logo

фарҳанг

"ҶУМҲУРИЯТ". ҶАМЪБАСТИ ОЗМУН ХОТИРМОН БУД

Моҳи сентябри соли равон Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон -  рӯзномаи «Ҷумҳурият» ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент оид ба ҷамъбасти озмун бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ иқдоме пеш гирифтанд, ки дар тамоми гӯшаю канори мамлакат боиси ҳамовозӣ ва таҳсин гардид. Тоҷикистон воқеан, дорои иқтидори бузурги туристӣ буда, бо табиати дилангез ва ҳунарҳои ҳазорсолаи мардуми  худ дили ҳазорон сайёҳу меҳмонони хориҷӣ ва дохилро ҷалб намудааст.
Сайёҳӣ, айни замон, ба яке аз соҳаҳои муҳим ва сердаромад табдил ёфтааст ва аз 1/3 ҳиссаи аҳолии сайёра ҳамеша майли сафар ва сайру тамошоро дорад. Мувофиқи маълумоти Ташкилоти байналмилалии сайёҳӣ, зиёда аз 250 миллион нафар ба соҳаи туризм банд мебошанд ва 15 давлати ҷаҳон иқтисодиёти худро ба ин соҳа равона намудааст. Рушди соҳа, махсусан, дар он давлатҳое, ки суръати афзоиши аҳолӣ хеле баланд ва ба мушкилиҳои  демографӣ дучор омадаанд, ниҳоят муҳим мебошад.
Аз рӯи маълумоти Институти лоиҳакашии Москва, захираҳои турис- тию рекреатсионии Тоҷикистон бештар аз 10 дарсадро дар бар мегирад, ки нисбати дигар кишварҳои минтақа нишондиҳандаи хеле баланд аст. Аз тарафи дигар, дар Тоҷикистон тамоми зинаҳои табиии кураи Замин ба шакли амудӣ аз водиҳо то доманакӯҳҳо такрор меёбад, ки ин муъҷиза барои хориҷиён ҳодисаи ҳайратангез аст.
Озмун дар шаҳри бостонии Панҷакент ҷамъбаст гардид, ки ин ҳам бесабаб набуд, зеро дар замони пеш аз истиқлол низ ин мавзеъ яке аз марказҳои муҳими сайёҳӣ дар мамлакат буд ва ҳамеша сайёҳон баъди боздиди Бухорою Самарқанд ба Панҷакент  мешитобиданд. Охир, дар баробари оромгоҳи қофиласолори назми тоҷику форс устод Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ бостоншиносон дар ин мавзеъ шаҳреро бо номи Саразм пайдо намуданд, ки 5,5 - ҳазорсола таърих дорад. Дар баробари дигар ёдгориҳои таърихию меъморӣ, мавзеъ табиати ниҳоят ҷолибро  дорост ва туристон аз саёҳати кӯлҳои  Пайрону Ҳафткӯл ва дигар дараҳои зебои он ҳаловат мебаранд.
20 сентябр дар ҳайати як гурӯҳ адибони варзида, ходимони давлатӣ ва олимон ба Панҷакент сафар доштем. Сафари мо ба арафаи зодрӯзи устод Рӯдакӣ рост омад. Баъди зиёрати оромгоҳ ва осорхонаи устод Рӯдакӣ дар маҳфили шеъру суруд бахшида ба зодрӯзи Одамушшуаро иштирок намудем. Дар ин маҳфил шоири ширинкалом Камол Насрулло, нависандаи маҳбуб Абдулҳамид Самад ва дигар шоирону адибон аз навиштаҳои худ ва устод Рӯдакӣ порчаҳо хонданду суҳбат намуданд. Сарояндагон низ аз ғазалҳои  сардафтари адабиёти классикӣ барномаи ҳунарии худро рангин сохтанд.
Рӯзи дигар сафар ба сайқали рӯи замин – Самарқанди овозадор дош- тем. Ба хотир овардам, чор сол қабл барои иштирок дар як конфронси илмӣ сафари Тошканд доштам ва бо монеаҳои зиёд дучор шуда будем. Ташаббуси Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев гӯё инқилобе дар муносибатҳои ин ду халқи бародар ба амал оварданд.
Мардуми Самарқанд ҳам чандин сол боз ташнаи дидори ҳамзабонони худ буданд ва моро бо оғӯши гарм ва суханҳои нарм истиқбол менамуданд. Баъди тамошои Регис-тон ва мадрасаҳои Улуғбек, Шердор, Тиллокорӣ ва дигар ёдгориҳои таърихӣ моро ба маҳфиле даъват карданд, ки дар он шоирону адибони Самарқанд иштирок доштанд. Дар баробари суханрониҳои пурмуҳтавову шеърхонӣ «Ушшоқи Самарқанд» - ро низ суруданд.
Баъд, ба Панҷакент баргаштем. Субҳи 22 сентябр бо гузоштани гулчанбар дар назди ҳайкали устод Лоиқ дар қасри фарҳанг озмун ҷамъбаст гардид.
Дар охир, мехостам ба кормандони рӯзномаи «Ҷумҳурият» барои дар чунин сатҳи баланд гузарондани озмун, ки он ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ рост омад, инчунин,  барои қадрдонӣ изҳори ташаккур намоям.
Холназар МУҲАББАТОВ,
доктори илми география

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.10.2018    №: 207    Мутолиа карданд: 452
27.02.2021


Ҷаҳон дар як сатр

Си Ҷинпин изҳор намуд, ки Чин бар бенавоӣ комилан пирӯз гардид

Масъулиятро нисбат ба он мансабдорҳое, ки душаҳрвандӣ доранд, бояд сахттар намуд

ИМА имкони тамдиди ҳузури низомиёнашро дар Афғонистон истисно намекунад

Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба таҳияи «шиносномаи эмкунӣ» - и ягона ба мувофиқа расиданд

ТЕННИС ВА НАҚШИ «ҶУМҲУРИЯТ» ДАР ОММАВИЯТИ ВАРЗИШ

25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД

22.02.2021


ҶОМИ ФФТ – 2021. "ИСТИҚЛОЛ" МАРОТИБАИ ШАШУМ СОҲИБИ ҶОМИ ФФТ ШУД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МИЗИ МУДАВВАР. БАРРАСИИ МАВЗӮИ КОРКАРДИ НАХИ ПАХТА ТО МАҲСУЛОТИ НИҲОӢ

ХАТЛОН. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНҲОИ ОЯНДАСОЗ

19.02.2021


АЪЗОИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТИИ «ҲИЗБ УТ-ТАҲРИР» БА ДАСТ АФТОДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ДУШАНБЕ. ИҚДОМОТИ БЕСОБИҚАИ ШАҲРДОРӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲАВАСМАНДИИ ҶАВОНОН БА АРТИШ

«САНЪАТШИНОСӢ» ПАДИДАИ НАВ ДАР ҲУНАРШИНОСИИ ТОҶИК

ИММУНИЗАТСИЯ. БЕМОРИИ ФАЛАҶРО ПЕШГИРӢ МЕКУНЕМ!

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

РАШТ. ҲАДАФИ ЧОРУМИ МИЛЛӢ ЗИНДАГИРО РАНГИ ДИГАР МЕБАХШАД

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ҲУНАРҲОИ ОРОИШӢ АЗ САНГ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БЕШ АЗ 108 000 ТОННА МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед