logo

сиёсат

СОКИНОНИ ПУШИНГ: "АЗ ТАШРИФИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМ САРАМОН БА ОСМОН РАСИД"

Дар ҷараёни сафари кории дурӯза ба ноҳияи Данғара Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба деҳаи зебоманзари Пушинг ташриф оварданд. Ба деҳае, ки таърихаш аз замони салтанати Кӯшониён ибтидо гирифта, тӯли қарнҳо, аз ҷумла бо оҳангудозии рушдкардааш аз марказҳои ҳунармандии Ховари Миёна ба ҳисоб мерафт. Мардуми Пушинг зимни пазироии самимона аз бунёдкориҳое, ки солҳои охир дар зодгоҳашон ба амал омаданд ва симояшро куллан дигаргун сохтанд, ба меҳмони олиқадр башорат доданд.

ДЕҲАИ МУҚАРРАРИЕ, КИ…
Агар солҳои пеш ба ин ҷо гузоратон меафтод, деҳаи муқаррариеро медидед. Чун аксар рустоҳое, ки дорем,  роҳи хуб надошт, кӯчаи росту ҳамвор низ. Ба тамоми мардум ҳамагӣ як ё ду мағоза хизмат мерасонд. Ниёзмандон барои ҳалли мушкилоте, ки доштанд, аксаран озими маркази ноҳия мешуданд. Роҳи 18 - километраи ҷониби Данғара низ валангору димоғи ронандаҳо доим гирифта буд.
 Мушкили аз ин ҳам сангинтари пушингиён норасоии об маҳсуб меёфт. Оби нӯшокиву полизиро мардум бо азоби алим аз деҳаҳои ҳамсояи Шаршар, Моҳвора ва Ғиҷовак  меоварданд. Қисми зиёди зироаткорон бошанд, рӯ ба раҳми Худо, раҳи борони раҳмат мепоиданд. Дар мактаби якошёнаи деҳа, ки қариб як аср пеш, аниқтараш соли 1923 сохта, расо баъди 80 сол дар давраи истиқлол навсозӣ шудааст, ба хонандагони шумораашон солҳои охир хеле афзуда ҷой намерасиду шароити таълим чун дар рустоҳои дигаре, ки дорем, дархӯри замон набуд. Ба ҳамин монанд, агар дар хонаводае «меҳмони нав» - ро интизор бошанд, мушкили то маркази ноҳия бурда, расондани зани ҳомила пеш меомад.  Наврасону ҷавонони деҳа бошанд, кайҳо боз орзуи варзишгоҳи замонавӣ мекарданд…

ВАҚТИ НАНГУ НОМУС ОМАД
Бале, маҳз нангу номус ва ҳам садоқати фарзандони содиқи ин рустои кӯҳистон сабаб гашту Пушинг рӯ ба шукуфоӣ овард. Нахустиқдоме, ки ҷавонмардони деҳа анҷом доданд, кашидани хати оби ошомиданӣ барои аҳли деҳа буд. Ташаббуси чанд тан аз ҷавонони пешсаф дар як муддати кӯтоҳ ба ҳашари умумӣ табдил ёфту деҳа шодоб гашт. Баъд аз ин эътимоди мардум ба корҳои дастаҷамъонаи ободонӣ якбора боло гирифту бо пайравӣ аз ҷавонони ташаббускор барои ҳалли дигар мушкилоти ҷойдошта камари ҳиммат бастанд. Вале, дар манзари дар шаҳру навоҳии кишвар сол ба сол вусъат гирифтани ободкориҳо, бунёди беш аз пеши корхонаҳо, хоҷагиҳо, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумию олӣ, тармиму навсозии роҳҳо, мавриди истифода шудани майдончаҳои варзишӣ, боғҳои фароғатӣ ва амсоли инҳо дигаргуниҳое, ки дар Пушинг мешуданд, ҳанӯз қонеъкунанда наменамуданд. Бахусус, вақте Пешвои муаззами миллат дар ҳар сафари корӣ  зимни ифтитоҳи иншооти гуногун аз саховати фарзандони ватандӯст сухан мекарданд, ҷавонони бо нангу номуси деҳа нақшаҳои тозаеро рӯи даст мегирифтанд. Дар ҳоле ки дар муқоиса ба он шаҳру ноҳияҳо иқтидори воқеие дар ихтиёр надоштанд. Вақти нангу номус аст, мегуфтанд онҳо ва ба худу ҳамдеҳагони худ бовар доштанд. Боваре, ки ҳамагӣ дар се сол онҳоро ба қуллаи мурод расонд. Бале, Пушинг аз баракати дастони фарзандони содиқаш на танҳо обод, балки маъруф ва намунаи ибрат шуд.

МАКТАБЕ, КИ ШАҲРЗЕБ АСТ
Ҳамин тавр, се сол пеш ҷавонмардону соҳибкорони баору номуси деҳа баъди амиқ омӯхтани масъалаҳои мубрам ба хулоса омаданд, ки онҳоро бидуни маблағҳои буҷетӣ бо имконияти молиявии якҷоя метавонанд ҳал кунанд. Дар дохили деҳа 24 километр роҳ сангфарш, аз он 16 километр мумфарш карда шуд. Дар навбат мумфаршсозии роҳи Шаршару  Моҳпора ва Дилнишин аст. Дар ин кори муҳим ширкати «Роҳи тоҷик» саҳми арзанда гирифта, аз маркази ноҳия то деҳаи Пушинг роҳи 18 - километраро тибқи стандартҳои байналмилалӣ пурра аз нав сохт. Вақте бо ин роҳи зебо, ки аз ду тарафаш беш аз 150 чароғсутунҳои зебою хушсохт қаторанду ниҳолҳои зиёди сафедор шинонда шудаанд, ба Пушинг ворид мегардед, гумон мекунед, ба ягон шаҳраки замонавӣ омадаед. Чун каме болотар рафта, мактаби ниҳоят боҳашамати хуштарҳро мебинед, яқин мекунед, ки дар шаҳр гаштугузор доред. Зеро чунин мактаби дар сатҳи олӣ сохташуда, бешак, зеби пойтахт ҳам шуда метавонад.      
Зимнан, иншооти мазкурро 23 май Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ намуданд. Дар баробари он дар даромадгоҳи деҳоти Пушинг роҳи нави мошингарди Данғара – Пушинг, баъдан Маҷмаи майдони Нишон ва Парчами давлатӣ, варзишгоҳи нав бо растаи ҳунармандон, бинои таваллудхонаи муосир, боғи фарҳангу фароғатиро мавриди истифода қарор доданд, ки аз ин хусус «Ҷумҳурият» гузориши муфассал нашр кард. 
 
ДАР СОХТМОНИ ИНШООТ КОРГАР НАМЕРАСИД
- Дар се - чор соли охир дар Пушинг сохтмон ба дараҷае авҷ гирифт, ки бинокор ёфтан душвор шуд. Ҳангоми сохтмони мактаб ва варзишгоҳ ҳама ҳунармандони деҳа ҷалб шуданд. Дар варзишгоҳ рӯзе то 200 нафар кор мекард. Аммо, қувваи корӣ боз ҳам намерасид ва мо маҷбур аз дигар маҳалҳо коргар меовардем, - нақл кард раиси маҳалла Ашраф Тағоев.
Ӯ як нуктаи ҷолибро зикр намуд. Сохтмони иншооти зиёд, ки чанди онро Сарвари давлат шахсан ифтитоҳ намуданд, ба ҳашари аҳлонаи сокинони деҳа табдил ёфт. Дар кори умумии ободонии зодгоҳ ҳама саҳм гирифтан мехостанд.
Ҳамин тавр, дар деҳа мушкил яке пайи дигар ҳал мешуд. Айни замон мардуми деҳа бо об таъмин аст. Се сол пеш аз канали калон 7,5 километр лӯла кашида, обанбори зарфияташ 500 мукааб метр сохта шуд. Соли гузашта аз канал ба деҳа боз як хати об оварда, 5 чоҳи амудӣ бо чуқурии 60 метр канданд. Ҳамчунин, қариб 150 хонавода аз чашмаи кӯҳӣ бо лӯла об овардааст.
Ҳоло ҳавзеро, ки пештар пур аз лою ҷои обхӯрии чорво гашта буд ва ҳар сол сел мезад, шинохта намешавад. Соли гузашта баъди тоза кардану аз нав сохтан ҳавзи калони моҳипарварӣ шуд. Ба он беш аз 40 ҳазор моҳичаи зағорамоҳӣ, пешонағафс ва амури сафед сар доданд, ки аллакай аз 100 ҳазор адад гузаштааст. Дар атрофи ҳавз, ки шаш гектар масоҳат дорад, беш аз се ҳазор ниҳоли дарахтони гуногун, аз ҷумла маҷнунбед, гулу буттаҳои зиёд шинонда, се суҳбаткада бо катҳои кандакорию курсиҳо гузошта шуданд. Дар як гӯшаи он барои дӯстдорони варзиш таҷҳизоти тамрин, барои бачаҳо асбоби бозиҳои гуногун насб кардаанд. Яъне, барои мардуми деҳ боз як ҷои назаррабои фароғат муҳайё гашт.
Дигар мардум на аз як ё ду мағозаи кӯчак, балки аз маркази савдою хизматрасонӣ истифода мебаранд, ки ғайр аз мағозаи хӯрокворӣ нонвойхона, сехҳои дӯзандагӣ, атласу адрасбофӣ, толори варзиш, ҳаммом, устохонаи таъмири телефонҳои мобилӣ ва телевизиорҳо, таъмири пойафзол, кошонаи ҳусн дорад. Ба ин 18 дукони савдоро зам кунед, ки дар растаи ҳунармандон дар варзишгоҳ сохта, ройгон ба аҳли ҳунар дода шудааст.     

ТААССУРОТ АЗ МУЛОҚОТ БО ПЕШВОИ МИЛЛАТ
Ба Пушинг омадани Сарвари давлат муҳимтарин воқеа дар ҳаёти мардуми он аст, ки аз чеҳраҳои хандону хотири болидаашон дарк мекунӣ. Хурду калонро дил лабрези фараҳу шодмонӣ ва ифтихор аст, ки Пешвои муаззам ба деҳаи дурдасташон қадами муборак ранҷа карданд.
- Ташрифи Ҷаноби Олӣ барои мо, мардуми деҳа, воқеаи таърихист, ки ҳеҷ гоҳ фаромӯш намешавад. Суханони некашон нисбат ба ҷавонмардони ҳимматбаланди деҳа беҳтарин подоши амали онҳост. Бовар дорам, ки баъди ин ташрифи таърихӣ азми ободкориҳои ҷавонони мо дучанд мегардад, - гуфт Абдулхайр Муродов.
- Чунин мактабу чунин шароитро танҳо орзу кардан мумкин буд, - бо шодмонӣ мегӯяд муовини директор оид ба таълими мактаби нав Фаридун Маҳсиев, - Пешвои муаззами миллат ба рушди маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунанд. Зеро ҳар ҷомеаро илму дониш ба қуллаҳои мурод мерасонад. Мо 50 омӯзгор дорем, барои ҳама фанҳо кофӣ. Маълумоти аксар олист. Бо он имконияти бесобиқае, ки бо дастгирию ғамхории Сарвари давлат муҳайё гашт, мо сатҳу сифати таълими шогирдонро бояд бамаротиб боло барем. Бовар дорам, ки баъди як - ду сол хонандагони мактаби мо низ аз иштирокчиёни муваффақи олимпиадаҳои вилоятию ҷумҳуриявӣ мегарданд.
- Ман шахси хушбахтам, ки дидори Ҷаноби Олӣ насибам гашт, - хурсандияшро пинҳон намедорад сардори бригадаи хоҷагии «Ҳоҷӣ Лайло» Эмомалӣ Шамсиддинов. - Пешвои миллат ҳамаи 8 гармхонаро дида, боғотамонро давр заданд. Дар гармхонаҳо мо лимӯ парвариш карда, дар қабаташ помидор, бодиринг, лаблабу, сабзӣ, сабзаҷот ва ғайра мекорем. Аввалин помидорҳои навъи «Садоқат» - ро Сарвари давлат канда, ба ҷамъоварии ҳосили имсолаи хоҷагӣ фотиҳаи нек доданд. Дар 2 гектар токи ангури кишмиш ва тоифӣ дорем. Боғ бошад, дар беш аз 25 гектар доман паҳн карда, аллакай ба ҳосил даромадааст. Маслиҳатҳои муфиде, ки Пешвои муаззам доданд, ба кори минбаъдаамон дар таъмини аҳолӣ бо меваю сабзавот равнақ мебахшад.
- Дар мулоқоти Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вақти оғози сухан чун дарк кардам, ки як омӯзгори қаторӣ дар рӯбарӯи шахсияти бузурге қарор дорам, изтироб пахшам кард. Аммо, чун падарона бо табассум «Духтарам, аз ин оҳанги гапзаният, агар санг ҳам мебуд, об мешуд», - гуфтанд, худро якбора сабук эҳсос намуда, аз бандубасти ботинӣ ворастам ва давоми сухан осонам шуд. Чандин сол боз орзуи дидорашонро доштам. Бахтам баланд будааст, ки дирӯз на танҳо дар наздашон сухан гуфтам, ҳатто дасти муборакашонро фарзандвор фишурдам. Ин лаҳзаи гуворо як умр дар хотирам нақш баст, - бо фараҳмандӣ иброз дошт муаллимаи забони русии мактаби деҳа Меҳрубони Насриддин.
Хуллас, пушингиён тавонистанд дар се - чор сол роҳи қариб сисолаи ободониро тай созанд. Ин барои иҷрои муваффақонаи супоришҳои Сарвари давлат дар доираи сесолаи рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва истиқболи сазовори 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ заминаи муътамад аст.
Зимнан, рӯзи дигари сафари корӣ Президенти кишвар дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони вилояти Хатлон дар ноҳияи Данғара масъулони шаҳру ноҳияҳоро ба омӯхтани таҷрибаи ибратбахши сокинони Пушинг ҷиҳати рушддиҳии деҳот ҳидоят намуданд.
Воқеан, тавре ҳамагон дидем, пушингиён ба чунин баҳои баланд арзандаанд.
Шоири навҷӯ Давлат Сафар ба ин маънӣ рубоие эҷод намудааст, ки, фикр мекунем, маводи моро анҷоми нек мебахшад:
Дар ҳавзи «Пушинг» кас агар рӯ шӯяд,
Аз моҳии тиллоӣ асар меҷӯяд.
Ку Миршакаре, ки, дар ҳақиқат, имрӯз
Афсонаи «Қишлоқи тилоӣ» гӯяд.
Хуршеди ҶОВИД,
Бахтовар КАРИМ,
Маҳмуд БАҲРОМ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.05.2019    №: 103    Мутолиа карданд: 458
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед