logo

иҷтимоиёт

НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ. ОҒОЗИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ МТМУ № 15

Бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмону таъмири як қатор иншооти муҳими иҷтимоӣ бо суръати баланд идома дорад.

- Сокинони деҳоти Унҷӣ дар назди худ мақсад гузоштанд, ки деҳаи хушманзараашонро дар зарфи се соли оянда бо заҳмати дастҷамъона ба як деҳаи ободону пешрафта табдил диҳанд. Бунёди иншооти ҷашнӣ мушкилоти аҳолиро осон гардонда, дар ин замина даҳҳо ҷойи нави корӣ таъсис меёбанд, - гуфт дар суҳбат Фирдавс Абдуллозода, муовини раиси ноҳия.
Чунонки зикр гардид, дар доираи корҳои созандагӣ бо иштироки раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ҷамоат ба сохтмони бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 15, ки барои 1280 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст, санги асос гузошта шуд.
Фирдавс Абдуллозода, гуфт, ки айни ҳол дар муассиса се ҳазор хонанда дар се баст таҳсил дорад. Бо сабаби зиёд шудани шумораи толибилмон зарурати сохтмони бинои иловагӣ пеш омадааст. Бинои нави сеошёна соли 2020 дар арафаи Ҷашни Наврӯзи оламафрӯз мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.
Барои корҳои сохтмонӣ аз ҳисоби буҷети вилоят 12 миллион сомонӣ ҷудо гаштааст. Инчунин, ба наздикӣ дар ҷамоат сохтмони кӯдакистон оғоз меёбад.
Кароматулло АТО, 
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.06.2019    №: 105    Мутолиа карданд: 666
07.05.2021


13 МАЙ – РӮЗИ ИДИ САИДИ ФИТР

ИСТАРАВШАН. ЁРИПУЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ҶБВ

СУҒД. ЗАХМИҲОИ ДАРГИРИҲОИ МУСАЛЛАҲОНА ЁРИПУЛӢ ГИРИФТАНД

Ч О Р К Ӯ Ҳ. ОҚИБАТҲОИ МУНОҚИШАИ МАРЗӢ БАРТАРАФ МЕГАРДАНД

06.05.2021


ИСФАРА. КУМАКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ОИЛАҲОИ ШАХСОНИ ФАВТИДА

ЁРИПУЛИҲО БА СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

ДЕВОНИ ДУШАНБЕ - ТОШКАНД

ТАВОНОИИ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ “ҚАЙРОҚҚУМ” БА 176 МЕГАВАТТ МЕРАСАД

ИСТИҚЛОЛ. КӮДАКИСТОНИ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД

“ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА”

Изҳороти G7 оид ба тағйирёбии иқлим

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

05.05.2021


ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»

Байден бо Путин вомехӯрад?

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТЕКБОЛ. ФЕДЕРАТСИЯИ НАВ ДАР ФАЗОИ ВАРЗИШИИ КИШВАР

«МИЛЛАТЕ МЕЗИСТ ДАР РӮИ ЗАМИН»

ИСФАРА.ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ ДЕҲОТИ ВОРУХ, ЧОРКӮҲ ВА ХОҶАИ АЪЛО

ТОҶИКИСТОН ДАР МИЁНИ СММ ВА СҲШ МАСИРИ НАВИ ҲАМКОРӢ КУШОД

ТИБ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ СОҲА. НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДДТТ БОЛО МЕРАВАД

G7 15 МИЛЛИАРД ДОЛЛАРИ ИМА БАРОИ ТАЪЛИМИ ДУХТАРОН ҶУДО МЕНАМОЯД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

САНГВОР. ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР НИГИНИ КӮҲИСТОНИ ТОҶИК

03.05.2021


ҶАЛАСАИ ҲАЙАТҲОИ ҲУКУМАТӢ ОИД БА ДЕЛИМИТАТСИЯ ВА ДЕМАРКАТСИЯИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ

ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД...

ҲИФЗИ МЕҲНАТ. МУШКИЛЕ, КИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

САД РАНГИ ЧАКАН

ФУТБОЛ

30.04.2021


БАРРАСИИ ДОИРАИ ВАСЕИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ БОНКИ ҶАҲОНӢ

ПАРЛУМОН. ЧАҲОР ВАКИЛИ НАВ САВГАНД ЁД КАРД

ДДХ. ОҒОЗИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ”ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ”

28.04.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ КИШВАРҲОИ УЗВИ СААД БАРГУЗОР ГАРДИД

ИММУНИЗАТСИЯ. ВАКСИНАҲО МОРО БО ҲАМ НАЗДИК МЕКУНАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед