logo

иҷтимоиёт

 ҚАДУ ҚОМАТИ БАЛАНД - МУЖДА АЗ ҲАЁТИ НЕКИ ИНСОН

Аксарият мехоҳанд, ки қаду қомати баланду зебо дошта бошанд. Албатта, хоҳиши на ҳама кас бароварда мешавад. Бо вуҷуди ин баъзе аз омилҳо ба инкишофи ҷисмонии инсон асари худро мегузоранд. Мақсуд аз ин навишта равшанӣ андохтан ба мавзӯи хеле васеву баҳсталаб аст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекунанд, ки ориёиҳо мардуми қоматбаланд буданд. Ин гуфтаи Сарвари давлат беасос нест. Дар гузашта байни мардуми ориёӣ қомати баланд аз ҷумлаи ҳусн ва сифати неки ҳаёти инсон шумурда мешуд.
Дар баъзе аз сарчашмаҳо омилҳоеро, ки ба инкишофи ҷисмонии инсон таъсир мерасонанд, ба 4 гурӯҳ ва зергурӯҳҳо ҷудо менамоянд.
Нахуст, омилҳои физикӣ - кимиёвӣ мебошанд. Ба он таъсирҳои нури офтоб, майдони магнитӣ, радиатсияи кайҳонӣ, зиёд шудани гази карбон дар ҳаво дохил мешаванд.
Омилҳои ирсӣ омезиши ҷамъияти одамони гуногуннажод ва маданияти онҳо, омезиши дарунии як ҷамъият мебошанд. Гурӯҳи аз ҳама охир омилҳои умумии тарзи зист маҳсуб меёбанд. Яъне, маданияту тарзи зисти халқиятҳои гуногун ва муҳити зист таъсиргузоранд.  
Аз ин омилҳо барои мо ҳамчун инсонҳои одӣ омили «ғизо» дастрас ва иҷрошаванда аст. Дар солҳои охир оид ба тарзи тайёр намудани ғизо, истифодаи онҳо маълумотҳо дарҷ мешаванд, вале на ҳама қобилият ва ё хоҳиши иҷрои тавсияҳои додашударо доранд.
На ҳама кас тарзи дурусти истифодаи ғизоро медонад. Шояд ин аз сатҳи маърифатнокӣ, иқтисодӣ ва ё урфу одатҳои миллӣ вобастагӣ дошта бошад. Истифодаи ғизо аз рӯзи ба дунё омадан бояд дуруст риоя гардад. Кӯдаки то шашмоҳа бояд шири модар истеъмол намояд. Ба кӯдаки аз 6 - моҳа то 11 - моҳа бо навбат додани ғизои иловагӣ зарур аст. Ба кӯдаки аз 12 - моҳа то 2 - сола додани ғизоҳои мувофиқ ба синнашон бо омӯзондани тарзи истифодаашон ногузир мебошад.  Ба кӯдакони аз 2- сола то 6 - сола риояи реҷаи ғизо ва истироҳат лозим аст.
Хонандагони синфҳои ибтидоӣ ва болоӣ дар айёми инкишофи ҷисмонӣ қарор доранд. Аз ин лиҳоз, онҳо бояд дар мактаб ва ё хона то хӯроки нисфирӯзӣ ғизоҳои мувофиқро истеъмол намоянд. Мутаассифона, ба дастуру талаботи зикршуда таваҷҷуҳ зоҳир намекунанд. Мавриди зикр аст, ки хонандагони синфҳои болоӣ низ дар айёми рушду инкишоф қарор дошта, ба ғизоҳои махсус эҳтиёҷ доранд. Таркиби онҳо бояд йод, оҳан, калсий, витаминҳои А, Е, Д, В ва ғайра дошта бошанд.
     
Султонмурод ИСЛОМОВ,
духтури тибби оилавии МСД
Равоти шаҳри Панҷакент


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.05.2019    №: 95    Мутолиа карданд: 398
07.05.2021


13 МАЙ – РӮЗИ ИДИ САИДИ ФИТР

ИСТАРАВШАН. ЁРИПУЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ҶБВ

СУҒД. ЗАХМИҲОИ ДАРГИРИҲОИ МУСАЛЛАҲОНА ЁРИПУЛӢ ГИРИФТАНД

Ч О Р К Ӯ Ҳ. ОҚИБАТҲОИ МУНОҚИШАИ МАРЗӢ БАРТАРАФ МЕГАРДАНД

06.05.2021


ИСФАРА. КУМАКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ОИЛАҲОИ ШАХСОНИ ФАВТИДА

ЁРИПУЛИҲО БА СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

ДЕВОНИ ДУШАНБЕ - ТОШКАНД

ТАВОНОИИ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ “ҚАЙРОҚҚУМ” БА 176 МЕГАВАТТ МЕРАСАД

ИСТИҚЛОЛ. КӮДАКИСТОНИ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД

“ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА”

Изҳороти G7 оид ба тағйирёбии иқлим

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

05.05.2021


ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»

Байден бо Путин вомехӯрад?

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТЕКБОЛ. ФЕДЕРАТСИЯИ НАВ ДАР ФАЗОИ ВАРЗИШИИ КИШВАР

«МИЛЛАТЕ МЕЗИСТ ДАР РӮИ ЗАМИН»

ИСФАРА.ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ ДЕҲОТИ ВОРУХ, ЧОРКӮҲ ВА ХОҶАИ АЪЛО

ТОҶИКИСТОН ДАР МИЁНИ СММ ВА СҲШ МАСИРИ НАВИ ҲАМКОРӢ КУШОД

ТИБ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ СОҲА. НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДДТТ БОЛО МЕРАВАД

G7 15 МИЛЛИАРД ДОЛЛАРИ ИМА БАРОИ ТАЪЛИМИ ДУХТАРОН ҶУДО МЕНАМОЯД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

САНГВОР. ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР НИГИНИ КӮҲИСТОНИ ТОҶИК

03.05.2021


ҶАЛАСАИ ҲАЙАТҲОИ ҲУКУМАТӢ ОИД БА ДЕЛИМИТАТСИЯ ВА ДЕМАРКАТСИЯИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ

ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД...

ҲИФЗИ МЕҲНАТ. МУШКИЛЕ, КИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

САД РАНГИ ЧАКАН

ФУТБОЛ

30.04.2021


БАРРАСИИ ДОИРАИ ВАСЕИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ БОНКИ ҶАҲОНӢ

ПАРЛУМОН. ЧАҲОР ВАКИЛИ НАВ САВГАНД ЁД КАРД

ДДХ. ОҒОЗИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ”ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ”

28.04.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ КИШВАРҲОИ УЗВИ СААД БАРГУЗОР ГАРДИД

ИММУНИЗАТСИЯ. ВАКСИНАҲО МОРО БО ҲАМ НАЗДИК МЕКУНАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед