logo

номаҳо

ҲУКМИ САРБАСТА Ё ЧАРО ТАЛАБОТИ ҚОНУНРО НОДИДА МЕГИРАНД?

Бо вуҷуди дар нафақа буданам,  айни ҳол барои таъмини фарзандонам  ба фаъолияти омӯзгориам аз фанни химия давом медиҳам. То кунун шогирдонам аз озмунҳои фаннии вилоятию ҷумҳуриявӣ 17 медали тиллою нуқра ва биринҷӣ гирифтаанд. Ду духтарам донишҷӯ ва ду духтари дигарам дар литсей бо баҳои хубу аъло мехонанд.
Зиндагии хубу осоиштаи моро ҳамсарам – Гуландом Мӯсоева  барҳам зад. Ӯ бо ҳамсари собиқаш робита барқарор карда, тарки ману фарзандон кард. Бинобар сабаби хуб набудани саломатиам ва имкони маҳдуди таъмини фарзандон, 4 августи соли 2017 бо аризаи даъвогӣ дар бораи рӯёндани алимент аз ҳисоби ӯ ба суди ноҳияи Данғара муроҷиат кардам.
Мувофиқи ҳалномаи суд аз 30 августи соли 2017 бояд аз Г. Мӯсоева ба андозаи нисфи музди меҳнат ва дигар даромадҳояш то ба балоғат расидани фарзандонам алимент рӯёнда шавад. Вале ӯ  як моҳ ба андозаи 260 сомонӣ алимент супурду халос. Аз ин рӯ, 11 январи соли 2018 бо аризаи даъвогӣ дар бораи тағйир додани тартиби ситондани алимент ба суди ноҳия муроҷиат кардам. Суд аз 19 марти соли 2018 таҳти раисикунанда К. Ҳакимиён ҳалнома баровард, ки дар асоси он бояд аз 23 январи соли 2018 барои 3 фарзандам ба ҳар яке 70 сомонӣ ҷамъ 210 сомонӣ ба тариқи устувор алимент рӯёнда шавад. Ин ҳам дар ҳолест, ки судя ба фарзанди калонии ман, ки ҳоло донишҷӯ аст, алимент таъйин накард.
Пас аз баромадани ҳалномаи суд Г. Мӯсоева ғайб зад. Иҷрочиёни суд  ҳуҷҷат тайёр намуда, ба прокуратураи ноҳия фиристоданд. Прокуратура нисбат ба Г. Мӯсоева парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, ба суд пешниҳод намуд. 25 декабри соли 2018 суди ноҳия дар ҳайати судя К. Ҳакимиён парвандаи ҷиноятии судшаванда Г. Мӯсоеваро баррасӣ карда, мутобиқи талаботи моддаи 71 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ӯ як сол муҳлати санҷишӣ муқаррар намуд, ки бидуни огоҳ кардани ниҳоди дахлдор ҷои зисташро иваз накунад. Вале дар бораи рӯёндани қарз ва додани кумакпулӣ ба фарзандон чизе гуфта нашудааст. Пас, аз чунин ҳалнома ба ману фарзандонам чӣ суд?
Бо умед ин навиштаро ба идораи рӯзномаи бонуфузи «Ҷумҳурият» равон мекунам ва шояд дар пайи нашри он мушкили ман ҳал гардида, талаботи қонун оид ба ситондани алимент иҷро гардад. 
Р. ТУМАНОВ, сокини ноҳияи Данғара


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.02.2019    №: 33    Мутолиа карданд: 1998
04.03.2021


ФОРУМИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ЗАНОН

ШАҲРИНАВ. ГУЛГАШТИ НАЗДИ МУҶАССАМАИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА НАВСОЗӢ МЕШАВАД

КАМОНВАРӢ

Муассисаҳои таълимии олии Россия дарҳояшонро барои донишҷӯёни хориҷӣ боз намуданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

03.03.2021


Мулоқоти Зулфия Давлатзода бо Мирвайс Ноб

Дар Доғистон хотираи ҳалокшудагони ҷангро гиромӣ медоранд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. СИТОРАҲОИ ДУРАХШОНИ ВАРЗИШИ ТОҶИК

ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ДӮСТӢ ВА ҲАМКОРИИ СҲШ ДАР ТОҶИКИСТОН

ҚУЛЛАИ «РАҲИМ МАСОВ» ДАР ИШКОШИМ

ҶОМИ КФО – 2021

Путин ҷиҳати муколама бо ИМА ва дигар кишварҳо омода аст

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.03.2021


ВМКБ. ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ФФТ БАРНОМАИ МАХСУСИ ПРЕЗИДЕНТ БАРОИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ДЕҲОТ

«ҚОНУНИ ТИБ» БОЗНАШР ШУД

ТАЪСИСИ КОРХОНАИ ХУРДИ ИЛМӢ - ИСТЕҲСОЛИИ МАВОДИ ДОРУВОР

КОРВОНИ САЛОМАТӢ ДАР ЛАХШ

27.02.2021


Ҷаҳон дар як сатр

Си Ҷинпин изҳор намуд, ки Чин бар бенавоӣ комилан пирӯз гардид

Масъулиятро нисбат ба он мансабдорҳое, ки душаҳрвандӣ доранд, бояд сахттар намуд

ИМА имкони тамдиди ҳузури низомиёнашро дар Афғонистон истисно намекунад

Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба таҳияи «шиносномаи эмкунӣ» - и ягона ба мувофиқа расиданд

ТЕННИС ВА НАҚШИ «ҶУМҲУРИЯТ» ДАР ОММАВИЯТИ ВАРЗИШ

25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед