logo

фарҳанг

КИТОБҲОИ ЭЛЕКТРОНӢ ВА ЧОПӢ. КАДОМЕ БАРТАРИЯТ ДОРАД?

Дар Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ таҳти унвони «Ҷойгоҳи китоби анъанавӣ дар шароити рушди технологияи иттилоотӣ» конфронси илмӣ баргузор гардид. Дар он як қатор олимони шинохтаи кишвар, ноширон ва китобдорон ширкат варзиданд. Нақши китоби анъанавӣ дар ҳаёти инсоният мавзӯи меҳварии конфронс қарор гирифт.
Коршиносон ҳама ҷанбаъҳои мусбат ва манфии истифодаи китобҳои электрониро бо китобҳои анъанавӣ қиёс намуда, аз алоқамандони китоби анъанавӣ даъват ба амал оварданд, ки  дар қалби насли ҷавон ҳавасмандӣ ба хониш ва муҳаббату эҳтиромро ба китоби чопӣ ҳамчун беҳтарин ихтирои инсоният бедор намуда, инкишоф диҳанд.
Сироҷиддин Икромӣ, директори Корхонаи воҳиди давлатии таъминот ва савдои «Китоб»  мавзӯи «Ҷойгоҳи  китоби анъанвӣ дар шароити рушди  технологияи  иттилоотӣ» - ро баррасӣ намуд. Ӯ, аз ҷумла, иброз дошт, ки «китоб акнун зиндагии дигар ба сар мебарад. Он то ҷойе аз мадди назар дур меравад. Ин раванд танҳо хоси кишвари мо набуда, балки дар давлатҳои дигар низ ба назар мерасад. Аммо, бояд иқрор шуд, ки чунин ҳолат дар мо бештар нигаронкунанда аст».
Сабаби умдаи онро  мутахассисон дар рӯи кор омадани воситаҳои нави техникии дарёфт ва ироаи маълумот арзёбӣ намуданд. Гуфтанд, ки имрӯз аз миёни истифодабарандагони технологияи нави иттилотӣ ҷавонон бештар фаъоланд. Онҳо ба корбурди телефону планшет бениҳояд саргарманд ва онро ба китоб тарҷеҳ медиҳанд. Зеро аз китоб танҳо барои мутолиа, такмили дониш ва тавсеаи сатҳи ҷаҳонбинӣ истифода мебаранд, аммо телефонро метавон барои чандин ҳадаф - акс гирифтан, тамошои видео, шунидани мусиқӣ, сабт ва ҳифзи маълумот истифода намуд. Таъкид шуд, ки  бо ин ҳама бартарият он ба солимии инсон зарар дорад. Аммо, маҳсулоти коғазӣ, хосса китоб, аз ин хатар эмин аст. Илова бар ин, олимони пажӯҳишгар собит намудаанд, ки ҳифзи маълумот аз китоби анъанавӣ дар қиёс ба китобҳои электронӣ ба маротиб осон асту лаззате, ки китоби анъанавӣ ҳангоми хондан мебахшад, хоси китобҳои электронӣ нест.
Гадобек Маҳмудов, муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон, мавзӯи ҷойгоҳи  китоб дар фарҳанги маънавии ҷомеаро баррасӣ намуд. Аз ҷумла таъкид шуд, ки зумрае бар ин назаранд, ки тадриҷан китобҳои электронӣ ҷойи китобҳои анъанавиро мегиранд, аммо арзёбии дақиқе вуҷуд надорад, ки то кадом андоза Интернет  қодир аст ҷойи китоб ва нашрияҳоро гирад ва ҳам бойгонии китобхонаҳоро  намешавад бо китобҳои электронӣ қиёс кард.
Фарзона ФАЙЗАЛӢ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.10.2018    №: 205    Мутолиа карданд: 491
03.03.2021


Мулоқоти Зулфия Давлатзода бо Мирвайс Ноб

Дар Доғистон хотираи ҳалокшудагони ҷангро гиромӣ медоранд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. СИТОРАҲОИ ДУРАХШОНИ ВАРЗИШИ ТОҶИК

ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ДӮСТӢ ВА ҲАМКОРИИ СҲШ ДАР ТОҶИКИСТОН

ҚУЛЛАИ «РАҲИМ МАСОВ» ДАР ИШКОШИМ

ҶОМИ КФО – 2021

Путин ҷиҳати муколама бо ИМА ва дигар кишварҳо омода аст

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.03.2021


ВМКБ. ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ФФТ БАРНОМАИ МАХСУСИ ПРЕЗИДЕНТ БАРОИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ДЕҲОТ

«ҚОНУНИ ТИБ» БОЗНАШР ШУД

ТАЪСИСИ КОРХОНАИ ХУРДИ ИЛМӢ - ИСТЕҲСОЛИИ МАВОДИ ДОРУВОР

КОРВОНИ САЛОМАТӢ ДАР ЛАХШ

27.02.2021


Ҷаҳон дар як сатр

Си Ҷинпин изҳор намуд, ки Чин бар бенавоӣ комилан пирӯз гардид

Масъулиятро нисбат ба он мансабдорҳое, ки душаҳрвандӣ доранд, бояд сахттар намуд

ИМА имкони тамдиди ҳузури низомиёнашро дар Афғонистон истисно намекунад

Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба таҳияи «шиносномаи эмкунӣ» - и ягона ба мувофиқа расиданд

ТЕННИС ВА НАҚШИ «ҶУМҲУРИЯТ» ДАР ОММАВИЯТИ ВАРЗИШ

25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД

22.02.2021


ҶОМИ ФФТ – 2021. "ИСТИҚЛОЛ" МАРОТИБАИ ШАШУМ СОҲИБИ ҶОМИ ФФТ ШУД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МИЗИ МУДАВВАР. БАРРАСИИ МАВЗӮИ КОРКАРДИ НАХИ ПАХТА ТО МАҲСУЛОТИ НИҲОӢ

ХАТЛОН. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНҲОИ ОЯНДАСОЗ

19.02.2021


АЪЗОИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТИИ «ҲИЗБ УТ-ТАҲРИР» БА ДАСТ АФТОДАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед