logo

фарҳанг

"УФУҚҲОИ ИСТИҚЛОЛ" - САРЧАШМАИ БОЭЪТИМОДИ ХУДШИНОСӢ

Дар ин китоби арзишманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан аз бурду бохт ва дастовардҳои беназири  замони соҳибистиқлолӣ меравад. Он фарогирандаи тамоми самтҳои асосии ҳаёти ҷомеа мебошад. Махсусан, ҳадафҳои стратегии кишвар баҳри расидан ба ояндаи дурахшони кишварамон хеле ҷолиб арзёбӣ шудааст.
Дар боби аввали китоб бо овардани мисол аз оқибатҳои сангини давраи ҷанги шаҳрвандӣ зикр мегардад, ки бадхоҳони миллат ба эътибор нагирифтанд, ки идеологияи онҳо ба воқеияти имрӯзаи ҷамъиятӣ ва геополитикии давр созгор нест.
Дигар масъалае, ки дар китоб ба таври мукаммал нишон дода шудааст, рушди иқтисодӣ ва дурнамои стратегии инкишофи он мебошад. Муаллиф баҳри пешрафти ин соҳа роҳу воситаҳоро нишон дода, камбудиҳои дар ин самт ҷойдоштаро баррасӣ намудааст. Барои ноил шудан ба чунин ҳадафи стратегӣ рушди соҳаи сайёҳӣ, саноаткунонӣ ва пешбурди сиёсати минтақавии кишварро афзал медонанд.
Пешвои миллат оид ба сатҳи некуаҳволӣ ва солимии миллат, муҳоҷирати меҳнатӣ  ва танзими он, пешрафти  илму маорифи кишвар низ ибрози андеша намудаанд.
Дар китоби мазкур масъалаи баланд бардоштани фарҳанги миллӣ ва сиёсии шаҳрвандон низ ба таври васеъ шарҳу баён ёфтааст. Махсусан, дар раванди баланд бардоштани маданияти сиёсии мардум нақши арзишҳои ҷомеаи демократӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандиро зикр мекунанд. Аҳамияти иттиҳодияҳои ҷамъиятиро барои давлатдории миллӣ аз он иборат медонанд, ки метавонанд дар муттаҳид ва сафарбар кардани шаҳрвандон саҳм гузоранд.  «Дар самти мазкур бисёр муҳим аст, ки созмонҳои ҷамъиятӣ мавқеи давлатмеҳварӣ дошта бошанд ва ба арзишҳои умумии соҳибихтиёрии давлатӣ эҳтиром гузоранд. Дар акси ҳол, онҳо метавонанд ба сифати «неруи нарм» - и кишварҳои хориҷӣ баромад намуда, ҳамчун пешбарандаи арзиш ва анъанаҳои бегона фаъолият кунанд». Дарвоқеъ, барои устувор намудани пояҳои давлатдории миллӣ ва ҳисси худогоҳии шаҳрвандон нақши маданияти сиёсӣ барҷаста аст. Ҳар қадаре ки сатҳи маърифатнокии мардум баланд бардошта шавад, ҳамон миқдор рушду инкишофи ҷомеа таъмин мегардад. Ба андешаи муаллиф ин барои  баланд бардоштани зиракии сиёсии ҷавонон  муҳим мебошад.
Дар охирсухан муаллиф ҷойгоҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар сиёсати байналмилалӣ баррасӣ намуда,  равобити дипломатии онро бо кишварҳои ҷаҳонӣ нишон додаанд. Ҳамчунин, аз ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар сиёсати ҷаҳонӣ мисолҳо оварда, ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистонро дар ин самт хеле муҳим арзёбӣ мекунанд. 
Ҳамин тавр, китоби «Уфуқҳои истиқлол» сарчашмаи муътамад ва нодири маълумот оид ба дастовардҳои замони соҳибистиқлолии кишвар мебошад. Муаллиф дар он мушкилот ва дастовардҳои тамоми самтҳои ҷомеаро мавриди омӯзиши амиқ қарор додаанд. Ва ҳам он чун дастури пурарзиш барои шинохти арзишҳои замони соҳибистиқлолӣ ва ташаккули худшиносии миллӣ, алалхусус барои  ҷавонон, аҳамияти хосса дорад. Аз ин рӯ, бояд дар мактабҳои олии кишвар мавриди омӯзиш қарор бигирад.
Фазилат САИДОВА,
ходими илмии Институти фалсафа,
сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.01.2019    №: 13    Мутолиа карданд: 443
25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД

22.02.2021


ҶОМИ ФФТ – 2021. "ИСТИҚЛОЛ" МАРОТИБАИ ШАШУМ СОҲИБИ ҶОМИ ФФТ ШУД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МИЗИ МУДАВВАР. БАРРАСИИ МАВЗӮИ КОРКАРДИ НАХИ ПАХТА ТО МАҲСУЛОТИ НИҲОӢ

ХАТЛОН. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНҲОИ ОЯНДАСОЗ

19.02.2021


АЪЗОИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТИИ «ҲИЗБ УТ-ТАҲРИР» БА ДАСТ АФТОДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ДУШАНБЕ. ИҚДОМОТИ БЕСОБИҚАИ ШАҲРДОРӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲАВАСМАНДИИ ҶАВОНОН БА АРТИШ

«САНЪАТШИНОСӢ» ПАДИДАИ НАВ ДАР ҲУНАРШИНОСИИ ТОҶИК

ИММУНИЗАТСИЯ. БЕМОРИИ ФАЛАҶРО ПЕШГИРӢ МЕКУНЕМ!

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

РАШТ. ҲАДАФИ ЧОРУМИ МИЛЛӢ ЗИНДАГИРО РАНГИ ДИГАР МЕБАХШАД

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ҲУНАРҲОИ ОРОИШӢ АЗ САНГ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БЕШ АЗ 108 000 ТОННА МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

ЭКОЛОГИЯ. НАҚШАИ НИҲОЛШИНОНӢ 30 ДАРСАД ЗИЁД ИҶРО ГАШТ

НОРАК. АВЛАВИЯТ БА КИШТИ ТАКРОРӢ

16.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶАҲОН

Навидҳои фарҳанг

15.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед