logo

сиёсат

МУЛОҚОТУ МУЗОКИРОТИ САТҲИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОНУ РОССИЯ

17 апрел мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Россия дар доираи сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Федератсияи Россия дар Қасри Кремл баргузор шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин истиқбол гирифт.
Масоили ҷорӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Россия нахуст дар мулоқоти хосаи сарони ду давлат ва, сипас, дар вохӯрии ҳайатҳои васеи ҳар ду ҷониб баррасӣ гардиданд.
Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба кишвараш хайрамақдам гуфта, изҳори итминон намуд, ки натиҷаҳои ин сафар низ барои таҳкиму тавсеаи муносибатҳои шарикии стратегии ду кишвар такони тоза хоҳанд бахшид.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар навбати худ ба Президент ва Ҳукумати Федератсияи Россия барои даъват ҷиҳати анҷоми сафари расмӣ, инчунин истиқболи самимӣ, изҳори сипос карданд.
Сарони ду давлат - Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин ҳавасмандии устувори худро ба таҳким ва густариши минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Россия таъкид намуданд.
Зимни мулоқот маҷмӯи масъалаҳои мубрами ҳамкории стратегии кишварҳо, мавзӯи васеи робитаҳои байналмилалию минтақавии мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо муҳокима шуданд. Ҷонибҳо аз рушди бемайлони ҳамкорӣ дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ- иқтисодӣ, гуманитарӣ, ҳарбӣ, ҳарбӣ - техникӣ ва дигар самтҳои муносибатҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ карданд.
Таъкид гардид, ки муколамаи сиёсии сатҳи олӣ, таҷрибаи бойи ҳамкорӣ, боварию эътимоди байниҳамдигарӣ, фароҳам овардани заминаи мусоиди ҳуқуқӣ имкон дод, то робитаҳои ду кишвар рушду густариши бештар пайдо намоянд.
Федератсияи Россия шарики тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон боқӣ монда, ҳаҷми гардиши мол байни ду кишвар дар соли гузашта беш аз 1 миллиард долларро ташкил дод. Ҷалби сармояи Россия ба иқтисодиёти Тоҷикистон низ аз ҳадди ин нишондод боло рафтааст.
Соҳаи кишоварзӣ самти ояндадори ҳамкории ду кишвар номида шуда, дар рафти мулоқот масъалаи афзоиши воридоти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба Россия махсус таъкид гардид. Дар ин росто, истифодаи технологияи Россия оид ба коркарди маҳсулоти хӯрока, таъсиси маркази тақсимоти яклухт дар Тоҷикистон ва ҳамоҳангсозии сертификатсияи дарозмуддати маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба бозори Россия ба мақсад мувофиқ шумурда шуд.
Дар ҷараёни мулоқот, ҷонибҳо ба масъалаи рушду густариши муносибатҳои байниминтақавӣ, ҳамкорӣ дар бахшҳои энергетика, сӯзишворӣ - энергетикӣ, маблағгузорӣ ба соҳаҳои саноати хӯрокворӣ, нассоҷӣ, саноати вазнин ва кӯҳӣ, идомаи тадқиқот дар минтақаҳои ояндадори нафту гази Тоҷикистон, таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ, интиқоли молу маҳсулоти кишоварзӣ ба Россия, нақлиёт, логистика ва туризм таваҷҷуҳ зоҳир карданд. То имрӯз Тоҷикистон бо 80 минтақаи Федератсияи Россия муносибатҳои судманд ба роҳ мондааст.
Дар ҷараёни мулоқот таъкид шуд, ки баргузории форумҳои тиҷоратӣ бо иштироки доираҳои соҳибкории ҳар ду кишвар ва конфронс оид ба ҳамкории байниминтақавӣ метавонанд ҳамчун як омили таҳкимбахшандаи густариши муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ бар нафъи кишварҳо хизмат намоянд.
Зимни вохӯрӣ, рафти татбиқи тадбирҳо оид ба ҳалли масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, аз ҷумла эълони афв ба як қисми шаҳрвандони Тоҷикистон, беҳсозии шароити будубоши муҳоҷирон баррасӣ гардида, пешниҳод шуд, ки идомаи чунин чораҳои судманд, аз ҷумла тамдиди муҳлати бақайдгирӣ ва иҷозатнома барои фаъолияти муҳоҷирон, ба манфиати кор хоҳад буд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки нисбат ба як қисми шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо сабабҳои гуногун будубоши онҳо дар ҳудуди Федератсияи Россия манъ гардидааст, афв эълон карда шавад. Ин пешниҳоди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин қабул кард ва дар навбати худ ба роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Россия супориш дод, ки оид ба ҳалли ин масъала чораандешӣ намоянд.
Ҷонибҳо зимни баррасии масъалаҳои амниятӣ ба таъмини амнияти минтақавӣ, муборизаи муштарак бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, аз қабили терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ, вазъи мураккаб дар сарҳади давлатӣ бо Афғонистон таваҷҷуҳ зоҳир карда, ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ - техникиро аз самтҳои афзалиятноку муҳими муносибатҳои Тоҷикистону Россия маънидод намуданд.
Зимни мулоқот, ҷонибҳо раванди ҳамкорӣ дар бахшҳои фарҳангию гуманитарӣ, илму маориф, омӯзиши забони русӣ, таъмини муассисаҳои таълимии Тоҷикистон бо омӯзгорони забони русӣ, таҳсили ҷавонони тоҷик дар муассисаҳои олии Россия, татбиқи лоиҳаҳои бунёди мактабҳои омӯзиши забони русӣ дар Тоҷикистонро баррасӣ карданд.
Масъалаҳои ҳамкорӣ дар доираи ташкилоту созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ аз мавзӯъҳои дигари мулоқоти сатҳи олии Тоҷикистону Россия буд, ки сарони давлатҳо вобаста ба ҳамёрии кишварҳо ва дастгирии ташаббусҳои якдигар изҳори қаноат карданд.
Дар анҷоми музокироти сатҳи олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Владимир Путин даъват ба амал оварданд, ки дар вақти барояшон муносиб ба Тоҷикистон ташриф оранд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.04.2019    №: 74    Мутолиа карданд: 450
27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ТОКИО – 2020

Сухане чанд дар бораи СҲШ

Ҷаҳон дар як сатр

14.07.2021


Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Покистон

Аз нишастҳои матбуотӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед