logo

иҷтимоиёт

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 8626 ҶОЙИ КОР ДАР СЕ МОҲ

Дар ҷаласаи васеи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, ки бо иштироки  раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода, муовинони раиси вилоят, раисони шаҳру навоҳӣ, сардорони ташкилоту идораҳои вилоятӣ ва фаъолон баргузор гардид, натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилоят дар семоҳаи аввали соли равон баррасӣ ва  вазифаҳо барои соли 2019 муайян гардиданд.
Бо қаноатмандӣ гуфта шуд, ки ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии минтақавӣ дар се моҳи соли равон ба 2 миллиарду 799,6 миллион сомонӣ расида, афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,2 дарсадро ташкил дод. Иҷрои нақшаи андозҳо, бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ, 100,4 дарсад таъмин гардида, ба буҷет 337,8 миллион сомонӣ маблағ ворид шуд, ки дар қиёс ба нақша 1,2 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Дар семоҳа ба соҳаҳои буҷетии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо 371,5 миллион сомонӣ маблағгузорӣ карда шуд. 81 дарсад ё 323 миллион сомонии маблағҳои буҷетӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ равона гардидааст.
Бонкҳои вилоят ба соҳаҳои иқтисодӣ 333,5 миллион сомонӣ қарзҳои бонкӣ додаанд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 37,3 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Аз ҷумла, аз ин ҳисоб ба соҳаҳои кишоварзӣ 125,9 миллион (37,8%),  саноат, сохтмон ва нақлиёт 115,7 миллион (34,7%), савдо 54,4 миллион (16,3%), рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 970 ҳазор (0,3%) ва дигар соҳаҳо 36,5 миллион сомонӣ (10,9%) қарз дода шудааст. Гардиши савдо ба 1307,3 миллион сомонӣ расида, афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, 25,2 дарсадро ташкил медиҳад. Фақат тайи ду моҳи аввали сол гардиши савдои хориҷӣ ба 81,3 миллион доллари амрикоӣ расид, ки аз он содирот 38,8 миллион ва воридоти молу маҳсулот 42,5 миллион долларро ташкил медиҳад.
Дар вилоят 33 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ мешавад. Маблағи азхудшуда 454,5  миллион долларро ташкил медиҳад.
Дар ин давра дар ҳудуди вилоят 8 ҳазору 626 ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шудааст. Танҳо аз ҳисоби баргузории 76 ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ ва дигар сарчашмаҳо 2 ҳазору 481 шаҳрванд соҳиби шуғли доимию мавсимӣ гардид. Музди миёнаи меҳнат 16,4 дарсад афзуд.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 520,2 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 35,5 миллион сомонӣ зиёд аст. Дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ 839,5 тонна сабзавот, 150 ҳазор тонна гӯшт, 70,1 ҳазор тонна шир, 23,8 миллион дона тухм истеҳсол гардида, афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан аз 6 то 27 дарсадро ташкил медиҳад.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 1 миллиарду 714,8 миллион сомонӣ расид, ки назар ба ҳамин давраи соли 2018 - ум 119,8 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Суръати афзоиш бо нархҳои ҳақиқӣ 7,5 фоиз ва бо нархҳои муқоисавӣ 6,6 фоизро ташкил медиҳад.
Дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта афзоиши истеҳсоли орд 3,4, нон ва маҳсулоти нонӣ 3,1, равғани рустанӣ 6,1, гӯшти навъи 1-ум 8,2, маҳсулоти ширӣ 45, риштаи пахтагӣ 54,1, маҳсулоти дӯзандагӣ 89, нафт 11, маҳсулоти пластикии филизӣ 24, семент 9,2, регу санги майда 61 ва транформатор 28 дарсадро ташкил дода, истеҳсоли маҳсулоти доруворӣ 3, мусалласи ангур 4,  маҳсулоти макаронӣ 13, мебел 2,3, қубурҳои пластикӣ 6,5, гаҷи сангин 3, хишти бинокорӣ 4,3 ва бетони сохтмонӣ 16 баробар  афзоиш ёфт.  Давоми се моҳ 20 корхона ва коргоҳи нави саноатӣ бо фарогирии 212 ҷойи кор ба фаъолият пардохт.
Ба маблағи 53,6 миллион сомонӣ 54 бинову иншооти истеҳсолию ғайриистеҳсолӣ, аз  ҷумла  14 синфхонаи иловагӣ бо 396 ҷойи нишаст, маркази саломатӣ, 30 маркази савдо ва дукони тиҷоратӣ, 2 толори варзишӣ, 3 бинои бисёрқабатаи истиқоматӣ ва 7 иншооти дигар бунёд ёфта, 1,7 километр роҳи автомобилгард аз таъмири асосӣ бароварда шуд.
Дар интиҳои ҷаласа Қурбон Ҳакимзода бо ишора ба ҷашни бузург – 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз масъулони ниҳодҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ тақозо кард, ки ба амалҳои ободонӣ, ҷалби ҷавонон ба корҳои созанда, муҳайё кардани шароити беҳтар барои сокинони деҳот, омӯхтани имкониятҳои туристии вилоят ва рушд додани соҳа таваҷҷуҳи амиқ зоҳир созанд.
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.04.2019    №: 74    Мутолиа карданд: 357
07.05.2021


13 МАЙ – РӮЗИ ИДИ САИДИ ФИТР

ИСТАРАВШАН. ЁРИПУЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ҶБВ

СУҒД. ЗАХМИҲОИ ДАРГИРИҲОИ МУСАЛЛАҲОНА ЁРИПУЛӢ ГИРИФТАНД

Ч О Р К Ӯ Ҳ. ОҚИБАТҲОИ МУНОҚИШАИ МАРЗӢ БАРТАРАФ МЕГАРДАНД

06.05.2021


ИСФАРА. КУМАКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ОИЛАҲОИ ШАХСОНИ ФАВТИДА

ЁРИПУЛИҲО БА СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

ДЕВОНИ ДУШАНБЕ - ТОШКАНД

ТАВОНОИИ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ “ҚАЙРОҚҚУМ” БА 176 МЕГАВАТТ МЕРАСАД

ИСТИҚЛОЛ. КӮДАКИСТОНИ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД

“ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА”

Изҳороти G7 оид ба тағйирёбии иқлим

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

05.05.2021


ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»

Байден бо Путин вомехӯрад?

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТЕКБОЛ. ФЕДЕРАТСИЯИ НАВ ДАР ФАЗОИ ВАРЗИШИИ КИШВАР

«МИЛЛАТЕ МЕЗИСТ ДАР РӮИ ЗАМИН»

ИСФАРА.ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ ДЕҲОТИ ВОРУХ, ЧОРКӮҲ ВА ХОҶАИ АЪЛО

ТОҶИКИСТОН ДАР МИЁНИ СММ ВА СҲШ МАСИРИ НАВИ ҲАМКОРӢ КУШОД

ТИБ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ СОҲА. НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДДТТ БОЛО МЕРАВАД

G7 15 МИЛЛИАРД ДОЛЛАРИ ИМА БАРОИ ТАЪЛИМИ ДУХТАРОН ҶУДО МЕНАМОЯД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

САНГВОР. ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР НИГИНИ КӮҲИСТОНИ ТОҶИК

03.05.2021


ҶАЛАСАИ ҲАЙАТҲОИ ҲУКУМАТӢ ОИД БА ДЕЛИМИТАТСИЯ ВА ДЕМАРКАТСИЯИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ

ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД...

ҲИФЗИ МЕҲНАТ. МУШКИЛЕ, КИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

САД РАНГИ ЧАКАН

ФУТБОЛ

30.04.2021


БАРРАСИИ ДОИРАИ ВАСЕИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ БОНКИ ҶАҲОНӢ

ПАРЛУМОН. ЧАҲОР ВАКИЛИ НАВ САВГАНД ЁД КАРД

ДДХ. ОҒОЗИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ”ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ”

28.04.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ КИШВАРҲОИ УЗВИ СААД БАРГУЗОР ГАРДИД

ИММУНИЗАТСИЯ. ВАКСИНАҲО МОРО БО ҲАМ НАЗДИК МЕКУНАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед