logo

иҷтимоиёт

ЛАХШ. САФИ ФАЪОЛЗАНОН РӮ БА АФЗОИШ ДОРАД

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш ҷиҳати ҷалби занону духтарон ба хизмат дар сохторҳои давлатӣ диққати махсус медиҳад. Аз ҷумла, тарбияи кадрҳои соҳибихтисос аз ҳисоби духтарон, ҷалби онҳо ба корҳои идоракунӣ, бештар намудани теъдоди занону духтарон дар соҳаҳои маориф, фарҳанг ва тандурустӣ  дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор доранд.

Тавре мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш Фарида Абдуҷалилова  зимни суҳбат бо мо иброз дошт: «Айни ҳол дар ноҳия 64 бону дар вазифаҳои роҳбарикунанда кору фаъолият менамояд. Фаъолияти занони ноҳия дар соҳаҳои тандурустӣ ва маориф назаррас аст. Аз ҷумла, дар соҳаи маориф 364 нафар ба омӯзгорӣ машғуланд. Аз ин теъдод 137 нафар соҳиби таҳсилоти олӣ мебошад. 
Дар соҳаи тандурустӣ 320 нафар ва фарҳанг 28 нафар фаъолият доранд. Сафи онҳо аз ҳисоби мутахассисони ҷавон рӯз аз рӯз афзуда истодааст.
Ҳамасола даҳҳо нафар духтарони ноҳия тибқи Квотаи президентӣ соҳиби маълумоти олӣ гардида истодаанд. Айни ҳол шумораи умумии донишҷӯдухтарони ноҳия 283 нафар аст, ки 71 нафари онҳо тибқи квота дар макотиби олии кишвар ва берун аз он таҳсил доранд.
Имрӯз мо метавонем шумораи зиёди бонувонеро номбар намоем, ки дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳияи Лахш кору фаъолият намуда, дар пешравӣ ва рушду нумуи он саҳми арзандаи худро гузоштаанд. Аз ҷумла, Сайлӣ Раҳмонова, Зуурақан Давлаталиева, Хосият Холбоева, Савлат Зулпуқаарова, Тоту Шодиева, Турғун Пирбиева, Мамлакат Ҳайдарова, Нина Нурматова, Бурма Абдуллоева, Гулбубу Сағиналиева, Тиллохон Динорова, Баргигул Наботова, Сабоҳат Холова, Баргигул Аббосова, Сайрам Насриддинова, Гулпочо Ҷӯрабекова, Татяна Боронова дар зинаҳои гуногуни мансабҳои хизмати давлатӣ ва мақомоти идоракунӣ кору фаъолият намуда, баҳри пешравию рушди ноҳия хизмати софдилона намудаанд.
Дилшод АМИРОВ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.05.2019    №: 102    Мутолиа карданд: 474
07.05.2021


13 МАЙ – РӮЗИ ИДИ САИДИ ФИТР

ИСТАРАВШАН. ЁРИПУЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ҶБВ

СУҒД. ЗАХМИҲОИ ДАРГИРИҲОИ МУСАЛЛАҲОНА ЁРИПУЛӢ ГИРИФТАНД

Ч О Р К Ӯ Ҳ. ОҚИБАТҲОИ МУНОҚИШАИ МАРЗӢ БАРТАРАФ МЕГАРДАНД

06.05.2021


ИСФАРА. КУМАКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ОИЛАҲОИ ШАХСОНИ ФАВТИДА

ЁРИПУЛИҲО БА СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

ДЕВОНИ ДУШАНБЕ - ТОШКАНД

ТАВОНОИИ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ “ҚАЙРОҚҚУМ” БА 176 МЕГАВАТТ МЕРАСАД

ИСТИҚЛОЛ. КӮДАКИСТОНИ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД

“ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА”

Изҳороти G7 оид ба тағйирёбии иқлим

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

05.05.2021


ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»

Байден бо Путин вомехӯрад?

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТЕКБОЛ. ФЕДЕРАТСИЯИ НАВ ДАР ФАЗОИ ВАРЗИШИИ КИШВАР

«МИЛЛАТЕ МЕЗИСТ ДАР РӮИ ЗАМИН»

ИСФАРА.ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ ДЕҲОТИ ВОРУХ, ЧОРКӮҲ ВА ХОҶАИ АЪЛО

ТОҶИКИСТОН ДАР МИЁНИ СММ ВА СҲШ МАСИРИ НАВИ ҲАМКОРӢ КУШОД

ТИБ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ СОҲА. НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДДТТ БОЛО МЕРАВАД

G7 15 МИЛЛИАРД ДОЛЛАРИ ИМА БАРОИ ТАЪЛИМИ ДУХТАРОН ҶУДО МЕНАМОЯД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

САНГВОР. ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР НИГИНИ КӮҲИСТОНИ ТОҶИК

03.05.2021


ҶАЛАСАИ ҲАЙАТҲОИ ҲУКУМАТӢ ОИД БА ДЕЛИМИТАТСИЯ ВА ДЕМАРКАТСИЯИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ

ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД...

ҲИФЗИ МЕҲНАТ. МУШКИЛЕ, КИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

САД РАНГИ ЧАКАН

ФУТБОЛ

30.04.2021


БАРРАСИИ ДОИРАИ ВАСЕИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ БОНКИ ҶАҲОНӢ

ПАРЛУМОН. ЧАҲОР ВАКИЛИ НАВ САВГАНД ЁД КАРД

ДДХ. ОҒОЗИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ”ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ”

28.04.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ КИШВАРҲОИ УЗВИ СААД БАРГУЗОР ГАРДИД

ИММУНИЗАТСИЯ. ВАКСИНАҲО МОРО БО ҲАМ НАЗДИК МЕКУНАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед