logo

сиёсат

ИФТИТОҲИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ РАҚАМИ 6

20 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 6-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Пешвои миллат бо шароити таълимгоҳ ошно шуда, бо хонандагону омӯзгорон аз наздик суҳбат намуданд. Муассисаи мазкур аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Иқбол Сафаров - директори генералии ҶСК “Тоҷикгидроэлектромонтаж” пурра аз нав бунёд гардида, он аз чор ошёна, таҳхона ва се бино иборат буда, бо назардошти стандартҳои муосири меъморӣ дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд ёфта, барои 2400 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст. Иншооти нав дорои 51 синфхона ва 38 ҳуҷраи ёрирасон мебошад.
Дар таълимгоҳ муосиртарин шароит барои донишомӯзӣ фароҳам гардида, синфхонаҳои алоҳида барои фанҳои биология, химия, омодагии дифои ҳарбӣ ва геометрия ташкил карда шудаанд. Ҳамчунин, дар мактаб ҳуҷраҳои алоҳидаи лабораторӣ бунёд ёфта, барои дар амал гузарондани таҷрибаҳои гуногун асбобу аёниятҳои дарсӣ насб гардидаанд.
Аснои шиносоӣ, ба Роҳбари давлат иттилоъ доданд, ки дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 6 ба ҳунаромӯзии хонандагон таваҷҷуҳи хоса дода шуда, ҳуҷраҳои алоҳидаи таълими меҳнати писаронаву духтарона, ки бо тамоми дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ таъмин аст, кушода шудаанд. Дар ин ҷо талабагон дуредгарӣ, кандакорӣ, дӯхтани либос ва тарзи омода намудани ҳар гуна таомро меомӯзанд.  Барои дӯстдорони санъати тасвирӣ синфхонаи алоҳидаи дарсӣ, ки дар он нозукиҳои рассомӣ омӯзонда мешаванд, ташкил гардидааст. Китобхонаи барҳавои электронии муассиса бо 20 компютер ва хати баландшиддати интернет таъмин аст. Ҳуҷраи кории омӯзгорон бо компютерҳо, синфхонаи технологияи иттилоотӣ бо муосиртарин дастгоҳҳои корӣ таъмин гардидаанд.
Бино дорои ошхона бо 160 ҷойи нишаст, толори варзиш дар масоҳати 420 метри мураббаъ бо 4 ҳуҷраи иловагӣ ва маҷлисгоҳ бо 380 ҷойи нишаст мебошад.
Бо мақсади ҳифзи солимии омӯзгорону хонандагон, дар иншооти мазкур бинои алоҳидаи тиббӣ бунёд ёфта, он бо ҷиҳози зарурии ёрии аввалияи тиббӣ ва таҷҳизоти дандондармонии касбӣ таъмин аст.
Корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот дар зарфи яку ним сол ҷараён ёфта, гирду атрофи он бо гулу буттаҳои ороишӣ ва нишастгоҳҳо таъмин аст.
Ба хотири оммавӣ гардондани варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим, дар ҳавлии муассисаи таълимӣ ду майдони варзиши муосир дар масоҳати 540 метри мураббаъ бунёд ёфтааст. Майдончаҳо барои бозиҳои футбол, волейбол ва варзиши сабук пешбинӣ гардида, мутобиқ ба стандартҳои муосир сохта шудаанд.
Дар ҳудуди таълимгоҳ ду трансформатори баландшиддати барқӣ насб гардида, иншоот бо шабакаи гармидиҳии мутамарказондашуда пайваст мебошад.
 Аснои шиносоӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ ва тарҳи бинои муассиса баҳои баланд дода, иқдомҳои соҳибкорони ватаниро намунаи ибрату боиси дастгирӣ арзёбӣ карданд.
Пас аз ифтитоҳи муассиса, Пешвои муаззами миллат дар толори барҳавои он бо аҳли маорифи пойтахт мулоқот намуда, хонандагону омӯзгоронро ба истифодаи шароити муосири донишомӯзӣ ҳидоят карданд.
Таъкид гардид, ки барои боз ҳам беҳтар намудани шароит ва фароҳам овардани имкониятҳои замонавии таълим, дар кишвар бунёди садҳо муассисаи таълимӣ бо назардошти талаботи замон идома доранд ва то таҷлили 30 - юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қисмати бештари онҳо мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт. 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.04.2019    №: 76    Мутолиа карданд: 482
27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ТОКИО – 2020

Сухане чанд дар бораи СҲШ

Ҷаҳон дар як сатр

14.07.2021


Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Покистон

Аз нишастҳои матбуотӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед