logo

сиёсат

ТОҶИКИСТОН ВА РОССИЯ. ИМЗОИ САНАДҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

17 апрел, баъди анҷоми мулоқоту гуфтушунидҳо, маросими имзои санадҳо баргузор шуд.
Зери Изҳороти муштараки сарони давлатҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин имзо гузоштанд.
Дар ҳузури сарони давлатҳо 16 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид, аз ҷумла:
- Созишномаи ҳамкории КВД “Ширкати аллюминийи тоҷик” ва Бонки ВТБ;
- Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи олимпии Россия;
- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории илмӣ байни Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Федератсияи Россия;
- Созишнома байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд (Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва Ҳукумати вилояти Нижегородск (Федератсияи Россия) дар бораи ҳамкории тиҷоратӣ - иқтисодӣ, илмӣ -  техникӣ ва гуманитарӣ;
- Ёддошти тафоҳум байни Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералӣ оид ба назорат дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва беҳдошти инсон (Федератсияи Россия) оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон;
- Нақшаи чорабиниҳои муштараки Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Федератсияи Россия барои соли 2019;
- Созишнома байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии гумруки Федератсияи Россия оид ба ташкили тартиби содагардонидашудаи амалиёти гумрукӣ ҳангоми интиқоли молҳо ва воситаҳои нақлиёт байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия (“долони содагардонидашудаи гумрукӣ”);
- Протоколи байниидоравӣ дар бораи риояи талаботи фитосанитарӣ ҳангоми аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи Россия ворид намудани маҳсулоти меваю сабзавоти аз лиҳози фитосанитарӣ муҳим;
- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар Федератсияи Россия;
- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии моддию техникии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода, ки забони таҳсилашон русӣ мебошад;
- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ;
- Протокол оид ба ворид намудани тағйирот ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини маҳсулоти нафтӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 феврали соли 2013;
- Созишнома байни Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ ва мусоидат кардан ба Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар соҳаи муқовимат ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо;
- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Федератсияи Россия;
- Ёддошти тафоҳуми байниҳукуматӣ дар бораи масъалаҳои таъмини амнияти биологӣ;
- Созишнома байни Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати мудофиаи Федератсияи Россия оид ба ҳамкории муштарак дар самти ошкор ва таҳқиқ намудани вазъи радиатсионӣ, кимиёвӣ ва биологӣ барои манфиатҳои қисмҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар рафти амалиётҳои муштарак.
Баъди анҷоми маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ сарони ду давлат - Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин нишасти матбуотӣ ороста, аз натиҷаҳои мулоқоту гуфтушунидҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ карданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.04.2019    №: 74    Мутолиа карданд: 452
27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ТОКИО – 2020

Сухане чанд дар бораи СҲШ

Ҷаҳон дар як сатр

14.07.2021


Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Покистон

Аз нишастҳои матбуотӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед