logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ИНТЕЛЛЕКТ
Рубрикаи «Интеллект» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчии аз ҳама фаъол бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ сарфароз гардонда мешавад.

Чор мактаббача
Чор мактаббача, ки дар хонаҳои А, В, С, D зиндагӣ мекунанд, ба мактабҳои А, В, С, D дарсхонӣ мераванд. Як саҳар пас аз он ки шаб барфи зиёде борида буд, дида мешуд, ки изи пойи бачаҳо дар ягон ҷойи роҳ якдигарро набурида ва аз дохили чоркунҷа берун нашудаанд.
Қаламро гиреду роҳи бачагонро давом диҳед, то бачаи хонаи А ба мактаби А ва бачаи хонаи В ба мактаби В ва ҳамин тавр, дигарон низ ба мактаби худ расанд.
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА

93-547-00-05 Вайбер, Bzm_701@mail.ru
(Аз соати 800 то 1700 )
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238 - 53 – 40

 

КӢ ҲАҚ?
Марде бо тайи масофаи дарози роҳ ба хонаи дӯсташ омад ва лифофаеро наздаш гузошт, ки дар он як даста пул буд. Дӯсташ бо тааҷҷуб аз ӯ пурсид: «Ин барои чӣ?».
Мард гуфт: «Шояд аз хотират рафта бошад, чанд сол пештар ниҳоли себеро оварда, дар боғи ман нишонда будӣ. Он ниҳол дарахт шуду бор овард. Ҳосили онро фурӯхтаму пулашро бароят овардам».
Дӯсташ изҳор дошт: «Охир, он ниҳолро ман бо ин мақсад нанишонда будам. Хоҳиш мекунам, ки пулро бозпас бигир ва барои фарзандонат либос бихар».
Пас аз он чашмони мард пуроб шуданду дилаш ба дард омад. Дар ин ҳолати ногувор гуфт: «Мебинӣ?! Агар бори дигар ба ин кор амрам бикунӣ, мемирам ва аз хонаи ту ҷасади сардам мебарояд».
Дӯсташ пулро гирифту дар посух баён дошт: «Оё намеандешӣ, ки ту барои як бор гиристиву дилат ба дард омад, аммо  маро ин пул ва ёди он умре азоб медиҳаду ба ҳар рӯз сад бор мемирам».
Абдулқодири РАҲИМ


ДАСТИ УМЕД
Ин акс моҳи ноябри соли 1999 пайдо гашт ва бояд «Акси сол» ё ҳатто «Акси даҳсола» баргузида мешуд, аммо тақдир накард. Аслан то вақтҳои наздик ин аксро танҳо дар як ҳолат дидан имкон дошт: агар дар ИМА он шумораи рӯзномаро мехаридед, ки ин суратро чоп карда буд.
Ҷарроҳи маркази тиббии назди донишгоҳи Вандербилт дар Нэшвилл Ҷозеф Брюнер бояд ҷарроҳии мураккабе мекард: баъди ташхиси зан пас аз 21 ҳафтаи ҳомила маълум гашт, ки тифл мубталои бемории spina bifida - нуқси модарзодии сутунмуҳра аст, ки ба одам имкон намедиҳад рост гардад...
Аммо, ҳар беилоҷӣ илоҷе дорад: тавассути ҷарроҳӣ духтур модарро чоки қайсарӣ карда, раҳимро аз маҳвати шикам берун меорад ва тавассути чоки хурди он тифлро ҷарроҳӣ мекунад. Модари оянда Ҷулия Армас худ ҳамшираи тиббӣ буд ва аз ҷарроҳиҳои мураккабе хабар дошт, ки духтур хуб анҷом медод. Аз ин рӯ, ба чунин амалиёти хавфнок розӣ шуд. Зимнан, илоҷи дигар набуд – тифлро ҷарроҳӣ метавонист наҷот диҳад.
Вақте ҷарроҳӣ поён меёфт, аз даруни чоки маҳвати модар нохост дастчаяки комилан шаклгирифта берун омада, ангушти духтурро сахт дошт. Ҷарроҳи ҳайратзада лол монд.
Ин лаҳзаи нодирро суратгир Майкл Клэнси акс бардошта, онро «Дасти умед» ном гузошт. Тифли ҳанӯз таваллуднашуда гӯё ба духтур арзи сипос мекунад, ки наҷоташ дод.
Ин одам дар муҳлати муқаррарӣ солим ба дунё омад.
Тарҷумаи Хуршеди ҶОВИД


КӮДАКОНЕ, КИ ҶАҲОНРО БА ҲАЙРАТ ОВАРДААНД
ДАНАТ ПЛЮШИНУЭТАНВИ
Данат Плюшинуэтанвиро дар ҷаҳон бештар ҳамчун Данат Вии мешиносанд. Ӯ дар Таиланд ба дунё омадаасту қобилияти аҷиб дорад. Ҳам скрипка менавозад ва ҳам рассоми хуб  аст. Аз сабаби он, ки дар кӯдакӣ вақти бештарашро дар гараж миёни рангҳо гузарондааст, расмкаширо хеле зуд ва хуб меомӯзад. Расмҳои кашидааш ҳанӯз ҳамон замон волидонашро  ба ҳайрат оварда буданд. Аввалин бор мусаввараҳояш дар Банкок ба намоиш гузошта шуд. Он замон ҳамагӣ се сол дошт. То имрӯз беш аз 2000 мусаввара офаридааст, қисме аз онҳоро бо нархҳои ҳангуфт ҳам  фурӯхтаанд.
Скрипка навохтанро аз сеюнимсолагӣ оғоз кард. Ҳоло дар кишварҳои алоҳида консерт медиҳад. Ба ҷуз ин, Вии наттоқи хеле хуб ҳам мебошад.
Таҳияи Фарзона ФАЙЗАЛӢ


10 КИШВАРИ  СЕРТАМОШОБИНИ  ДУНЁ
9. ОЛМОН
Олмон яке аз кишварҳои мутараққии олам ба шумор рафта, бо таъриху фарҳанги қадимии хеш диққати оламиёнро ҷалб намудааст. Шаҳрҳои бузурги он, ба мисли Берлин, Мюнхен, Кёлн, Ҳамбург ва Франкфурт дорои урфу одат ва анъанаҳои ба худ хос мебошанд.
Дар шаҳри Берлин осорхонаи нодири мисрӣ ҷойгир аст. Шаҳри Мюнхен бо тарабхонаҳо ва оби ҷави хеш машҳур аст. Тарабхонаи «Хоф – брай – ҳавс» (бунёдаш соли 1607) ва фестивали «Октоберфест», ки ҳамасола ин ҷо баргузор мегардад, ҳаводорони зиёдеро аз тамоми дунё ҷалб месозад.
Франкфуртро бошад, шаҳри биноҳои осмонбӯс меноманд. Ғайр аз саёҳат теъдоди зиёди хориҷиён кӯшиш менамоянд, ки дар макотиби олии ин кишвар таҳсил намуда, он ҷо соҳиби кор шаванд.
Шумораи сайёҳоне, ки ҳамасола аз Олмонро дидан мекунанд, ба 37, 6 миллион баробар аст.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


ГАНҶИ ШОЙГОНИ КИШТИҲОИ ҒАРҚШУДА
Дар соҳили шаҳри Картахени Колумбия шикастапораҳои киштии испаниро пайдо карданд, ки 300 сол қабл бо ганҷи бешумор ғарқ шуда буд. "Сан-Хосе" моҳи июни соли 1708 ҷониби Испания бо тилло, нуқра, сангҳои қиматбаҳо ва маснуоти заргарии аз мустамликаҳои Амрикои Лотинӣ ҷамъоварда шино мекард, то ин боигариро ба шоҳи испанӣ барои маблағгузории ҷанг алайҳи Британия расонад. Аммо, дар роҳ аз ҳамлаи британиҳо ғарқ шуд.
Зимнан, ин ягона киштии зериобрафта нест, ки ганҷи шойгон мебурд. “Шоми шанбе” барои хонандагони хеш қиссаи садамаи киштиҳоеро нақл мекунад, ки дар онҳо ҷавоҳироти ҳангуфт пайдо кардаанд.
Садамаи киштии арабҳо назди ҷазираи Белитунг
Шикастапораҳои садамаи Белитунг нахустин боқимондаҳои киштии арабҳо буданд, ки ошкор рӯи об бароварда шуданд. Бозёфти моҳигирон дар соҳилҳои Индонезия соли 1998 ба кашшофони худ ғанитарин ва калонтарин номгӯи артефактҳои тиллоӣ ва сафолии ибтидои асри IX сулолаи Танро дод. Дар миёни онҳо садафҳои халиҷи Форс, лаъл, ёқут, ҷоми тиллоӣ ва митҳараи нуқрагӣ ҳаст. Баъдтар бори киштиро ҳукумати Сингапур харид. Имрӯз арзиши ганҷи аз ин киштӣ пайдокардаро $90 миллион меҳисобанд.
Тарҷумаи Хуршеди ҶОВИД


19 КГ ВАЗНУ 16 МЕТР ДАРОЗИИ МӮЙ
Аша Мандела соҳиби мӯйи дарозтарин ба ҳисоб меравад. Вазни мӯйи ӯ 19 килограмм буда, дарозиаш 16,7 метрро ташкил медиҳад.
Аша мӯйи худро ҳафтае як бор мешӯяд. Барои шустан шаш  шампун истифода мебарад. Баъд онҳоро ду рӯз хушк мекунад. 
Табибон ба ӯ буридани мӯйҳояшро тавсия медиҳанд. Аз вазнинии мӯй сутунмуҳрааш каҷ шудааст. Ӯ ду маротиба инсулт, ду маротибаи дигар сактаи дилро гузаронда, бо саратон ҳам мубориза бурдааст. Ҳатто дар вақти қабули химиотерапия ҳам мӯяшро набуридааст.
Аша бо мӯйи дарозаш дар ҷаҳон ном баровард. Барои дароз кардани мӯяш ӯ 25 сол сарф кардааст.
Таҳияи Гулистон МАВЛОНАЗАРОВА


ДАРОЗТАРИН ПУЛИ БАҲРӢ
Онро ҳам чиниҳо сохтанд
Шаҳрҳои машҳури Ҳонконг, Макао ва шаҳраки Чжухайи музофоти Гуандуни Ҷумҳурии Мардумии Чинро, ки вобаста ба ҷойгиршавии ҷуғрофиашон ҳеҷ наметавонистанд бо ҳам бипайванданд, акнун пайванди ногусастание ба ҳам овард. Ин пайвастагӣ тавассути пули дар баҳр сохташуда амалӣ гашт.
Дарозии он 55 километрро ташкил дода, дарозтарин пули баҳрӣ ба шумор меравад. Ин гузаргоҳ аз қисматҳои рӯиобӣ  (22,9 километр), нақби зериобӣ (6,7 км) ва чандин ҷазираҳои сунъӣ иборат мебошад.
Вазни таркибии ин пули ғайриодии пӯлодӣ беш аз 400 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.
Дар маросими ифтитоҳи он Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷин Пин ширкат варзида, суханронӣ намуд. Ба маросим, ҳамчунин, 700 меҳмон даъват шуда буд.
Таҳияи Муҳаммадуллоҳи ТАБАРӢ


ҚОБИЛИЯТҲОИ ҒАЙРИОДИИ ОДАМОНИ ОДӢ
Одам – заррабин
Чунин аст тахаллуси рассоми амрикоӣ Ҷоди Остройт. Ӯ метавонад ба ашё муддате бодиққат нигоҳ карда, сохтори дохилии онро рӯйи варақ орад. Барои исботи ин, соли 1997 олимон аз Ҷоди хостанд, то баргро бо ҳуҷайраҳояш тасвир намояд. Дар ҳақиқат,  расми кашидаи ӯ аз он чи дар заррабин диданд, ҳеҷ фарқе надошт.
Асрори ин қобилияти фавқулода муаммоест, ки то ҳол олимон ҷавоби онро пайдо накардаанд.
Таҳияи Меҳрангез ҚОДИРОВА


5 ИНШООТИ БУЗУРГИ ҒАЙРИОДӢ
Майдони бузурги батареяҳои офтобӣ
Охири соли равон Ширкати энергетикии “Нур Повер” нақша дорад, ки майдони садкилометраи батареяҳои офтобиро дар қисмати тунисии биёбони Сахара бунёд бикунад. Сохтмони бузург метавонад 2,5 миллион хонаро бо қувваи барқ таъмин намояд.
Таҳияи Комрон САФАР


1000 ФАКТИ ҲАЙРАТАНГЕЗ
Флорида бе соҳилҳои регзор мемонад?
Флоридаи офтобрӯя, ки онро ба шарофати соҳилҳои регзори олидараҷааш ҳар сол зиёда аз 40 миллион сайёҳ дидан дорад, аз ояндаи майдонҳои шуҳратмандаш ба андеша афтодааст. Уқёнуси Атлантика ҳар рӯз чанд ваҷаб регзорро шуста мебарад. Аз ин рӯ, менеҷерҳои сайёҳии Майами қарор карданд аз ҷазираҳои Багама рег бихаранд, ки аз Флорида ҳамагӣ 80 километр дуртар аст.
Қурбон МАДАЛИЕВ,  тарҷума аз русӣ


ЧӢ ТАВР ГУРБАИ ОВОРАГАРД МИЛЛИОНЕР ШУД
Томмазино – гурбаи сиёҳи бесоҳиб, дар як рӯз ба миллионер табдил ёфта, ба рӯйхати бойтарин ҳайвоноти олам шомил гардид.
Воқеият ин аст, ки Мария Ассунта, зани сарватманде аз Италия, гурбаи кӯчагарду бехонаро  дар манзили худ ҷой дода, ӯро Томмазино ном гузошт. Азбаски Мария хешу - табор надошт, соли 2009 васиятномае ба номи гурбааш навишта, тамоми боигариашро ба Томмазино мерос монд.
Дар синни 94 - солагӣ Мария Ассунта вафот мекунад ва 10 миллион евро, хонаҳо дар Милан ва Рим, қитъаи замин дар Калабрияро ба гурбаи сиёҳ мерос мегузорад.
Барои Томмазино ҳамчун васӣ ҳамшираи тиббии 48 - сола Стефанияро таъйин намуданд, ки Мария Ассунтаро тайи чанд сол парасторӣ мекард.
Таҳияи Гулистон МАВЛОНАЗАРОВА


САХОВАТМАНДТАРИН ШАХСИЯТҲОИ ОЛАМ
АЗИМ ПРЕМҶИ
Азим Премҷи муассиси ширкати консалтингӣ ва IT - и ҳиндӣ, ҳамчунин, сарвари фонди ҳамномаш мебошад, ки мехоҳад дар соҳаи таълим, махсусан системаи имтиҳонотии Ҳиндустон, ислоҳот гузаронад. Даромади асосии Премҷиро маблағҳои ширкати хусусиаш «Wipro» таъмин менамояд. Кормандони он барномаи «Computer Aioled learning» - ро, ки таълими компютериро бо 18 забон таъмин менамояд, кор карда баромаданд.
Фонди Азим Премҷи, ҳамчунин, чандин донишгоҳи омӯзгориро дар кишвар маблағгузорӣ менамояд. Маблағи то ин дам ба эҳсонкорӣ сарфнамудаи Премҷи 8 миллиард долларро ташкил медиҳад. Ин дар ҳолест, ки мутахассисон сармояи умумии ӯро 15, 9 миллиард муқаррар кардаанд. Аз оғози фаъолияташ ӯ ҳамеша 50 дарсади даромадашро ба корҳои хайр сарф менамояд.
Таҳияи Сафаргул АЛИМОВА


Анъанаҳои аҷиб
ҚАБЛ АЗ ТӮЙ
Дар Нигерия арӯсон як сол қабл аз тӯй дар хонаи алоҳида зиндагӣ менамоянд. Онҳо мекӯшанд, ки давоми сол бисёртар хӯрок истеъмол карда, камтар ҳаракат намоянд, то фарбеҳ шаванд. Зеро, мувофиқи қонуни маҳаллӣ, духтарони лоғарандом сазовори хушбахтии оилавӣ намебошанд.
Дар Фидҷи бошад, бояд домод ба падари арӯс нисфи дандони китро туҳфа намояд. Ба ин восита домод ба падарарӯси ояндаи хеш сарватмандӣ таманно мекунад.
Мувофиқи таомули бисёре аз халқиятҳои олам, ҳангоми  изҳори муҳаббат ва  пешниҳоди издивоҷ, аз тарафи ҷавон ба духтар ангуштарини қиматбаҳо пешкаш мегардад, вале дар Булғористон ҷавон ба тарафи духтари интихобнамудааш себ ҳаво медиҳад ва бо ин амалаш ӯро хостгорӣ менамояд.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


МАҲРУМИЯТИ АБАДӢ АЗ БОЗИИ ФУТБОЛ КӢ ВА БАРОИ ЧӢ ЧУНИН МУҶОЗОТ ШУД?
2. Эрик Кантона
Футболбози фаронсавӣ Эрик бо рафтори масхарабозона ва гоҳо ҳардамхаёлонаи худ ҳамеша маъруф буд. Бо мураббиён ҷанҷол менамуд ва бо бозигарон даст ба гиребон мешуд, доваронро дашном медод, вале, бо вуҷуди ин, дар сатҳи олӣ футбол мебозид. Дар яке аз бозиҳо Кантона корти сурх гирифт ва ҳангоми аз майдон берун омадан мухлисеро, ки дар тӯли дидор ӯро танқид мекарду нисбаташ ҳарфҳои ноҷоро раво медид, бо сар зада маҷрӯҳ кард. Эрик барои ин амалаш абадан аз футбол ронда шуд ва бо 120 соат корҳои ислоҳотӣ муҷозот шуд. Аммо, пас аз 9 моҳ ва узрхоҳиҳои ошкоронааш Лигаи футболи Англия ӯро авф кард ва иҷозат дод, то ба майдони футбол баргардад.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.10.2018    №: 209    Мутолиа карданд: 573
04.03.2021


ФОРУМИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ЗАНОН

ШАҲРИНАВ. ГУЛГАШТИ НАЗДИ МУҶАССАМАИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА НАВСОЗӢ МЕШАВАД

КАМОНВАРӢ

Муассисаҳои таълимии олии Россия дарҳояшонро барои донишҷӯёни хориҷӣ боз намуданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

03.03.2021


Мулоқоти Зулфия Давлатзода бо Мирвайс Ноб

Дар Доғистон хотираи ҳалокшудагони ҷангро гиромӣ медоранд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. СИТОРАҲОИ ДУРАХШОНИ ВАРЗИШИ ТОҶИК

ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ДӮСТӢ ВА ҲАМКОРИИ СҲШ ДАР ТОҶИКИСТОН

ҚУЛЛАИ «РАҲИМ МАСОВ» ДАР ИШКОШИМ

ҶОМИ КФО – 2021

Путин ҷиҳати муколама бо ИМА ва дигар кишварҳо омода аст

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.03.2021


ВМКБ. ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ФФТ БАРНОМАИ МАХСУСИ ПРЕЗИДЕНТ БАРОИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ДЕҲОТ

«ҚОНУНИ ТИБ» БОЗНАШР ШУД

ТАЪСИСИ КОРХОНАИ ХУРДИ ИЛМӢ - ИСТЕҲСОЛИИ МАВОДИ ДОРУВОР

КОРВОНИ САЛОМАТӢ ДАР ЛАХШ

27.02.2021


Ҷаҳон дар як сатр

Си Ҷинпин изҳор намуд, ки Чин бар бенавоӣ комилан пирӯз гардид

Масъулиятро нисбат ба он мансабдорҳое, ки душаҳрвандӣ доранд, бояд сахттар намуд

ИМА имкони тамдиди ҳузури низомиёнашро дар Афғонистон истисно намекунад

Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба таҳияи «шиносномаи эмкунӣ» - и ягона ба мувофиқа расиданд

ТЕННИС ВА НАҚШИ «ҶУМҲУРИЯТ» ДАР ОММАВИЯТИ ВАРЗИШ

25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед