавон рамзҳои онҳоро пай бурд. Товуси хушхиром, думи калону пурнақши худро кушодааст, вале он нақшу нигори аз думи товус таровида чаманзорро гулистон гардондааст, зеро доман – доман гулҳои хурди сурху арғувонӣ, зарду бунафшу сафед рӯйи чаман аз нақшу нигори думи товус пареш хӯрдаанд. Кӯзаҳои ба як тараф моилшуда низ гӯёву шоирона офарида шудаанд. Аз кӯзаҳои хамгашта, ки маъмулан бояд об ҷорӣ шавад, гулҳои гуногуни зебо ҷорианд. Яъне, об аст, ки ҳамаро сарсабзу хуррам мегардонад,  шукуфтанҳову таровати  гулҳо аз об аст. Ин манзара зеҳни бинандаро ба ҷойгоҳи об дар ободонии сарзамин ва ҳатман ба бузургдошти об, ки аз талошҳои даҳсолаи Сарвари давлатамон дар арсаи байналмилалӣ бархостааст, равона хоҳад намуд.
Завқу салиқаи парвардаи муаллимаи гиромӣ аз он низ намоён аст, ки дар фазои боғ мусиқии дилнишину ором пахш мегардад,  хеле маҳину гӯшнавоз, на ба сони баъзан оҳангсароиҳои ба истилоҳ ҳангомахоҳу гӯшхарош. Ҳамчунон, дар гӯшае қаҳвахонаи хурдакаки ҷавобгӯи замон бино шудааст, ки кас метавонад бо ҳамроҳи худ ё бо оилаи худ чанде пеши мизи як пиёла чой ё қаҳва нишаста суҳбатороӣ кунад. Ба бозии кӯдакон низ аҳамияти хосса дода шудааст. Дар ҷой - ҷойи чорбоғ василаҳои бозиву хушии кӯдакон ва ҳатто дастгоҳи варзишии машқи бозувон, насб гардидаанд. Дар саросари гулгаштҳо ба сурати хеле оқилона нимкатҳо барои нишасти 3 - 4 нафар гузошта ва дар паҳлуи ҳар кадоме аз онҳо қуттии партов ҷой дода шудааст, ки бо як тарҳи зебо сохта шудаанд. Бояд гуфт, ки ҳатто он қуттиҳо ба тарбияи одамон, ба риояи ойини шаҳрнишинӣ нигаронда шудаанд. Яъне, инсони ботарбия бояд зистгоҳи худ, маскану маъво, шаҳри худро пок нигоҳ дорад, нагузорад, ки муҳити зисташ олуда гардад.
 Пас аз омӯхтани тандиси Мавлоно Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ ва Низомиддин Мир Алишери Навоӣ, ки аслан як асари  фундаменталии баёнгари фарҳанговариву хирадгароии миллати тоҷик, донишсолории гузаштагонамон ва, албатта, дӯстиву ҳамзистии бародарвори мардумони тоҷику ӯзбек аст, хостам бо муаллифи пайкара суҳбате дошта бошам. Хушбахтона, он касро чанде пас пайдо кардам. Чун рӯзҳои омодагирӣ ба кушодашавии боғ ва ташрифи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар назар буд, чанде пас пайкартарош ба он ҷо омаданд. Маълум шуд, ки он кас тандисгари ботаҷриба  ва шинохта, Арбоби ҳунари Тоҷикистон, профессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров Ғафурҷон Ҷӯраев будаанд. Барои интихоби меъмори шоиста раиси шаҳри Душанбе бо қарори худ озмун эълон намуда будаанд ва лоиҳаи пешниҳодгардидаи ҳунарманди чирадасти хуҷандӣ аз ҳама бартар дониста шуда, муаллифаш сазовори офаридани ин пайкараи зебову гӯё гардидаанд. Аз дарёфтҳои эҷодии ӯ ҳувайдо буд, ки пайкартарош шахси ворид дар адабиёти тоҷику ӯзбек буда, аз андешаҳои тасаввуфии адабиётамон огоҳии басанда доштааст ва бояд гуфт, ки андешаҳои муаллима Раҳмон Озода Эмомалиро тавонистааст бо як маҳорати баланд пурра таҷассум намояд. Чунончи ҳайкалтароши мумтоз пайкари Абдураҳмони Ҷомиро дар зинаи ҳафтуми рамзии ирфон ва Алишери Навоиро дар зинаи шашум ҷой додааст, ки дар ин ҷо мартабаи устоду шогирд ё пиру муридро дар сайри «ҳафт шаҳри» паймудаи соликон ва расидан ба водии мурод бозгӯ намудааст. Дар ҳақиқат ҳам, солрӯзи Алишери Навоӣ соли 1441 мелодӣ мебошад, ки дар он замон Абдураҳмони Ҷомӣ 27 сол дошт ва дар роҳи тариқати тасаввуф миёни донишмандон овозаманд гашта  буд. Алишери Навоӣ аз хурдӣ ба омӯзиши шеъру ҳикмат пардохта, дар ҷавонӣ Мавлоно Ҷомиро ҳамчун пири маърифати худ пазируфт. Ҳамбастагии онҳо чунон самимӣ буд, ки ноогоҳон гумон мекарданд, ки онҳо падару фарзанд мебошанд. (Ончуноне дар осори Мавлоно Ҷомӣ омадааст, гоҳе аз ӯ чунин пурсиш сурат мегирифтааст: Ин писар мешавад туро фарзанд ё шогирди туст, ё хешованд?! Ва посух медодааст, ки: Гуфтам: Ӯ аз турку ман тоҷик, Лек дорем хешии наздик.)
Ин гуфтор дар баробари ишора ба пайванди наздики устоду шогирд, инро низ дар назар дорад, ки падари Алишери Навоӣ аз туркони чағатоӣ ва модараш аз қавми тоҷик будааст.
Дар офариниши чеҳраҳои он ду мутафаккири бузург профессор Ғафурҷон Ҷӯраев як лаҳзаи ҷолиберо ҷой додааст, ки ба таърихи нигориши китоби «Хамса» - и Алишери Навоӣ иртибот дорад. Мир Алишери Навоӣ асосан бо забони тоҷикӣ шеър месароид ва мехост ин шеваи нигориши худро давом диҳад, аммо Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ба ӯ тавсия медиҳад, ки чун бо забони тоҷикӣ - форсӣ Низомии Ганҷавӣ, Хусрави Деҳлавӣ ва чанде аз шоирони дигари порсигӯ «Хамса» навиштаанд, беҳтар мебуд ӯ достонҳои панҷгонаашро бо забони ӯзбекӣ (туркии чағатоӣ) биофарад. Навоӣ «Хамса» - ро ба поён расонда, бо як дили пурҳарос, истиҳолаву беҷуръатӣ навиштаҳояшро пеши дидори устод мегузорад. Ҷомӣ «Хамса» - ро сафҳагардон намуда, аз ҳунари баланди Навоӣ ба ваҷд меояд ва «офарин» хонда ба унвони ситоиш даст ба китфаш мегузорад. Ҳамин лаҳзаро пайкартарош дар асари худ бо маҳорати як эҷодкори нуктасанҷ бозтоб намудааст. Чуноне Навоӣ худ дар «Хамса» изҳор доштааст, зери ҳаяҷони зиёд лаҳзае бехуд мешавад ва дар ин фурсат хоб мебинад, ки ба ҳангоми сайри боғ шоири чирасухан Ҳасани Деҳлавӣ сӯйи ӯ мешитофтааст, то хабар диҳад, ки Низомии Ганҷавӣ, Амир Хусрави Деҳлавӣ, Саноии Марвазӣ дар боғ нишастаанд. Навоӣ ба назди онҳо бошитоб омада, мехоҳад дар пешашон худро ба зону афканад. Низомӣ, ки дар боло нишаста буд, аз ҷой бархоста ба назди Навоӣ меравад, аммо ӯ дар ин лаҳза аз хоб бедор мешавад.
Мебояд ёдовар шуд, ки дар таҷассуми симоҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ низ ҷойгоҳи китоб ниҳоят равшану гӯёст. Ҷомӣ дар ҳолати нишастан ва хондани китоби таълифнамудаи Навоӣ қарор дорад ва Алишери Навоӣ, бо вуҷуди сарвазири кишвар ва яке аз наздикони шоҳ Ҳусайн Бойқаро будан, бо як ҳаяҷони шогирдона интизори баҳогузории устод ба кори анҷомдодаи шогирд рӯйи по истодааст.
Дар оғози ин навиштор мо чорбоғи аз тарҳрезӣ ва биниши бохиради Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарама Раҳмон Озода Эмомалиро ба мактабхона ташбеҳ додаем, ки дар он камтарин муҳоботе вуҷуд надорад. Мехоҳам тавсия бидиҳам, ки омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, хоҳ аз фанҳои ботаникаву ҷуғрофия, хоҳ таъриху адабиёт, масъулони соатҳои тарбиявӣ акнун метавонанд ба хонандагони худ гоҳе дар ин боғ дарс гузаронанд. Ва хуб мебуд, агар мураббиёни кӯдакистонҳо шогирдони акнун по ба роҳи омӯзишу парвариш гузоштаи хешро ба сайри маърифатии ин боғ оваранд. Ногуфта нагузорем, ки рӯйи нимкатҳои сангини дар боло ёдшуда, дар паҳлуи намодҳои набераву бобокалон ва набераву модарбузург як ҷойи нишаст холӣ гузошта шудааст, ки хоҳишмандон метавонанд дар паҳлуи муҷассама нишаста аксбардорӣ кунанд. Яъне, худро лаҳзае шунавандаи суҳбати хирадмандон бипиндоранд.
Бар он боварем, ки аз ин офаридаи камназир шаҳриёну меҳмонони пойтахт баҳраҷӯӣ карда, дар роҳи тарбияи ҷавонон ба чунин усулҳои таъсирбахшу коромад пайравии ҷиддӣ хоҳанд кард. 
Зафар МИРЗОЁН, мушовири ректори Донишгоҳи давлатии
Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.10.2018    №: 205    Мутолиа карданд: 521
04.03.2021


ФОРУМИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ЗАНОН

ШАҲРИНАВ. ГУЛГАШТИ НАЗДИ МУҶАССАМАИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА НАВСОЗӢ МЕШАВАД

КАМОНВАРӢ

Муассисаҳои таълимии олии Россия дарҳояшонро барои донишҷӯёни хориҷӣ боз намуданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

03.03.2021


Мулоқоти Зулфия Давлатзода бо Мирвайс Ноб

Дар Доғистон хотираи ҳалокшудагони ҷангро гиромӣ медоранд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. СИТОРАҲОИ ДУРАХШОНИ ВАРЗИШИ ТОҶИК

ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ДӮСТӢ ВА ҲАМКОРИИ СҲШ ДАР ТОҶИКИСТОН

ҚУЛЛАИ «РАҲИМ МАСОВ» ДАР ИШКОШИМ

ҶОМИ КФО – 2021

Путин ҷиҳати муколама бо ИМА ва дигар кишварҳо омода аст

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.03.2021


ВМКБ. ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ФФТ БАРНОМАИ МАХСУСИ ПРЕЗИДЕНТ БАРОИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ДЕҲОТ

«ҚОНУНИ ТИБ» БОЗНАШР ШУД

ТАЪСИСИ КОРХОНАИ ХУРДИ ИЛМӢ - ИСТЕҲСОЛИИ МАВОДИ ДОРУВОР

КОРВОНИ САЛОМАТӢ ДАР ЛАХШ

27.02.2021


Ҷаҳон дар як сатр

Си Ҷинпин изҳор намуд, ки Чин бар бенавоӣ комилан пирӯз гардид

Масъулиятро нисбат ба он мансабдорҳое, ки душаҳрвандӣ доранд, бояд сахттар намуд

ИМА имкони тамдиди ҳузури низомиёнашро дар Афғонистон истисно намекунад

Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба таҳияи «шиносномаи эмкунӣ» - и ягона ба мувофиқа расиданд

ТЕННИС ВА НАҚШИ «ҶУМҲУРИЯТ» ДАР ОММАВИЯТИ ВАРЗИШ

25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед