logo

фарҳанг

"КИТОБИ ТИЛЛОӢ" – И САБРИНАИ НИГИН

Чанде пеш маросими ҷоизасупории лоиҳа - озмуни «Ирфон» - и Муассисаи давлатии телевизиони «Тоҷикистон» доир гардид. Дар он Сабринаи Нигин, хонандаи синфи 7 - и МТМУ № 33 аз шаҳри Душанбе бо  назардошти мутолиаи пурраи 356 адабиёт соҳиби Шоҳҷоиза - «Китоби тиллоӣ» шуд.
Дар баробари ӯ, Амирҳамза Абдуллоев, хонандаи мактаб аз ноҳияи Шаҳринав соҳиби ҷойи аввал, Шаҳрибону Абдуллоева, хонандаи мактаб аз ноҳияи Шаҳринав соҳиби ҷойи дуюм ва Комилзода Фирӯз, корманди ҳафтаномаи «Пайрав»» ва Зуҳро Ниёззода, донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои мутолиаи адабиёт соҳиби ҷойҳои сеюм шуданд.
Ғолибону иштирокчиёни озмун бо «Сипоснома» ва китобҳои бадеии тозанашри Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, туҳфаҳои хотиравии Кумитаи ҷавонон ва варзиш, ширкатҳои «Рухом», сохтмонии «Авитсена» ва қаннодии «555» сарфароз гардиданд.
Барномаи «Ирфон» аз моҳи феврали соли 2018 оғоз ёфта, беш аз 100 нафар дар он номнавис гардида, 34 довталаб аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ иштирок намуд. Барнома дар ду давр доир гардида, аз 34 нафар иштирокчӣ 7 нафар ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт ва 5 тан аз сермутолиатаринҳо соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.
Дар озмун на танҳо мутолиаи китоб, балки ба ҳайати ҳакамон ба ғайр аз пешниҳоди адабиёти хондашуда, сареҳияти посухҳои додашуда ба саволҳои доварон, ҳозирҷавобӣ, огоҳ будан аз хати сужет, маълумот дода тавонистан оид ба қаҳрамонҳои асар, нақл намудани порчаҳои ҷолибу хотирмони китоб, нутқи бурро ва дар бораи муаллифи китоб маълумот доштан низ ба назар гирифта шуд.
Ташкилкунандагон ва муассисони озмун Вазорати маориф ва илм ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон буданд, ки иштироки хонандагону донишҷуён ва рафти сабти барномаҳоро дар телевизион таъмин намуданд.
Бузургмеҳри БАҲОДУР,
«Ҷумҳурият»

 

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.02.2019    №: 42    Мутолиа карданд: 497
25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД

22.02.2021


ҶОМИ ФФТ – 2021. "ИСТИҚЛОЛ" МАРОТИБАИ ШАШУМ СОҲИБИ ҶОМИ ФФТ ШУД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МИЗИ МУДАВВАР. БАРРАСИИ МАВЗӮИ КОРКАРДИ НАХИ ПАХТА ТО МАҲСУЛОТИ НИҲОӢ

ХАТЛОН. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНҲОИ ОЯНДАСОЗ

19.02.2021


АЪЗОИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТИИ «ҲИЗБ УТ-ТАҲРИР» БА ДАСТ АФТОДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ДУШАНБЕ. ИҚДОМОТИ БЕСОБИҚАИ ШАҲРДОРӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲАВАСМАНДИИ ҶАВОНОН БА АРТИШ

«САНЪАТШИНОСӢ» ПАДИДАИ НАВ ДАР ҲУНАРШИНОСИИ ТОҶИК

ИММУНИЗАТСИЯ. БЕМОРИИ ФАЛАҶРО ПЕШГИРӢ МЕКУНЕМ!

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

РАШТ. ҲАДАФИ ЧОРУМИ МИЛЛӢ ЗИНДАГИРО РАНГИ ДИГАР МЕБАХШАД

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ҲУНАРҲОИ ОРОИШӢ АЗ САНГ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БЕШ АЗ 108 000 ТОННА МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

ЭКОЛОГИЯ. НАҚШАИ НИҲОЛШИНОНӢ 30 ДАРСАД ЗИЁД ИҶРО ГАШТ

НОРАК. АВЛАВИЯТ БА КИШТИ ТАКРОРӢ

16.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶАҲОН

Навидҳои фарҳанг

15.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед