logo

фарҳанг

ТАҶЛИЛИ САДА ДАР ДУШАНБЕ. ЭЪТИБОРИ НАВИ ҶАШНИ КУҲАН

Бо ибтикори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ бо иштироки меҳмонон, ҳазорҳо сокини пойтахт ва шаҳру навоҳии дигари ҷумҳурӣ Ҷашни Сада бо  шаҳомати хосса таҷлил гардид. Ба ин муносибат намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва намунаҳои ихтирооту навовариҳои олимон низ баргузор шуд.

Сардори раёсати кишоварзӣ ва  ҳифзи муҳити зисти  Дастгоҳи иҷроияи Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобишоҳ  Холзода, вазирони кишоварзӣ ва фарҳанги кишвар Иззатулло  Сатторӣ, Шамсиддин Орумбекзода ва муовини раиси шаҳр Мавсума Муинӣ ҳозиронро бо ҷашни миллӣ муборакбод гуфтанд.
Зикр гардид, ки  Сада оини меҳрпарастӣ  ва ҷашни бостонии ниёгони тамаддунпарвари мо мебошад, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар радифи идҳои дигари миллӣ эҳё гардид, ҷавонии тоза ёфт. Ҳоло ин ҷашни умумимиллиро сокинони ҳамаи гӯшаю канорҳои мамлакат бо самимияти хосса истиқбол менамоянд.
Сада ба  зиндагии инсон ва робитаи ӯ бо табиат пайванди ногусастанӣ дорад. Барпо шудани ҷашни номбурда, имконият медиҳад, ки кишоварзони ҷумҳурӣ пеш аз оғози мавсими кишту кори баҳорӣ ҷамъ омада, аз таҷрибаи ҳамдигар ва навовариҳои соҳа бархӯрдор гарданд.
Кормандону мутахассисони соҳаи  кишоварзӣ, олимону устодони Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ва Академияи илмҳои кишоварзии ҷумҳурӣ номгӯйи тухмиҳои нави серҳосили зироатҳо, ниҳолҳои мевадиҳандаю ҳамешасабз, гулбуттаҳо, техникаю олоти кишоварзӣ ва дастгоҳҳои истеҳсолиро муаррифӣ намуданд. Намунаҳои замонавии сардхонаю анборҳо ва техникаю технологияҳо барои нигоҳдорӣ ва  коркарди маҳсулоти кишоварзӣ  дар шароити кӯҳистон намоиш дода шуданд.
Баробари муаррифии дастовардҳои олимони соҳа кормандони КВДҶ «Тоҷикагролизинг» техникаҳои беҳтарини кишоварзиро, ки камхарҷу пуриқтидоранд, ба деҳқонон намоиш доданд.
Дар хотимаи чорабинӣ аз ҷониби КВДҶ «Агролизинг» ба ихтироъкорони ҷавон дар самти навовариҳои техникӣ туҳфаю мукофотҳои пулию моддӣ тақдим карда шуд. Ҳамчунин, беҳтарин зироаткорон, тухмипарварон, чорводорону боғпарварон, олимон ва  устодони муассисаҳои олии таълимии соҳа соҳиби диплому ифтихорномаҳо гардиданд.  Ҷашни Сада дар Боғи фарҳангию фароғатии Абдулқосим Фирдавсӣ бо ҳунарнамоии устодони санъат ва ҳунарпешаҳои ҷавон хушу хотирмон гузашт.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.01.2019    №: 21-22    Мутолиа карданд: 443
03.03.2021


ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ДӮСТӢ ВА ҲАМКОРИИ СҲШ ДАР ТОҶИКИСТОН

ҚУЛЛАИ «РАҲИМ МАСОВ» ДАР ИШКОШИМ

ҶОМИ КФО – 2021

Путин ҷиҳати муколама бо ИМА ва дигар кишварҳо омода аст

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.03.2021


ВМКБ. ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ФФТ БАРНОМАИ МАХСУСИ ПРЕЗИДЕНТ БАРОИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ДЕҲОТ

«ҚОНУНИ ТИБ» БОЗНАШР ШУД

ТАЪСИСИ КОРХОНАИ ХУРДИ ИЛМӢ - ИСТЕҲСОЛИИ МАВОДИ ДОРУВОР

КОРВОНИ САЛОМАТӢ ДАР ЛАХШ

27.02.2021


Ҷаҳон дар як сатр

Си Ҷинпин изҳор намуд, ки Чин бар бенавоӣ комилан пирӯз гардид

Масъулиятро нисбат ба он мансабдорҳое, ки душаҳрвандӣ доранд, бояд сахттар намуд

ИМА имкони тамдиди ҳузури низомиёнашро дар Афғонистон истисно намекунад

Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба таҳияи «шиносномаи эмкунӣ» - и ягона ба мувофиқа расиданд

ТЕННИС ВА НАҚШИ «ҶУМҲУРИЯТ» ДАР ОММАВИЯТИ ВАРЗИШ

25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД

22.02.2021


ҶОМИ ФФТ – 2021. "ИСТИҚЛОЛ" МАРОТИБАИ ШАШУМ СОҲИБИ ҶОМИ ФФТ ШУД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МИЗИ МУДАВВАР. БАРРАСИИ МАВЗӮИ КОРКАРДИ НАХИ ПАХТА ТО МАҲСУЛОТИ НИҲОӢ

ХАТЛОН. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНҲОИ ОЯНДАСОЗ

19.02.2021


АЪЗОИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТИИ «ҲИЗБ УТ-ТАҲРИР» БА ДАСТ АФТОДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ДУШАНБЕ. ИҚДОМОТИ БЕСОБИҚАИ ШАҲРДОРӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲАВАСМАНДИИ ҶАВОНОН БА АРТИШ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед