logo

сиёсат

 ИШТИРОКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ҶАЛАСАИ ШӮРОИ РОҲБАРОНИ МАҚОМОТИ АМНИЯТӢ ВА ХАДАМОТИ МАХСУСИ ДАВЛАТҲОИ УЗВИ ИДМ


21 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар расми ифтитоҳи ҷаласаи 46 - уми Шӯрои роҳбарони мақомоти амниятӣ ва хадамоти махсуси давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок ва суханронӣ намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғоз ба роҳбарияти кишварҳои ИДМ барои ҳамкорӣ ва саҳми муносиб дар таҳкими амнияту суботи давлатҳои ҳамдигар изҳори сипосу миннатдорӣ карданд.
Тавре таъкид шуд, ҷаласаи навбатии роҳбарони мақомоти амниятӣ ва хадамоти махсуси давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шароити ниҳоят мураккаби авзои сиёсию амниятии минтақавию байналмилалӣ баргузор мегардад ва рушду тавсеаи бештари ҳамкориҳои давлатҳои аъзои иттиҳодро дар самти таъмини амнияту суботи минтақа тақозо менамояд.
Бо ёдоварӣ аз вазъи мураккаби сиёсию амниятии Афғонистон ва кишварҳои Шарқи Наздик Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки, мутаассифона, имрӯз терроризми байналмилалӣ ба як ҷузъи бозиҳои геополитикӣ табдил ёфта, торафт доираи бештари қаламрави давлатҳои гуногунро фаро мегирад. Дар ҳамин замина, дар сарҳади ҷанубии ИДМ мунтазам иқтидори ташкилоту созмонҳои террористию экстремистӣ таҳким ёфта, хатари онҳо ба амнияту суботи минтақа бештар мегардад ва боиси таассуф ҳам ҳаст, ки дар баробари ин, дар муносибат бо ин гуна ташкилоту созмонҳои террористию экстремистӣ аз ҷониби кишварҳои алоҳида сиёсати «меъёрҳои дугона» истифода гардида, онҳо аз лиҳози сиёсӣ, ахлоқию идеологӣ ва, муҳимтар аз ҳама, ба таври моддиву молиявӣ дастгирӣ карда мешаванд.
Тавре Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, фаъол гардидани гурӯҳҳои террористӣ дар солҳои охир ба амнияту суботи давлатҳои алоҳидаи минтақа ва дар маҷмӯъ, ба амнияти ҷаҳонӣ таъсири номатлуб расонда, ҷомеаи башариро ба хатарҳои маргбор рӯ ба рӯ мегардонад.
Ба таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хатари терроризму экстремизми байналмилалӣ дар сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон, ки марзи ҷанубии ИДМ ба ҳисоб меравад ва масофаи тӯлониро дар бар мегирад, афзоишёбанда буда, барои пешгирӣ аз ҳама гуна зуҳуроти номатлуби аср дар ин минтақаи сарҳадӣ ҳамбастагию ҳамкории пайваста ва ёриву дастгирии ҳамдигарии давлатҳои ИДМ нақши калон дошта метавонанд. Яъне, Тоҷикистон дар хати пеши мубориза бо терроризму ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ қарор дорад ва пайваста барои пешгирии ин хатарҳои маргбор ба амнияту суботи худ ва давлатҳои минтақа тадбирҳои амалӣ меандешад.
Сарвари давлат доир ба муҳимияти тадбирҳои Тоҷикистон дар мубориза бо терроризму экстремизми байналмилалӣ, ҷиноятҳои муташаккил ва қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддир сухан гуфта, таъкид доштанд, ки ин тадбирҳо дар оянда низ тақвият бахшида шуда, ба терроризму экстремизми байналмилалӣ ва дигар зуҳуроти номатлуби аср дар мамлакат муборизаи беамон бурда мешавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз афзоиши амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои террористию экстремистӣ бо истифода аз шабакаҳои интернетию ҷиноятҳои киберӣ ва афзоиши хатари гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ки яке аз манбаъҳои асосии маблағгузории терроризм ба ҳисоб меравад, бори дигар изҳори нигаронӣ намуда, аз иштирокчиёни ҷаласа барои тавсеаи ҳамкорӣ ва тақвияти муборизаи беамон дар ин самт даъват ба амал оварданд.
Дар охир, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори бовар намуданд, ки роҳбарони мақомоти амниятӣ ва хадамоти махсуси кишварҳои аъзои ИДМ минбаъд низ барои таҳкими иқтидору имкониятҳои зидди террористию экстремистӣ ҳамбастагию дастгирии ҳамдигариро тақвият бахшида, бо истифода аз имконоту иқтидори давлатҳои худ дар таъмини амнияту суботи минтақа ва давлатҳои қаламрави иттиҳод саҳми муносиб мегузоранд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.05.2019    №: 97    Мутолиа карданд: 396
21.06.2021


«TOUR DE TAJIKISTAN». Мусобиқае, ки дастовардҳои кишварро муаррифӣ мекунад

МИНТАҚАИ РАШТ. 51 МИЛЛИОН ҚАРЗИ ИСТИФОДАИ БАРҚ

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ДАСТГИРИИ КИШОВАРЗОН БАРОИ СОДИРОТИ АНГУР

ТОҶИКОБОД. САМАРИ ЯК ҲАМКОРӢ

КАЙФАР

70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМӮЗИШИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛАТ

НУРОБОД. ВАҚТЕ КИ ЗАМИН МАҚСАДНОК ИСТИФОДА МЕШАВАД...

11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед