logo

иҷтимоиёт

 БА КАЛОНСОЛОН АРҶ ГУЗОРЕМ

ДАР ҲОШИЯИ ТАБРИКОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН
 
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишварро ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон табрик гуфтанд. Дар ҳақиқат, Рамазон - моҳи нузули раҳмату мағфират, файзу баракот ва иҷобати дуоҳо мебошад. Маҳз бо сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат дар фазои озод зиндагӣ мекунему озодона намоз мехонему рӯза медорем. Рӯза ба пок нигаҳ доштани дилу забон вазифадор ва зоҳиру ботинро бедор месозад. Инчунин, бо меҳрубониву муомилаи нек ба ҷо овардани иззати инсон ҳидоят менамояд. Ба ҳар як фарди болиғу солим ақл лозим аст, ки ҳар як амалро барои ба даст овардани хушнудии Худованд анҷом диҳад.
Табрикоти Сарвари давлат ба қалби мо - ходимони дин илҳоми тоза бахшид. Дар намозҳои таровеҳ ба мардум дар бораи фазилати дӯстиву рафоқат, тозагиву ободкорӣ, одобу ахлоқи ҳамида, дӯст доштани Ватан, ба ҷо овардани иззату эҳтироми падару модар ва калонсолон суҳбатҳо гузаронда, кӯшиш ба харҷ дода истодаем, ки дар қалби ҷавонон ҳисси ватандӯстӣ бештар гардад. Ба ҷуз ин, ҳадафи асосии равияҳои ифротиро ба ҷавонон фаҳмонда, намегузорем, ки дар ҷомеа андешаҳои ба мафкураи мо бегона нуфуз пайдо кунад, зеро аксари гурӯҳҳои ифротӣ амалҳои нангини худро таҳти ниқоби ислом содир менамоянд. Ҳол он ки ин дини мубин зидди ифротгароиву хушунат ва қатлу куштор буда, одамиро ба анҷоми амалҳои солеҳ роҳнамоӣ месозад.
Мардуми соҳибистиқлоли тоҷик моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро дуруст дарк мекунанд. Маблағҳои сарфашударо барои беҳтар шудани шароити зисту зиндагӣ, обод сохтани манзилҳои истиқоматӣ, харидани асбобу таҷҳизоти рӯзгор ва таълиму тарбияи фарзандон равона менамоянд. Дар ин моҳи муборак ба аёдати падару модарон, беморону оилаҳои камбизоат мераванду ба ятимону маъюбон ва шахсони эҳтиёҷманд ёрӣ мерасонанд. Амалҳои некро ба ҷо меоранд, то ки соҳиби савоби бештар гарданд. Албатта, аз амалҳои ношоиста канораҷӯӣ мекунанд. Ба ин васила дар қалби ҳар як фарди солимақл хислати ҷавонмардиву саховатмандӣ ташаккул меёбад. Тибқи фармудаҳои қуръонӣ «Беҳтарини бандагон дар назди Худо парҳезгортарини онҳоанд». Парҳезгорӣ ва лутфи эҳсон ба ҳар фарди мусулмон лозим мебошад. Тавре дар сарчашмаҳои муътамад омадааст, пайғамбари Худо бисёр саховатманду дилёб буданд, махсусан дар моҳи мубораки Рамазон эҳсонашон боз ҳам зиёдтар мешуд.
Бо ҳамдигар меҳрубон будан, ба фақирону мискинон ва ниёзмандон дасти ёрӣ дарозу сари ятимонро сила кардан, бо хешу ақрабо, ҳамсояҳо, ёру дӯстон муносибати хуб барқарор намудан, аз қалбҳо кинаву адоватро дур сохтан тақозои моҳи пурфайзу футӯҳи Рамазон аст. Ҳар кадоми мо бояд ба Ватану миллати худ содиқ, дар ҳифзи марзу буми он омода ва дар ободонии диёри азизи худ саҳмгузор бошем.
Набихони ЯРҚУЛЗОДА,
имомхатиби масҷиди ҷомеи Ҷамоати деҳоти шаҳраки шаҳри Исфара


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.05.2019    №: 94    Мутолиа карданд: 494
07.05.2021


13 МАЙ – РӮЗИ ИДИ САИДИ ФИТР

ИСТАРАВШАН. ЁРИПУЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ҶБВ

СУҒД. ЗАХМИҲОИ ДАРГИРИҲОИ МУСАЛЛАҲОНА ЁРИПУЛӢ ГИРИФТАНД

Ч О Р К Ӯ Ҳ. ОҚИБАТҲОИ МУНОҚИШАИ МАРЗӢ БАРТАРАФ МЕГАРДАНД

06.05.2021


ИСФАРА. КУМАКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ОИЛАҲОИ ШАХСОНИ ФАВТИДА

ЁРИПУЛИҲО БА СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

ДЕВОНИ ДУШАНБЕ - ТОШКАНД

ТАВОНОИИ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ “ҚАЙРОҚҚУМ” БА 176 МЕГАВАТТ МЕРАСАД

ИСТИҚЛОЛ. КӮДАКИСТОНИ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД

“ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА”

Изҳороти G7 оид ба тағйирёбии иқлим

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

05.05.2021


ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»

Байден бо Путин вомехӯрад?

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТЕКБОЛ. ФЕДЕРАТСИЯИ НАВ ДАР ФАЗОИ ВАРЗИШИИ КИШВАР

«МИЛЛАТЕ МЕЗИСТ ДАР РӮИ ЗАМИН»

ИСФАРА.ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ ДЕҲОТИ ВОРУХ, ЧОРКӮҲ ВА ХОҶАИ АЪЛО

ТОҶИКИСТОН ДАР МИЁНИ СММ ВА СҲШ МАСИРИ НАВИ ҲАМКОРӢ КУШОД

ТИБ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ СОҲА. НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДДТТ БОЛО МЕРАВАД

G7 15 МИЛЛИАРД ДОЛЛАРИ ИМА БАРОИ ТАЪЛИМИ ДУХТАРОН ҶУДО МЕНАМОЯД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

САНГВОР. ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР НИГИНИ КӮҲИСТОНИ ТОҶИК

03.05.2021


ҶАЛАСАИ ҲАЙАТҲОИ ҲУКУМАТӢ ОИД БА ДЕЛИМИТАТСИЯ ВА ДЕМАРКАТСИЯИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ

ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД...

ҲИФЗИ МЕҲНАТ. МУШКИЛЕ, КИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

САД РАНГИ ЧАКАН

ФУТБОЛ

30.04.2021


БАРРАСИИ ДОИРАИ ВАСЕИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ БОНКИ ҶАҲОНӢ

ПАРЛУМОН. ЧАҲОР ВАКИЛИ НАВ САВГАНД ЁД КАРД

ДДХ. ОҒОЗИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ”ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ”

28.04.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ КИШВАРҲОИ УЗВИ СААД БАРГУЗОР ГАРДИД

ИММУНИЗАТСИЯ. ВАКСИНАҲО МОРО БО ҲАМ НАЗДИК МЕКУНАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед