logo

фарҳанг

МО ВА МАЪНАВИЁТИ МО

Бузургтарин халқияту миллат ҳамонест, ки ба фарҳангу маънавиёт рӯ меорад. Қиматтарин сармоя барои ҳар як инсон бошад, китоб аст. Хушбахтона, миллати сарбаланди тоҷик аз ин гавҳари пурарзиш бебаҳра нест. Оид ба нақш ва рисолати китобу маҷалла, рӯзнома ва ҳафтаномаҳо дар рушду камолоти инсон зиёд шунидаем. Аммо, дар бораи ҳифз ва нигоҳдошти он на ҳама маълумот доранд.
Дар ин маврид метавон оид ба фаъолияти Муассисаи давлатии «Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон» сухан гуфт. Ин муассиса таърихи беш аз ҳаштодсола дорад. Самти асосии фаъолияти он ба ҳифзи осори нашрӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ равона шудааст.
Самти дигари фаъолияти муассиса баҳри ҷамъоварии маводи чопие, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ нашр мегарданд, равона карда шудааст. Бо ин мақсад, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2012 «Дар бораи Номгӯйи гирандагони нусхаҳои ҳатмии ройгони ҳуҷҷатҳо» ба имзо расидааст, ки саҳми муассиса дар татбиқи ин қарор хеле назаррас аст. 
Муассиса феҳристи библиографии давлатиро бо номи «Солномаи матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба нашр мерасонад, ки он суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сафарҳои дохилию хориҷӣ, маҷлисҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои расмиро бо таснифи библиографӣ ба табъ мерасонад.
Нашри «Солномаи матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» марҳилаи ибратбахши таърихиро дар худ касб кардааст. «Солномаи китобҳо» аз соли 1939, «Солномаи маҷаллаҳо ва рӯзномаҳо» бошад, аз соли 1941 то имрӯз рӯйи чоп меоянд. Бахши «Солномаи тақризҳо» аз соли 1964 дар «Солномаи матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» инъикос меёбад ва охири ҳар сол маълумоти омории нашри китоб ва матбуоти даврӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дода мешавад.
Дар бахши тақризҳо нисбат ба мазмуну муҳтавои  китобҳои нашргардида, назару андешаҳои олимон, аҳли адаб, ки дар рӯзномаву ҳафтаномаҳо ва маҷаллаҳо рӯйи чоп меоянд, аҳамияти махсус медиҳанд. Яке аз масъалаҳои ҳалталаб дар матбуоти тоҷик ин аст, ки ҳангоми муаррифии китоб макони нашр, номи муассисаи нашриявӣ, соли нашр нишон дода намешавад, ки ҳангоми ба солномаи мазкур ҷой додан, кори китобдоронро мушкил менамояд. Аз ин рӯ, масъулони рӯзномаву ҳафтаномаҳоро зарур аст, ки зимни муаррифии китобҳо ҳатман макони чоп ва номи муассисаи нашриявиро нишон диҳанд.
Бояд зикр намуд, ки аз оғози  нашри «Солномаи матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ду маротиба таснифоти библиографии солномаи мазкур тағйир ёфтааст. Аз соли 1987 то соли 2015 фаъолияти шуъбаи библиографияи давлатӣ аз рӯйи «Таснифоти ягонаи адабиёт барои нашрияи китоб дар ИҶШС» истифода мешуд.  Шурӯъ аз аввали соли 2016 «Солномаи матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар як сол чор маротиба ба нашр расида истодааст. Кори дигаре, ки дар ин замина анҷом дода шуд, идомаи таҳия ва нашри феҳристи такрории давлатӣ бо номи «Китобҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» аст, ки он дар панҷ сол як маротиба ба нашр мерасад. Дар феҳристи мазкур маълумот доир ба адабиёти соҳаҳои илму фан, аз ҷумла ҷамъиятию сиёсӣ, табиӣ, илмӣ, техникӣ, тиббӣ, кишоварзӣ, адабиёти бадеӣ, санъат ва ғайраро бо забонҳои тоҷикӣ, рӯсӣ ва ӯзбекӣ дар бар мегирад.
Мазмуну муҳтавои «Солномаи  матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» куллан тағйир ёфта, бештар мавзӯъҳои муҳим инъикос мегарданд. Қайд намудан ба маврид аст, ки феҳристи мазкур ба тамоми китобхонаҳои ҷумҳурӣ таҳвил дода шуда, дар раванди кори китобхонаҳо мавриди истифода қарор мегирад.    
Феҳристи библиографии «Солномаи матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ба нашр мерасад ва барои дарёфт намудани маълумоти зарурӣ ба мутахассисони соҳаҳои гуногун ёрӣ мерасонад.
Акбар АБДУСАМАДОВ,
корманди МД «АМСБРСК – Хонаи китоби Тоҷикистон»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.01.2019    №: 16    Мутолиа карданд: 487
04.03.2021


ФОРУМИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ЗАНОН

ШАҲРИНАВ. ГУЛГАШТИ НАЗДИ МУҶАССАМАИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА НАВСОЗӢ МЕШАВАД

КАМОНВАРӢ

Муассисаҳои таълимии олии Россия дарҳояшонро барои донишҷӯёни хориҷӣ боз намуданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

03.03.2021


Мулоқоти Зулфия Давлатзода бо Мирвайс Ноб

Дар Доғистон хотираи ҳалокшудагони ҷангро гиромӣ медоранд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. СИТОРАҲОИ ДУРАХШОНИ ВАРЗИШИ ТОҶИК

ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ДӮСТӢ ВА ҲАМКОРИИ СҲШ ДАР ТОҶИКИСТОН

ҚУЛЛАИ «РАҲИМ МАСОВ» ДАР ИШКОШИМ

ҶОМИ КФО – 2021

Путин ҷиҳати муколама бо ИМА ва дигар кишварҳо омода аст

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.03.2021


ВМКБ. ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ФФТ БАРНОМАИ МАХСУСИ ПРЕЗИДЕНТ БАРОИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ДЕҲОТ

«ҚОНУНИ ТИБ» БОЗНАШР ШУД

ТАЪСИСИ КОРХОНАИ ХУРДИ ИЛМӢ - ИСТЕҲСОЛИИ МАВОДИ ДОРУВОР

КОРВОНИ САЛОМАТӢ ДАР ЛАХШ

27.02.2021


Ҷаҳон дар як сатр

Си Ҷинпин изҳор намуд, ки Чин бар бенавоӣ комилан пирӯз гардид

Масъулиятро нисбат ба он мансабдорҳое, ки душаҳрвандӣ доранд, бояд сахттар намуд

ИМА имкони тамдиди ҳузури низомиёнашро дар Афғонистон истисно намекунад

Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба таҳияи «шиносномаи эмкунӣ» - и ягона ба мувофиқа расиданд

ТЕННИС ВА НАҚШИ «ҶУМҲУРИЯТ» ДАР ОММАВИЯТИ ВАРЗИШ

25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед